БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД
«МАКТАБИ 70-СОЛА КАЙ НАВ МЕШАВАД»
Вазорати маориф ва илм мақолаи Ёқуби Содиқ «Мактаби 70-сола кай нав мешавад»-ро, ки 26-уми апрели соли равон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» № 78 (24941) чоп шудааст, мавриди баррасиву таҳлил қарор дод.
Бояд гуфт, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ҳанӯз соли 1956 бунёд ёфта, соли 1989 бар асари зилзила хисорот мебинад. Аз ин рӯ, аз соли 2010 инҷониб он дар рӯйхати муассисаҳои садамавӣ қарор дорад.
Боиси тазаккур аст, ки бунёди муассисаҳои таълимӣ ба зиммаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мебошад. Соли 2019 сохтмони таҳкурсии бинои нав бо тариқи ҳашар оғоз гардид, аммо бо сабаби норасоии маблағ нотамом монд. Акнун, тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор оғози бунёди Муассисаи мазкур то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назар аст.
Лутфия АБДУЛХОЛИҚЗОДА,
муовини вазири маориф ва илм
Санаи нашр: 12.07.2024 №: 132
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)