ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОМАИ ПАДАР

ҶОМАИ ПАДАР

12 июл 2024, Ҷумъа
9
0
(ба ёди қиблагоҳам)
Деҳа валангор буд. Аксар хонаҳои мардум сӯхтаву талаву тороҷ шуда. Мӯйсафед ба ҳавлӣ ворид гашт. Рӯйи ҳавлӣ хеле рост истоду ба атроф назора кард. Манзили мӯйсафедро ҳам сӯзонда буданд. Панҷ-шаш дар хона сӯхтаву танҳо деворҳои сиёҳи дудгирифта боқӣ монда буданд. Дигар ҳеҷ чиз намонда. На молу на амвол.
Мӯйсафед таҳорат карду барои адои намози бомдод сӯйи масҷид равон шуд. Ҳоло шаб чодари хеш аз рӯйи деҳа нағундошта буд. Ҳаво софу сард, аёс, осмон ситоразор. Тирамоҳи водии Вахш ҳамин хел. Баъзе солҳо камбориш меояд. Хости деҳқони пахтакор. Махсусан, агар миёнаҳои фасли тирамоҳ шаб ҳаво сард бошаду соф, рӯзона гарм мешавад, хеле гарм. Ва аз сардии шабонаву гармии рӯзона кӯракҳои расида зудтар мешукуфанд, саҳроро пахтаи сап-сафед мепӯшонад. 
Тирамоҳи соли наваду дуюм ҳамин тавр гарм омад.  Вале ҳаво гарм буду дили мардум сард. Авзои ҷумҳурӣ – аз  марказ то маҳал – ноором. Бӯйи ҷанг меомад, балки ҷанг сар дароварда буд. Дар ҳар гӯшае овози тиру туфанг пахш мекард овози хандаву сурудро. 
Деҳаи онҳо ҳам дар дами ҷанг қарор дошт. Алҳол хомӯш аст деҳа, ба ҷуз панҷ-шаш мӯйсафед, дигар касе намондааст. Ҳама –  хурду бузург, занону мардон, кӯдакон, пасопеш чанд рӯз қабл бо маслиҳати мӯйсафедон деҳаро тарк карданд. Овозаҳо рост баромаданд. Ҷонибҳои мухолиф дар ноҳияи ҳамсоя муқобилият нишон медоданд. Яқин, имрӯз не, фардо оташи ҷанг ба деҳаи онҳо ҳам фурӯ мерезад.
 Бинобар ин, мӯйсафедон маслиҳат доданд, ки хурду бузург тарки деҳа кунанд. Шояд худи мӯйсафедон ҳам аз деҳа мераванд. Номаълум ба куҷо, вале яқин онҳо ҳам бояд деҳаву манзили хешро тарк кунанд. Охир, ҷанг хотири мӯйсафедонро мебинад, магар? Ба ягон ҷойи амн раванд, беҳтар. Оромӣ шуд, бармегарданд. 
Мӯйсафед андешид, ки аз масҷид баргардад, гову гӯсфандонро ба саҳро сар медиҳад. Дигар илоҷ нест. Алаф ҳам меёбанду оби заҳбур ҳам ҳаст. Ба ҳар ҳол, то зимистон барвақт. Яке мешавад, ки баргашта ба деҳа меоянду чорворо аз саҳро боз ба хона бармегардонанд.
Бо ҳамин андешаҳои ғамолуд, мӯйсафед ба ҳавлии масҷид даромад. Чанд нафари дигар ҳам расида омаданду намози бомдодро хонданд. Баъди намоз маслиҳат шуд, ки вазъият бисёр нохуб асту мебояд онҳо ҳам деҳаро як муддате тарк кунанд, зеро танҳо Худо медонад, ки фардо чӣ мешавад. 
Мӯйсафед ба хона омад. Аз рӯзе, ки ҳамсару набераҳои хурдсолу фарзандону келинҳо аз деҳа рафтаанд, ду говро саҳару бегоҳ худаш медӯшад. Ҳоло ҳам сатилро гирифту рафт сӯйи оғилхона. Говҳоро дӯшид. Ҳаққи шири гӯсолаҳоро ҷудо карду дод. Ҳиссаи шири худро дар дегдончаи рӯйи хавлӣ пухт.  Ноништа карду боз зуд сӯйи оғил рафт. 
Аввал гову гӯсолаҳо ва гӯсфандонро алаф дод. Дар наздашон об гузошт. Интизор шуд, ки алаф хӯранду об ошоманд. Ҷонварон алафро ҳарисона хӯрданду ба об нигоҳе ҳам накарданд. Дуруст, охир, дар ин калаи саҳар кӣ оби хунук мехӯрад? Баъд дари ҳели гӯсфандону оғилро кушод. Гӯсфандон ҳам ҳайрон буданду гову ду гӯсолаи навзоду ғуноҷин  ҳам. 
Авзои мӯйсафед ҳам аз дидани чорвои ҳайрону тарсон дигаргун шуд, чашмонаш номаълум об гирифтанд.
– Ҳай, бош, равед, – мӯйсафед ҷонваронро оҳиста аз ҳелу оғил берун кард. Аз дарича, ки ба сӯйи замини колхоз кушода мешуд, бароварда то миёни пахтазор ҳай кард.
Ҷонварон ҳамин тавр ҳайрону ҳаросон аввал «истодагарӣ» карданду баъд диданд, ки намешавад, бо сари хам, беовоз даруни пахтазор оҳиста нопадид шуданд.
«Ҳайвон ҳам пай бурдааст вазъиятро», – андешид мӯйсафед. Нигоҳи маҳзуну ҳаросони гову гӯсфандонро пеши назар овард. Дилаш пур шуд. Рӯзи аз деҳа баромада рафтани хурду бузург ҳамин тавр дилаш пур шуда буд. Охир, хона холиву деҳа холӣ монд. Хеле гириста буд. Кӣ медонад, зану фарзанду пайвандони онҳо то ба куҷо мераванд, дар куҷо паноҳ мегиранд, чӣ аҳвол дошта бошанд? Оё ҷанг то макони исти онҳо намеравад? Пас, боз ба куҷо сарсону саргардон мешуда бошанд? Хеле гириста буд. 
Имрӯз ҳам боз гирист, сахту беовоз гирист. Ҳам ёди фарзандон карду ҳам аз танҳоӣ гирист. Ҳамин ҳайвонҳо ҳам буданд, каме дилаш бардошта мешуд. Шуғле дошт. 
Мӯйсафед хона даромад. Аз мехи девор ҷомаро гирифту боз берун баромад. Ин ҷомаи падараш. Гоҳ-гоҳ ба бар мекунад. Обшуставу рангпарида ҳам бошад, барояш хеле азиз аст. Аз падар нишона. Тирамоҳу зимистон ҳар гоҳ ба бар мекунад. Гармаш мегирад, ҷомаи падар. Аз гармӣ ҳаловат мебарад. Болидаруҳаш месозад. Гӯё як неруе мегирад. Қуввати дилаш аст ҷомаи падар. 
Мӯйсафед андешид, ки имрӯз аз деҳа боз чанд нафари дигар меравад. Ҳамин ҷомаро бо худ гирад ё ҷомаи дигарро? Гӯё кадоме овозаш кард, ки нагирад ҷомаи падарро, дар хона гузорад. Худ нафаҳмида, ба болохонаи анҷомхона баромад. Дар он ҷо ду халта орду ду-се сатил хурмо нигоҳ дошта буд. Ҷомаро болои халтаҳои орд паҳн кард. Ҳамин тавр, бо мӯйсафедони ҳамсоя деҳаро тарк гуфт. Бо дили реш, хотири пареш. Танҳо ҷомаи навдӯхти ба қавле масҷидравиашро бо халтачаи нонпораҳо ба китф партофту деҳаро паси сар кард, мӯйсафед. 
Дар роҳ ба ҳар тараф пароканда шуданд ҳамроҳонаш. Ӯ пиёдаву савора ба хонаи фарзандони додараш, ки дар яке аз рустоҳои ноҳияи Ҷиликӯл (ҳоло ноҳияи Дӯстӣ) зиндагӣ мекарданд, омад.
… Зиёдтар аз як моҳ дар ҳамин ҷо монд. Ин як моҳ гӯё як сол буд. Ёдаш ба манзили хеш, ба ҳамсару набераҳои хурдсолу фарзандону келинҳояш. Рӯзу шаб бехобӣ мекашид. Ҳарчанд фарзандони додар доимо дар хизматаш буданду дилбардорияш мекарданд: «Ғам нахӯред, бобӣ, имрӯз не фардо, албатта, бармегардед. Вазъият хеле хуб шудааст». 
Воқеан ҳам, баъдтар шунид, ки роҳ то деҳаи онҳо бехавф аст. Баргаштан мумкин. Вале ҳанӯз ҳам кафолати амн набуд. Даргириҳо дар ҷанубтари кишвар – Панҷу Шаҳритус, идома доштанд. 
Ба неву нестони фарзандони додар эътибор надода, ба деҳа баргашт. 
Деҳа валангор буд. Аксар хонаҳои мардум сӯхтаву талаву тороҷ шуда. Мӯйсафед ба ҳавлӣ ворид гашт. Рӯйи ҳавлӣ хеле рост истоду ба атроф назора кард. Манзили мӯйсафедро ҳам сӯзонда буданд. Панҷ-шаш дар хона сӯхтаву танҳо деворҳои сиёҳи дудгирифта боқӣ монда буданд. Дигар ҳеҷ чиз намонда. На молу на амвол. Оғил ҳели гӯсфандон, ғарами алафу ғӯзапоя ҳам сӯхта буд. Ҳатто, картошкаву сабзии тирамоҳии замини наздиҳавлиро ҳам фурсат ёфта, канда бурдаанд.
Ногоҳ дид, ки анҷомхона бо болохона аз оташ осеб надидаанд. Забонаи оташ ду ҳуҷраи навсохтро бо хонаҳои солҳои қаблӣ сохташуда ба коми хеш фурӯ бурда, омада дар шафати болохонаи анҷомхона, ки бо ҳуҷраҳои нав пайваст буд, бо хости Худои бузург хомӯш шудааст. 
Мӯйсафедро дил равшан шуду зуд ба болохона баромад. Ҷомаи падар дар болои ду халта орд, ҳамон тавре ки мӯйсафед паҳн карда буд, ҳамон тавр паҳн мехобид. Дар паҳлу ду-се сатили хурмо. …
 
Гурез ҚОСИМЗОДА
Санаи нашр: 12.07.2024 №: 132
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив