ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ҶОИЗАДОРОН СОҲИБИ ХОНА ВА  МАБЛАҒҲОИ АРЗИШМАНД МЕШАВАНД

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ҶОИЗАДОРОН СОҲИБИ ХОНА ВА  МАБЛАҒҲОИ АРЗИШМАНД МЕШАВАНД

15 июл 2024, Душанбе
18
0
 
13-уми июл Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар XXXIII Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд, мулоқот кард. 
Рустами Эмомалӣ гуфт, ки варзишгарон дар чунин чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ на танҳо бо касбият ва қобилияти фавқулода, балки хушахлоқӣ ва рафтору кирдори намунавӣ низ муаррифгари Ватан ва фарҳанги миллии хеш мебошанд. Дастгирии ҷавонони ватандӯст, аз ҷумла варзишгарон, ҳамеша дар мадди назари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри инкишоф ва сайқали варзишии онҳо дар мамлакат тамоми шароит муҳайё шудааст.
Изҳори бовар шуд, ки дар оянда варзишгарони тоҷик маҳорати баланди касбӣ нишон дода, шумораи роҳхатҳоро ба чунин мусобиқаҳои бонуфуз бештар менамоянд.
Тавре таъкид гашт, ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 сазовори медал мегарданд, манзили истиқоматӣ тақдим мешавад. Аз ҷумла, барандагони медали тилло дар пойтахт соҳиби манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ якҳуҷрагӣ мегарданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимовро парчамбардори ҳайати олимпии Тоҷикистон таъин намуда, Парчами давлатиро ба ӯ супурд ва ба ҳамаи варзишгарон музаффарият таманно кард.
Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои олимпии Париж аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон баргузор мегардад. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10 500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст. Онҳо барои 329 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.
Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ аз Тоҷикистон 14 варзишгар (ҷудо, бокс, таэквон-до, гӯштии тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук) ширкат меварзад.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.07.2024 №: 133
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив