ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙЁҲӢ. СОХТОРИ ИДОРАКУНИИ СОҲА ТАҶДИД ШУД

САЙЁҲӢ. СОХТОРИ ИДОРАКУНИИ СОҲА ТАҶДИД ШУД

15 июл 2024, Душанбе
20
0
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори идоракунӣ ва функсионалии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдид шуда, шумораи хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии Кумита аз 32 ба 40 нафар расид. Яъне, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 14-уми июни соли 2024 таҳти №356 ба тасвиб расид, дар сохтори Кумита 8 воҳиди корӣ зиёд гардид. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳӣ дар сомонаи худ хабар додааст.
 
Тавре ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ҳафтаи қаблӣ ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои давраи минбаъда бо иштироки муовини сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод, муовинон, роҳбарияти КВД “Маркази иттилоотӣ ва хизматрасониҳои сайёҳӣ”, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону намояндагони воҳидҳои сохтории Кумита дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва аъзои Шурои коршиносони сайёҳӣ баргузор гашт.
Гуфта мешавад, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри татбиқи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат, талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи сайёҳӣ роҳандозӣ намуда, дар нимсолаи аввал ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Кумита нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ оид ба иҷрои бандҳои дахлдор таҳия карда шуд.
Сипас, сардори шуъбаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ва мудири бахши рушди сайёҳӣ дар шаҳри Панҷакент аз рафти корҳои анҷомёфта, вазъ ва ҳолати рушди соҳаи сайёҳӣ дар маҳал ва иҷрои нақшаҳои Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ва Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуданд.
Фирдавс Муқаддасзода аз тамоми сардорони воҳидҳои сохтории марказии Кумита ва роҳбарони шуъбаву бахшҳои рушди сайёҳӣ дар маҳал даъват ба амал овард, ки дар рафти вохӯрӣ ва чорабиниҳо оид ба бандҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода,  баҳри муаррифии имконияту зарфиятҳои кишвар чораҳои амалӣ андешанд. 
Раиси Кумита Камолиддин Муминзод тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва маҳаллии Кумитаро ҷиҳати татбиқи самараноки чорабиниҳои вобаста ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026, иштирок ва ташкили гӯшаҳои сайёҳӣ дар ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ, рушди сайёҳии дохилӣ, аҳамияти ҷиддӣ ба шарту шароити қабулу хизматрасонӣ дар субъектҳои хизматрсонии соҳаи сайёҳӣ ва такмили омор муваззаф намуд.
 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 15.07.2024 №: 133
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив