ДУШАНБЕ. ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ КОРХОНАҲО ДАР ПОЙТАХТ
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ “НОНПАЗ”
16-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар заминаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо риояи санъати хоси меъмории миллӣ бунёд ёфта, корҳои навсозӣ ва мутобиқгардонӣ ба замони муосир соли 2021 оғоз гардид. Таъкид бояд кард, ки ҶДММ “Нонпаз” аз солҳои 30-юми қарни гузашта фаъолият дошт ва бо пешрафти замону рушди ҷомеа тамоми дастгоҳу таҷҳизоти он корношоям гашта буд. Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои созандаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар иншоот навсозӣ гардида, дар он тамоми инфрасохтор барои истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ муҳайё шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз шароити фароҳамгардида ва раванди истеҳсолот, ба ташаббускорон ҷиҳати ҳамоҳангӣ дар амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ карда, иқдоми мазкурро намунаи олии дастгирӣ ёфтани сиёсати давлату Ҳукумат дар самти бунёдкориву созандагӣ арзёбӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар корхонаи “Нонпаз” беш аз 80 намуди маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла нон, батон, баггет, кулчаҳои қандӣ, торт, круассан, шириниҳои варақӣ, истеҳсол мешаванд. Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 40 тонна маҳсулоти нонӣ ва 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ мебошад. Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти насбшуда истеҳсоли насли нав буда, аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид гардидааст, ки аз ҷиҳати самаранокии неруи барқ каммасраф ва бисёрфунксионалӣ мебошанд.
Тавре иттилоъ доданд, бо пурра ба истифода додани корхонаи нонию қаннодии “Нонпаз” теъдоди кормандон аз 200 то ба 400 нафар расонда мешавад, ки дар ин замина, иқтидори истеҳсолӣ низ бамаротиб зиёд мегардад. Барои ба фурӯш баровардани маҳсулоти ниҳоӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ташкили 24 нуқтаи фурӯш дар назар аст ва барои анҷоми хизматрасонӣ мошинҳои хизматӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Мавриди зикр аст, ки намои зоҳирии бино бо усулҳои нави меъморӣ бунёд ёфта, гирду атрофаш чароғон мебошад. Саҳни корхона сабзкорӣ шуда, роҳравҳои берунии он ва таваққуфгоҳ асфалтпӯш аст. Корхона дар масоҳати 4 ҳазору 800 метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби соҳибкори ҷавон Усмон Мирзоалиев мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншоот аз сехҳои алоҳидаи истеҳсолӣ иборат буда, ҳуҷраҳои роҳбарият, муҳосибот, фурӯш, маҷлисгоҳ ва ошхона барои 100 нафар дар бинои маъмурии дуошёна ҷойгиранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат бо кормандон ва масъулон, ба онҳо ҷиҳати беҳтар кардани сатҳу сифати истеҳсолот ва рақобатпазир намудани он дастуру маслиҳатҳои муфид дода, ба фаъолият пардохтани корхонаро қадами муҳим барои рушди соҳаи саноат дар пойтахт арзёбӣ карданд.
Дар навбати худ, кормандон ва масъулони коргоҳи “Нонпаз” ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ва фароҳамсозии шароити созгори кору фаъолият изҳори миннатдорӣ намуда, уҳдадор шуданд, ки минбаъд низ дар амалишавии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар самти рушди соҳаи саноат саҳми муносиб мегузоранд.
БОЗДИДИ САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ ҶДММ “ҒАЮР ГУРӮҲ”
16-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат, дар ҳудуди Парки технологияҳои инноватсионии “Ғаюр Гурӯҳ” марҳалаи дуюми корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло бунёд ёфт, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки марҳалаи дуюми корхонаи истеҳсоли махсулоти полипропиленӣ бо технологияи муосири соҳавии ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ фаъолият менамояд. Таҷҳизоти корхона аз ширкати “Старлингер”-и Австрия харид гардида, феълан, дар Осиёи Марказӣ ягона ба ҳисоб меравад. Ёдовар мешавем, ки марҳалаи аввали корхонаи мазкур соли 2020 аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ гардида буд.
Марҳалаи дуюми корхона аз хатҳои иловагии истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ, духти матоъ, ламинатсия, суратофарӣ, буриши матоъ ва насби клапанҳои автоматӣ иборат буда, имкон медиҳад, ки 140 нафар ба кори доимӣ таъмин гарданд. Мувофиқи нақша, дар ояндаи наздик шумораи коргарон ба 600 нафар хоҳад расид. Иқтидори истеҳсолии корхона аз 70 миллион дона халтаи полипропиленӣ то ба 120 миллион дона расонда шуда, талаботи бозори дохилӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, кимиё ва ғайра пурра бо халтаҳои дорои клапани автоматӣ бо технологияи инноватсионии AD STAR қонеъ мегардад ва вобастагӣ аз маҳсулоти борпечонии хориҷӣ бартараф мешавад. Ҳамчунин, қисми боқимондаи маҳсулот ба содирот хоҳад рафт.
Насби технологияи насли нав имкон медиҳад, ки корхона бе партов фаъолият намуда, боқимондаи ашёи коркардшуда ба дигар корхонаҳои саноатӣ барои истеҳсоли номгӯи дигари маҳсулоти саноатӣ равона шавад. Ғайр аз халтаҳо барои семент, ширкати “Ғаюр Гурӯҳ” тибқи фармоиш имкон дорад, ки тавлиди халтаҳои полипропилении орд, дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти кимиёвиро ба роҳ монад.
Тамоми марҳалаҳои истеҳсолии халтаҳои полипропиленӣ, шуруъ аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва рангу ороиши он, дар корхонаи навтаъсис роҳандозӣ гардидааст.
Президенти кишвар ба фаъолияти истеҳсолии корхона ва иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати назорати сифат ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодӣ оғози расмӣ бахшида, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд. Таҷҳизот ва технологияи наву инноватсиониро аз Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷопон харидаанд.
Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дар кишвар ягона буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гашт.
Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва платаҳои чопӣ аз хатҳои автоматии аз ҳамдигар мустақили платаҳои чопӣ SMT line, рангуборкунӣ, насбу васли фурӯзонакҳои диодии мурудшакл, пресофарии оҳан, пластмасса барои фурӯзонакҳо ва ғайра иборат мебошад.
Хатти истеҳсоли платаҳои чопӣ имкон дорад, ки маҳсулоташро на танҳо барои фурӯзонакҳои диодӣ, балки барои зиёда аз 150 номгӯи таҷҳизоти барқӣ, аз қабили яхдон, кондитсионер, телевизор, камераҳои назоратӣ, ҳисобкунакҳои барқӣ ва мошинсозию мебелбарорӣ, тавлид намояд, ки замина барои рушди дигар соҳаҳои саноат дар кишвар мегардад. Бунёди корхонаи мазкур имкон медиҳад, ки истеҳсоли платаҳои чопӣ (PCBA) ва қисмҳои фурӯзонакҳои диодӣ дар дохил ба роҳ монда шуда, Тоҷикистон ба яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти мазкур дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Дар маҷлисгоҳи корхонаи истеҳсоли платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои минбаъдаи ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ” муаррифӣ шуд. Тибқи нақша, ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли смартфонҳо, планшетҳо, соатҳои рақамӣ, ноутбукҳо ва камераҳои назоратӣ бунёд меёбад. Корхонаи мазкур аз пажӯҳишгоҳи тадқиқот ва рушд, хатҳои истеҳсоли қисмҳои металлӣ, пластикӣ, платаҳои чопӣ ва хатти васлу насб иборат мебошад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз намоиши маҳсулоти корхона, ки дар он аз ҷумла семент, гаҷкартон, халтаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти гигиенаи шахсӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд, дидан карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ” ҷиҳати истифодаи пурра аз иқтидорҳои мавҷуда ва таъсиси ҷойҳои нави кор дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Санаи нашр: 16.07.2024 №: 134
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)