ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙТАХТ КОРХОНА ВА ТАРАБХОНАИ НАВРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙТАХТ КОРХОНА ВА ТАРАБХОНАИ НАВРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД

17 июл 2024, Чоршанбе
25
0

ҶДММ “ҶАВОҲИРОТИ ЗАРГАРИИ ЗАРАФШОН”

         16-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон”-ро ба истифода доданд.

Иншооти нави истеҳсолӣ аз коргоҳҳои заргарӣ ва маркази фурӯши тилло иборат буда, иқтидори коркарди он дар як сол то як тонна тиллоро ташкил медиҳад. Минбаъд намудҳои гуногуни ҷавоҳирот бо истифода аз технологияи муосир истеҳсол ва пешниҳоди мизоҷон мешавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Душанбе ҷиҳати истихроҷу коркарди металлҳои гаронбаҳо дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Бо амалӣ гардондани ҳадафҳои Ҳукумати кишвар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар ҶДММ “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” 65 ҷойи нави кор таъсис ёфт.

23-юми декабри соли 2022 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ супориш дода буданд, ки ҷиҳати таъсиси чор корхонаи коркарди металлҳои гаронбаҳо то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Бо иҷрои саривақтии ин супориши Роҳбари давлат, ҶДММ “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Чин ба истифода дода шуд. Корхона аз ҳуҷраҳои рехтагарӣ, буриш, занҷирбофӣ, қолабрезӣ, нақшбандӣ, бастубанд ва амсоли инҳо иборат аст. Хатҳои нави технологии корхона имкон медиҳад, ки ашёи хоми маҳаллӣ то сатҳи ниҳоӣ коркард ва аз он маҳсулоти заргарӣ мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад.

Намудҳои гуногуни маҳсулоте, ки дар ҶДММ “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” истеҳсол мегардад, дар мағозаи корхона муаррифӣ гардид. Корхонаи саноатӣ аз биноҳои ду ва сеошёна иборат буда, ҳудуди он, ки 30 садякро ташкил медиҳад, чароғон ва сабзкорӣ шудааст.

Умуман, дар ин ҷо таъсиси чунин чор корхонаи саноатӣ бо  300 ҷойи нави кор дар назар мебошад. Инчунин, ҳамин рӯз марҳалаи дуюми ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» муаррифӣ шуд. Хатти нави технологӣ дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна маъданро дошта, аз он хокаи тилло истеҳсол мегардад.

Арзиши сохтмони марҳалаи дуюми ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» 650 миллион сомониро ташкил намуда, дар он таъсиси 600 ҷойи кор пешбинӣ мешавад.

                                                                                                                                                                

        

                                                                                                                                                 

Санаи нашр: 17.07.2024 №: 135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив