ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАМЗИ ОЗОДӢ

РАМЗИ ОЗОДӢ

17 июл 2024, Чоршанбе
25
0

 Дар зарфи наздик ба 33-соли истиқлоли давлатӣ мардуми сарбаланд ва кишвари азизи мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузургу шоистае мушарраф гардид, ки ҳифзу таҳкими онҳо роҳи саодати миллиро барои ҳамеша ҳамвору бегазанд нигоҳ хоҳад дошт.

Тибиист, ки чун сухан аз боби истиқлоли давлатӣ равад, хотираҳои мо беихтиёр ба воқеоти даҳшатбори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гиреҳ мехӯрад. Дар он айёми худсӯзиҳо, бо истифода аз роҳу усулҳои иғвоангезона, ба сари миллати тоҷик зӯран бор кардани фарҳангу тамаддуни бегона воқеияти талхи он рӯзҳо гардида, мунҷар ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуда буд. Хушбахтона, давлат ва миллати он замон парешони тоҷик дар симои фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои содиқи худро ёфт ва бо сарварии ин абармарди таърихсоз сарнавишти хешро ба дасти худ гирифт.

Садоқат ба қавлу амал имкон фароҳам овард, ки дар фурсати хеле кутоҳ талошҳои Президенти маҳбубамон самар оварда, дар мамлакат сулҳу субот, ваҳдати миллӣ пойдор ва аркони давлатдорӣ истеҳком ёфта, Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шоҳроҳи тараққиёт ворид гардад. Ҳоло мардуми шарафманди тоҷик шукргузор аз он ҳастанд, ки дар партави сиёсати созанда ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол уфуқҳои нави зиндагии шоистаро фатҳ намуда, ба камоли саодати рӯзгор даст меёбанд.

Айни замон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, ҳамасола садҳо иншооти муҳим, боғу майдонҳои хуррам, муассисаҳои маърифатӣ ва тандурустӣ, биноҳои маъмурӣ ва амсоли ин мавриди баҳрабардорӣқарор мегиранд. Имрӯз дар баробари бунёди биноҳои муҳташаму иншооти муҳим шукӯҳи муҷассамаҳои чеҳраҳои мондагор дар пойтахт ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат ҳамчун рамзе ба таҳкими худшиносии миллии мардум, хоса ҷавонон гардидаанд.  Тайи чанд соли охир чунин муҷассамаҳои бузурги таъриху фарҳанг ва адабиёти миллии мо дар саросари Тоҷикистон баробар бо Парчаму Нишон арзи ҳастӣ намуда, майдону боғҳои бунёдгардида ба макони ҳузури мардум, хоса баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои зиндагисози ҷавонон мегарданд.

Таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба рушди илму маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими сармояи инсонӣ аз нукоти арзишманде ба шумор мераванд, ки ҷанбаҳои маънавии сиёсати давлату Ҳукуматро барҷастатар нишон медиҳанд. Маълум аст, ки ба таъкиди Пешвои миллат: “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад”.

Амалан, дар ин самт тадбирҳои судманде андешида мешаванд, ки баргузории озмунҳои маърифатӣ дар кишвар мисоли равшани ин гуфтаҳост. Ин иқдомот мо, омӯзгоронро уҳдадор мекунад, то дар оянда ҷиҳати тарбия ва камолоти шогирдон, махсусан омода намудани олимон дар риштаҳои улуми дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ кӯшишҳои бештар ба харҷ диҳем.

Ҳоло ки талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои наҷиби таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини зиндагии шоиста, баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ самараҳои сабзу матлуб ба бор овардаанд, мо бояд дар атрофи Пешвои мардумиву ботадбири худ бештар муттаҳид бошем ва дар ҳар риштае, ки фаъолият дорем, дар ободонии Ватани худ саҳмгузор бошем.

Адолат ХОЛМУМИНОВА,

омӯзгори МТМУ № 56-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Санаи нашр: 17.07.2024 №: 135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив