ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН КИШВАРЕ, КИ ШИОРАШ ДӮСТӢ ВА АМНУ ОСОИШ АСТ!

ТОҶИКИСТОН КИШВАРЕ, КИ ШИОРАШ ДӮСТӢ ВА АМНУ ОСОИШ АСТ!

18 июл 2024, Панҷшанбе
6
0

 

Солҳои охир дар муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаҳои нави рангин зам гардида, уруҷи дурахшони ин сиёсат ба баландии шаъну эътибор ва пазироиву истиқбол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарчи бештар падидор аст. Ба далели ин гуфтаҳо ду рӯйдоди хеле дурахшони сатҳи баланд,  ду падидаи хеле муҳими баланди сиёсӣ: сафари Дабири  кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба кишвари моро метавон ном бурд.

Ҳар ду рухдод аз мақому мавқеи баланди байналмилалии Пешвои миллати тоҷик ва Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар  ба олам дарак дод. Аз ҷониби Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид эътирофи баланди  хидматҳои шоистаи Пешвои миллати мо, саҳми боризашон дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалии инсоният на танҳо эътирофи ин шахсияти наҷиб, балки ифтихори миллии мо мебошад.

Аз ҷониби Антониу Гутерриш эътироф гардид:  “Тоҷикистон...  дар кори СММ  ва, дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири зиёд  ва нақши барҷаста дорад, мо ҳаргиз  он иқтидор, неру  ва фаъолияти бевоситаи Тоҷикистонро  ҷиҳати дар тамоми дунё баррасӣ намудани масъалаи об фармӯш намекунем”.

Дабири кулли СММ дар суҳбат бо Сарвари давлати мо, ҳамчунин, изҳор дошт: “Мо ташаббуси Шумо оид ба Даҳсолаи  байналмилалии  амал “Об  барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”- ро  амалӣ менамоем”. Чунин изҳори назар баёнгари он аст, ки имрӯз иқдому пешниҳодҳои Сарвари давлати тоҷикон дар шумори барномаҳои ҳаётофарин ва тақдирсози  сайёраи Замин ва инсоният қарор гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 10 то 13-уми июни соли 2024 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизбони Конфронси сеюми  байналмилалии сатҳи баланд  оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” гардид. Бидуни шубҳа, эътирофи Созмони Милали Муттаҳид ва, хусусан аз забони Дабири кулли он садо додани ин суханҳо, маънои эътирофи кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ  аз саҳм ва ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои миллат ва Тоҷикистони азизи моро дорад.

Рухдоди  дигари барҷаста аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо мукофоти олии Чин – ордени Дӯстӣ сарфароз гардондани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Си Ҷинпин дар маросими тақдими ин мукофоти олӣ нақши  Сарвари давлати моро дар таҳкими муносибатҳои накӯи ду кишвари дӯсту бародар ва дар сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ боризу барҷаста номида, таъкид дошт, ки ба ин хотир,  бори аввал дар таърихи давлатдории Чин ордени “Дӯстӣ” берун аз кишвар тақдим карда мешавад.

Дар навбати худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мукофотро, қабл аз ҳама, подоши саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи  стратегии Тоҷикистону Чин арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот изҳори муҳаббати бародаронаи сарварони ду кишвар эҳсос карда мешуд. Президенти мо Си Ҷинпинро яке аз барҷастатарин сиёсатмадорони замони муосир унвон карда, ба шахсияти сиёсиву инсонии ӯ баҳои баланд доданд. Аслан, шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ва муносибати самимонаашон борҳо боиси он гардидааст, ки ҳатто, пас аз мулоқоти аввал бо сарварони кишварҳои гуногуни олам риштаҳои дӯстиву бародарона ба миён меоянд. Яъне, Президенти мо зуд ба дилҳо роҳ меёбанд. Ҳамин сифатҳост, ки Пешвои миллат дар байни ҳамаи сарварони кишварҳо аз муҳаббати хоса бархӯрдор буда, бо аксари онон муносибати бародарона доранд. Ин падида ҳамеша ба чашм намоён аст. Ҳосили сиёсати дӯстонаву дурандешонаи Пешвои миллат дар муносибат бо Ҷумҳурии Мардумии Чин самараҳои  хеле неку ҷолиб ба бор овардаанд. Ҳамин сиёсат  буд, ки  имрӯз дар Тоҷикистон  зиёда аз 700  ширкат бо сармояи чинӣ дар бахшҳои гуногуни  саноат, аз ҷумла,  истихроҷ  ва коркарди канданиҳои фоиданок амал мекунад. Афзоиши бемайлони ҳаҷми гардиши савдо байни кишварҳо бо суръати баланд идома дорад. Афзоиши минбаъдаи сармоягузории Чин дар соҳаҳои саноат,  энергетика, нақлиёт, бахши кишоварзӣ, рақамикунонии иқтисод ва зеҳни сунъӣ амри зарурӣ дониста шудааст.

Зимни сафари давлатии Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар баробари имзои бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ифтитоҳи расмии ду иншооти муҳташами  муосир – парлумон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷолиб аст, ки сохтмони маҷмааи биноҳои мазкур, ки намои онҳо бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди  меъмории муосир ва услуби  хос  бунёд шудаанд,  дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси  дастгирии  беғаразонаи  молиявии  ин кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд.

Хулоса, самараҳои неки ҳамкорӣ ва ҳамдилии кишварҳои Чину Тоҷикистон намунаи ибратест, ки дар ин асри хатарзо ва ноамн танҳо дӯстӣ ва амну осоиш, эҳтирому эътимод ба якдигар, сиёсати оқилонаи тарафайн метавонанд, ба сатҳи  баланди зиндагии халқҳо замина гузоранд.        

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон



Санаи нашр: 18.07.2024 №: 136
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив