ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ. ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ХОРУҒ

ФУТБОЛ. ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ХОРУҒ

18 июл 2024, Панҷшанбе
20
0

Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ Фестивали ҷумҳуриявии футбол  доир гардид, ки дар он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон  Фурқат Аҳмадҷонов иштирок намуданд. 

Раиси вилоят зикр кард, ки имрӯз дар шоҳкитоби таърихи варзиши ВМКБ ва, умуман Тоҷикистони азиз, саҳифаи нав боз мешавад. Соли ҷорӣ, дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Федератсияи футболи кишвар бори нахуст дар вилоят тими яккачини футбол  - “Помир” таъсис ёфт. Дар ҳамдастӣ мо тавонистем, орзуи деринаи тамоми мухлисони футболи вилоят, ки солҳо умеди тамошои бозии тими яккачини худро доштанд, амалӣ созем.

Котиби Шурои амният ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон зимни суханрониҳои хеш аз дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои муаззами миллат нисбат ба соҳаи варзиш ёдоварӣ намуда, ба варзишгарон комёбӣ таманно карданд. Изҳори бовар карда шуд, ки дастаи яккачини “Помир” ҷойгоҳи муносиби худро дар байни  дастаҳои  футболи кишвар ҳарчи зудтар пайдо мекунад ва шуҳрати дастаи “Помир”-и собиқро соҳиб мегардад.

Сипас, аз номи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба наврасон либоси варзишӣ ва тӯб тақдим гардид.

Дар доираи Фестивал байни дастаҳои “Помир” ва “Равшан”-и Кӯлоб бозии дӯстона сурат гирифта, бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид. 

Раҳмон ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.07.2024 №: 136
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив