ҶДММ КМ “ЗАРАФШОН”. САҲМИ ОН ДАР РАФЪИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Бар асари бориши шадиди охири моҳи июн дар деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент сел омада, роҳҳоро валангор намуда, ҳаракати воситаҳои нақлиётро муваққатан маҳдуд кард, инчунин, ба киштзорҳои сокинони ҷамоат зарари ҷиддӣ расонд.
Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ҶДММ КМ “Зарафшон” фавран ба макони ҳодиса мутахассисони ботаҷриба ва кордон, инчунин, 20 техникаи гуногунро сафарбар намуд. Бояд таъкид сохт, ки техникаҳои пуриқтидори корхона дар деҳоти Шинг давоми як ҳафта баҳри бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ кор карданд, ки маблағи кори ин техникаҳо зиёда аз дусад ҳазор сомониро ташкил дод. Инчунин, аз ҷониби ҶДММ КМ “Зарафшон” ба бахши ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷакент барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ дар дигар минтақаҳои шаҳри Панҷакент 10 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо гардид.
ҶДММ КМ “Зарафшон” барои дастгирии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 6 километр роҳе, ки бар асари боронҳои шадид ва омадани сел вайрон шуда буд, пурра таъмир намуд.
Ғайр аз ин, ҶДММ КМ “Зарафшон” қариб ба сад оилаи аз сел зарардидаи ҷамоатҳои деҳоти Шинг, Моғиён ва Косатарош орд, равған ва макарон ёрӣ расонд. Ҳамчунин, намояндагони ширкат бо роҳбарон ва намояндагони аҳолии деҳаҳо вохӯрда, консепсияи рушди муштараки ширкат ва ҷомеаро баён карданд.
Дар охир раисони ҷамоатҳо ва сокинони деҳаҳо ба роҳбарият ва кормандони ҶДММ КМ “Зарафшон” барои ёрии саривақтӣ ва беғаразонаашон миннатдории самимӣ баён намуданд.
Муҳибулло ШАРИФОВ,
сокини шаҳри Панҷакент
Санаи нашр: 18.07.2024 №: 136