ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

22 июл 2024, Душанбе
13
0

18-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои мақомоти судӣ, прокуратура, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва якчанд мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Номзадии Мирзозода Неъмат Мирзо ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ барои таъин намудан ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ пешниҳод шуд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои раиси суди шаҳри Хоруғи  ВМКБ, раиси суди ноҳияи Дӯстӣ, судяи  суди ноҳияи Қубодиён, судяи суди шаҳри Левакант, судяи суди ноҳияи Панҷ, муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе, муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе, муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кадрҳои ҷавону соҳибтаҷрибаи соҳа таъин гаштанд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои варзидаю таҷрибадор ба вазифаҳои  муовини вазири маориф ва илм, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,  роҳбари Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо”, муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо”, муовини сардори Хадамоти алоқа ва роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия таъин шуданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Маркази миллии қонунгузорӣ, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегӣ ва  муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ аз ҳисоби кадрҳои роҳбарикунандаи ин соҳаҳо таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону варзида ба вазифаҳои сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Мурғоб, прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Суғд, прокурорҳои ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин, ноҳияҳои Сангвору Рӯдакӣ ва сардорони ду раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  таъин шуданд.

Тағйироти кадрӣ, ҳамчунин, дар Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баъзе қисмҳои ҳарбӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, асосан, аз ҳисоби кадрҳои дорои ду ва зиёда таҳсилоти олии ҳарбӣ амалӣ гашт.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, ба рафтори ношоиста ва ғайриойинномавии раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зоҳир Муминзода, ки нисбати сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ дар посгоҳи назоратӣ ба худ раво дидааст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ӯ на танҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ ронда шавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суҳбат аз вазъи мураккабу зудтағйирёбанда дар минтақа ва ҷаҳон ва афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ёдовар шуда, ҳозирин ва ба василаи онҳо, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, пеш аз ҳама, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва муҳофизони Ватанро ба хизмати содиқонаю софдилона, баланд бардоштани донишу маҳорати касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тарбияи дурусти кадрҳои ҷавон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа ва пурзӯр намудани қудрати дифоии давлат ҳидоят намуданд.

Таъкид гардид, ки доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ҳамеша дар ҷойи аввал гузоштани манфиатҳои миллии Ватан аз ҷумлаи талаботи асосии роҳбарияти давлат аз ҳар як хидматчии давлатӣ ва муҳофизи марзу буми Тоҷикистони азиз аст.

www.president.tj


Санаи нашр: 22.07.2024 №: 137
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив