САНГВОР ҶИЛОИ ТОЗА МЕГИРАД
Имрўзҳо чун дигар шаҳру навоҳии кишвар дар ноҳияи Сангвор ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ, таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию фарҳангӣ бомаром ҷараён дошта, мардум бо дасту дили гарм барои беҳтар гардондани шароити зиндагӣ камари ҳиммат бастаанд. Зимни суҳбат Давлатзода Маҳмадшо Ғайрат, раиси ноҳия, ба хабарнигори рўзнома вобаста ба ин ва дигар масъалаҳои хоҷагии халқ ибрози назар намуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем:
- Айни замон новобаста аз боришоти пайдарҳами рўзҳои охир ва сар задани офатҳои табиӣ дар ноҳия, корҳои бунёдкориву созандагӣ идома доранд. Ба хотири дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 80 иншоти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки то Ҷашни мазкур мавриди истифода қарор гиранд. Корхонаи фаръии “Лоиҳакаш” дар шашмоҳаи якуми соли равон 19 лоиҳаи хонаи истиқоматӣ, ду лоиҳаи бинои ҷамъиятӣ ва нақшаҳои ангоравиро ба анҷом расонд.
Боиси зикр аст, ки самти асосӣ ва афзалиятнок дар ноҳия соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият мекунанд. Кишоварзони ноҳия тирамоҳи соли гузашта дар майдони 278 гектар кишти зироатҳои ғалладонаӣ гузаронданд, ки 110 дарсади нақшаи кишти тирамоҳиро ташкил медиҳад. Тибқи нақшаи дурнамо, имсол хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ноҳия дар майдони 286 гектар кишти ғалладонаӣ, 800 гектар картошка, 88 гектар сабзавот, 5 гектар полизӣ кишт намуданд. Маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар нимсолаи якуми соли равон ба беш аз 34 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Дар ноҳияи Сангвор 58 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-интернати ҷумҳурявӣ барои кўдакони ятим ва интернати наздимактабӣ фаъолият менамояд. Аз ин миён 8 муассисаи таълимӣ бо кабинетҳои фаннии забони русӣ ва англисӣ, математика, забону адабиёти тоҷик, физика, химия, технологияи информатсионӣ таъмин аст.
Аз 206 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилотии ноҳия, имсол 68 духтар барои дохил шудан ба муассисаҳои олии кишвар аз тариқи Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супурд. 21 нафар бо Квотаи президентӣ, аллакай, сазовори номи донишҷў гардид.
Бояд гуфт, ки хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятиму бепарастор зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, аз ҷониби соҳибкорон, шахсони саховатпеша, шарикони рушд ва иттиҳодияҳои динӣ ба онҳо кумаки доимӣ мерасад.
Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи барномаи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2021 – 2030” бошад, оид ба фаъолгардонии нақши зан дар ҷомеа, ҷалби духтарон ба таҳсил, муносибатҳои хонадорӣ, ҳифзи саломатии модару кўдак ва маърифати гигиении занони деҳот корҳои саривақтӣ анҷом дода мешаванд. Бо занону бонувон ҷиҳати фаҳмондани муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мунтазам вохўриҳо гузаронда шуда, кўшиш менамоем ин қишри ҷомеа аз парастиши анъанаҳои ғайр, аз ҷумла пўшидани либоси ба фарҳанги мо бегона, хурофотпарастӣ дур бошанд. Ҳоло дар ноҳия 29 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дорад, ки албатта, ин бонувон дар рушди диёр саҳми назаррасе мегузоранд.
Сокинони меҳнаткаши ноҳия дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, талош бар он доранд, ки барои зиндагии арзанда шароити созгор фароҳам оранд.
Гулнисо САЪДОНШО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.07.2024 №: 138
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)