ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОРДЕНИ ДӮСТӢ. ТАНТАНАИ ҲАР ХОНАВОДАИ ТОҶИК

ОРДЕНИ ДӮСТӢ. ТАНТАНАИ ҲАР ХОНАВОДАИ ТОҶИК

24 июл 2024, Чоршанбе
26
0
 
Сарфароз гардидани Пешвои миллат бо ордени Дӯстии Ҷумҳурии Мардумии Чин навидест, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз шунидани он меболад ва ифтихор аз он мекунад, ки дар ҷаҳони муосир нуфузи Тоҷикистони тозаистиқлоли мо зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли тақвиятёбист.
Албатта, ин эътирофу эътиборҳо ба осонӣ ба даст наомадаанд. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар, ҳамчунин, дар ҷодаи ҳаллу фасли масъалаҳои умумибашарӣ, ба монанди обу иқлим, мубориза бо терроризму экстремизм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва амсоли инҳо, саҳми бориз гузоштаанд. Ба чунин мавқеъгириҳо ва хизматҳои мондагори Сарвари давлати Тоҷикистон борҳо аз тарафи роҳбарони олии кишварҳо ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳои воқеӣ дода шуд. Аз ин лиҳоз, бори аввал дар таърихи давлатдории Чин берун аз кишвар тақдим кардани ордени Дӯстӣ ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар фазои тантанавӣ супурдани он аз тарафи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин арзандаи сутуданҳост.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам  Си  Ҷинпин  ҳанӯз зимни сафари давлатии Сарвари давлатамон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин (16-19-уми майи соли 2023) ба ин маънӣ баён дошта буданд: “Шумо – ҷаноби Президент, дар миёни мо – сарварони шаш давлат, Пешво ва роҳбари аз ҳама ботаҷриба мебошед, ки дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай қарор доштед. Шумо сиёсатмадори бисёр дурбину пуртаҷриба ҳастед ва пешниҳоду андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳиманд”.
Шарафёбӣ ба ин мукофоти олӣ эътибору нуфузи ин марди хирад, сиёсатмадори оқил, пешвои ваҳдатофарро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам болотар бардошта, бори дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати наҷотдеҳи миллату давлат ва эҳёгари Тоҷикистони навин ва мустақил  бозгӯ мекунад.
Имрӯз ҷаҳониён дар симои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷику Тоҷикистонро мешиносанд. Роҳбари муаззами давлатамон муаррифгари давлат, миллат, фарҳангу тамаддун ва намунаи беҳтарини сиёсатмадорӣ мебошанд.
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.07.2024 №: 139
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив