ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПРЕЗИДЕНТ. ИСТИҚЛОЛ ВА ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ

ПРЕЗИДЕНТ. ИСТИҚЛОЛ ВА ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ

24 июл 2024, Чоршанбе
81
0
 
Вақте  сухан  дар бораи нодиртарин падидаи ҳаёти тоҷикон дар тули 32 соли охир меравад, симои абармарди арсаи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қаҳрамони халқ пеши назар ҷилвагар мешавад. Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Сарвари давлати мо тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои ба кишвари аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони он равона сохтанд ва муваффақ гардиданд.
 
Заҳмату хидматҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон аз чанд ҷиҳат метавон баршумурд, ки дар хотираи таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд:
Якум, хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу созгории миллӣ. Лозим ба ёдоварист, ки дар таърихи башарият бисёр моҷароҳои дохиливу ҷангҳои шаҳрвандӣ рух додаанд, лекин бо сабаби надоштани роҳбарони ботадбир даҳсолаҳо идома карданд. Аммо хуршеди бахту саодат баробари ҷилави давлатдориро ба даст гирифтани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари кишвари талаву тороҷгардида ва халқи азияткашидаи мо нурпошӣ кард. Роҳбари ҷавон, вале ҷасуру қавиирода, хирадманду дурандеш аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон дар хомӯш намудани оташи ҷанги хонумонсӯз талош варзида, баҳри ба даст овардани истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар диёри ҷангзада ҷон ба каф гирифта, кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд. Бо ақлу заковат, хираду дониш ва ҷасорату тавонмандӣ тамоми қувваю ғайрати худро ба он равона намуданд, ки Ватанро аз вартаи ҷанги таҳмилӣ ва мамлакатро аз парокандашавӣ наҷот бахшанд. Бо роҳбарони мухолифин, қумондонҳои силоҳбадаст дар дохилу хориҷи кишвар даҳҳо мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуданд. Ҷони худро борҳо дар хатар гузошта, ба ҷойҳои хатарнок сафар карданд. 
Дуюм, муайян намудани сохти давлатдории муосири тоҷик. Маҳз бо роҳбарӣ ва саҳми арзандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби муосири давлатдории миллии Тоҷикистон ташаккул ёфт. Тибқи Конститутсияи ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Конститутсияи Тоҷикистон, ки тамоми низоми қонунгузорӣ аз он маншаъ мегирад, дар қатори беҳтарин Конститутсияҳо эътироф гардидааст. Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон дар низоми қонунгузорӣ падидаи нав – таҳияи қонунҳои миллӣ: «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба миён омада, дар рушду нумӯи кишвари азизамон нақши муҳим бозиданд.
Сеюм, эҳё ва таҳкими худогоҳиву худшиносии миллӣ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам таъкид месозанд, ки танҳо фарди худогоҳу худшинос ва ватандӯсту маърифатнок метавонад дар рушду ободии Ватан ҳиссаи арзанда гузорад. Ба ин хотир, бо ташаббусу дастурҳои Сарвари давлат силсилаи чорабиниҳо доир шуданд ва идома доранд. Аз ҷумла, ба хотири огаҳӣ доштану ифтихор кардан аз таърихи бузурги давлатдориву фарҳанги қадима силсилаи чорабиниҳо, ба монанди 1100-солагии давлати Сомониён, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, 5000-солагии Саразми бостон, 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта шуданд. Ҳамчунин, бузургдошти мутафаккирон, шоирону нависандагони бузурги тоҷик, чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам ва дигарон ба намоди худшиносии миллӣ табдил ёфтанд.
Чорум, ин таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ бо факту рақамҳои дақиқ оид ба пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ маълумоти муфассал медиҳанд. Хеле рамзист, ки бисёр вақт нишондодҳоро бо солҳои 1997 ё 2000 муқоиса мекунанд, яъне бори дигар таъкид ба амал меоранд, ки асоси ҳама пешрафтҳо, пеш аз ҳама, оромию суботи ҷомеа аст. Инчунин, марҳала ба марҳала амалишавии чаҳор ҳадафи стратегӣ аз дастовардҳои бузурги мамлакат ва ояндаи дурахшони диёри азизамон дарак медиҳанд.
Панҷум, муаррифии оқилонаи симои давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ. Президенти маҳбуби мо, дар ин самт сиёсати дурусту санҷидашудаи хориҷиеро ба роҳ монданд, ки ба касби нуфузу эътибори Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ мусоидат кард. Ин буд, ки ҳоло зиёда аз 180 давлати дунё бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, кишвари мо узви комилҳуқуқи аксари ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудан ва амалӣ гардидани панҷ ташаббуси байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим аз дастовардҳои азими миллати тоҷик дар сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Нуктаи дигари қобили таъкид ин аст, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф дар сиёсати Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи меҳварӣ дошта, соҳаи афзалиятноки ҷомеа эълон шуд. Дар иртибот ба ин амр, шароит фароҳам омад, ки дар соҳа тағйироти куллии бунёдӣ рӯйи кор оянд, садҳо иншоот ва муассисаҳо бунёд ва мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  гиранд. Иштироки Пешвои миллат дар ҷараёни ифтитоҳи муассисаҳои тозабунёди соҳаи маориф аз зери таваҷҷуҳи хоса қарор доштани ин соҳаи ниҳоят муҳим ва афзалиятноки ҳаёти ҷомеа гувоҳӣ медиҳад. 
Дар радифи сиёсати маорифпарварона барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти кишвар ва ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ шудани соҳаи маорифи мамлакат ниҳоди нави назоратӣ – Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ниҳоди навтаъсиси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи сиёсати Роҳбари давлат дар соҳаи маориф дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ин ҷода тамоми имкониятҳои мавҷударо барои мувофиқати соҳаи маорифи Тоҷикистон ба стандартҳои ҷаҳонӣ истифода менамояд. 
 
Ҷаҳонгир САЛИМЗОДА, 
сардори раёсати Агентии 
назорат дар соҳаи маориф 
ва илми назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар вилояти Суғд
Санаи нашр: 24.07.2024 №: 139
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив