БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
20 март ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ба муносибати Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.
Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Лутфан бифармоед, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, халқи Чин ва шахсан аз номи худам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти шодбоширо ба муносибати Ҷашни анъанавии Тоҷикистон – Наврӯз арз намоям!
Зимни мулоқоти дуҷонибаи мо, ки дар рафти саммити Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд моҳи сентябри соли гузашта доир гардид, мо ҷиҳати таъмиқи муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи ҳамкории амалӣ, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор анҷом дода, ба як қатор тавофуқоти муҳим расидем, ки самти рушди минбаъдаи муносибатҳои миёни Чин ва Тоҷикистонро возеҳ муайян карданд.
Ман ба густариши муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям, аз иштироки Шумо дар саммити якуми “Чин ва Осиёи Марказӣ” ва боздиди Шумо аз Чин бо сафари давлатӣ дар моҳи майи соли равон истиқбол менамоям. Интизор дорам, ки бо мақсади пешбурди ҳамкории дуҷониба ба марҳалаи ҷадид мо бо Шумо нақшаи бузурги рушди муносибатҳои байни Чин ва Осиёи Марказӣ, Чин ва Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Ба Шумо саломатии бардавом ва дар фаъолиятатон комёбиҳои бузург орзу менамоям.
Ба мардуми дӯсти Тоҷикистон саодату некуаҳволӣ хоҳонам».
Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон:
«Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам бияфшонӣ,
Ба гулзор ой, к-аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзӣ.
(Ҳофиз)
Бо камоли хушҳолӣ фаро расидани Наврӯзи бостонӣ, ҳангомаи растохези табиат ва оғози соли 1402 ҳиҷрии шамсиро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми азизи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Баҳор мавсими тағйир ва дигаргунии замин ва табиат, фасли нав шудан ва аз нав барангехта шудан ва нишонае барои аҳди тафаккур ва андеша аст, то ба воситаи ҷустуҷӯ ва андеша дар яке аз бошукӯҳтарин ҷилваҳои табиии ҷаҳони ҳастӣ раҳ ба сӯи ҷамоли Парвардигори хеш баранд ва Наврӯз ин оини пурмеҳру куҳан, мазҳари фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсола ва ғанӣ, ёдовари ишқу меҳрварзӣ, башоратгари таровату тозагӣ, мояи бедории дил ва нишон аз қудрати безаволи Илоҳӣ аст.
Умедворам, ба муборакии ин Наврӯзи фархунда, таҳаввули азим дар ҳолу аҳвол ва қалбҳои мардумонамон рух диҳад ва ба воситаи пайвандҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангии муштараки баргирифта аз Наврӯз битавонем бо тавсеа ва таъмиқи равобит ва муносиботи дӯстонаи байни кишварҳоямон дар масири рушду пешрафти миллатҳоямон гом бардорем ва дар ин росто, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи муносибот ва ҳамкории беш аз пеш бо тамомии кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз дар ҷиҳати густариши сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон аст.
Аз Худованди мутаол саломативу муваффақияти он Ҷаноб ва беҳрӯзиву шодкомӣ мардуми кишвари дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соле ҳамроҳ бо хайру баракат барои ҳамагон орзу дорам».
Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
«Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам!
Бародари азиз!
Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро бо Иди Наврӯз – рӯзи бедорӣ ва таҷдиди табиат самимона табрик менамоям.
Моҳияти қудсии Наврӯз тули ҳазорсолаҳо ба таври равшан дар шарафмандии мардумони бародари мо ифода мегардид ва имрӯз ин Ҷашни беназир ба дилҳои мо шодии беканор мебахшад.
Хоссатан, он чиз мояи хушнудии мост, ки дар солҳои охир байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамкориҳои гуногунпаҳлу, ки бар пояи усули некуҳамсоягӣ, эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои муштарак устувор гардидаанд, тавсеа меёбанд.
Эътиқоди қавӣ дорам, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои минбаъдаи сатҳи олӣ ва саъю талоши муштаракамон муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни кишварҳои дӯсти мо дар оянда ҳам рушд хоҳанд кард.
Аз фурсат истифода бурда, дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба Шумо ва ҳамаи аъзои оилаатон саломатии бардавом, бахту саодат ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу пешрафти ҳамешагӣ таманно дорам».
Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати Ҷашни Наврӯз табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон бипазиред.
Мардумони ба ҳам бародари мо ин Ҷашни аз қадимулайём соҳибқадрро ҳамчун тантанаи созгорӣ ва ваҳдат, баёнгари накукории беғаразона ва саодатмандӣ бо эҳсосоти гарми хосса истиқбол мегиранд. Бигзор ин рӯзҳои фараҳбахши Наврӯз барои мо нури меҳрубонӣ афрохта, ба давлатҳои ба ҳам муттафиқи мо некуаҳволӣ ва рифоҳ ато фармоянд. Итминон дорам, ки ба шарофати талошҳои муштарак шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки бар дӯстии безавол ва дастгирии якдигарӣ асос ёфтааст, минбаъд низ, ба нафъи мардумони ба ҳам наздики мо рушд хоҳад кард.
Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар татбиқи ҳамаи иқдомҳоятон ба хотири ояндаи дурахшон ва шукуфоии Тоҷикистон комёбиҳо, ба мардуми кишвари Шумо саодату некрӯзӣ орзу менамоям.
Бигзор Наврӯз ба ҳар як хонадон файзу баракат ва шукуфоӣ биоварад!»
Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон:
«Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам!
Шуморо бо Ҷашни Наврӯз – тантанаи бузурги табиати баҳорӣ муборакбод мегӯям. Бигузор сулҳу ризоияти Наврӯзи фархунда ба кишварҳои ба ҳам дӯсти мо ҳадияи саховатмандона намуда, ба онҳо шодию фараҳ бахшад.
Изҳори бовар менамоям, ки дар партави ин Иди умумиамон ҳамкории давлатҳои мо, ки бар пояи арзишҳои маънавӣ ва робитаҳои дӯстӣ устувор шудаанд, минбаъд низ, идома хоҳанд ёфт.
Дар ин лаҳзаҳои наҷиб ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, саломатии бардавом ва бахту иқболи фаровон, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон зиндагии осоишта ва шукуфоӣ орзумандам».
Сердар Бердимуҳамедов, Президенти Туркманистон:
«Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам!
Шарафмандам, ки ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ирсол намоям.
Наврӯз ҳамчун паёмовари эҳёи табиат, таҷдид ва созандагӣ, дар худ чунин арзишҳои умумибашарӣ, ба мисли сулҳпарварӣ, инсондӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориро таҷассум намудааст. Ин Ҷашн, ки дастоварди умумии мост, барои бо ҳам наздик шудани мардумон нақши муҳим дошта, ба таҳкими муносибатҳои боэътимоди байнидавлатӣ мусоидат менамояд.
Бигузор, ин Ҷашни мунаввар барои Шумо ва тамоми мардуми кишвари Шумо шодию сурур ва хушбахтиву некуаҳволӣ оварад».
Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон:
«Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам!
Аз номи худ ва мардуми Озарбойҷон Шумо ва мардуматонро ба муносибати фарорасии Иди Наврӯз сидқан табрик менамоям. Ин Ҷашн ҳамчун ифодаи эҳтиром ба низоми абадии табиат, таҷассумгари саҳми арзишманди мардумони мо ба фарҳанги башарӣ мебошад. Он ба сифати рамзи бедорӣ, тароват ва зебоӣ, ба қалби одамон роҳ ёфта, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ягонагиро бо ҳама зебоияшон тараннум менамояд.
Бовар дорам, ки бо такя ба иродаи мардумонамон, мо минбаъд низ, барои ҳифзу таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Озарбойҷону Тоҷикистон саъю талоши муштарак ба харҷ хоҳем дод.
Ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтиву комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон рифоҳӣ ва шукуфоии абадӣ таманно дорам».
Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон:
«Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Иди Наврӯз муборакбод мегӯям. Ин Ҷашн, ки мардумонамон таҷлил менамоянд, рамзи фарорасии баҳори деринтизор ва бедории табиат аст. Наврӯз, ки дар монандии одату арзишҳои фарҳангии мо зоҳир мегардад, таърихи умумии мардумони моро инъикос менамояд.
Бовар дорам, ки муносибатҳои байни ду кишвар дар руҳияи эътимоди мутақобила, дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ таҳкиму таъмиқ хоҳанд ёфт. Ба Шумо саломатии бардавом, беҳбудӣ ва муваффақият, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям».
Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ:
«Бародари азиз, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Худо ҳифзашон кунад!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Бо камоли фараҳмандӣ Ҷаноби Олиро ба муносибати Иди Наврӯз самимона табрику таҳният гуфта, барои Ҷаноби Олӣ беҳтарин таманниёти саломатию саодатмандӣ ва барои Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар пешравию шукуфоии пайвастаро тақдим менамоям».
Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Валиаҳд, Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ:
«Бародари азиз!
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Худо ҳифзашон кунад!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Бо камоли фараҳмандӣ Ҷаноби Олиро ба муносибати Иди Наврӯз самимона табрику таҳният гуфта, барои Ҷаноби Олӣ беҳтарин таманниёти саломатию саодатмандӣ ва барои Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар пешравию шукуфоии пайвастаро тақдим менамоям».
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идома дорад.
Санаи нашр: 20.03.2023 №: 60-61