ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

26 июл 2024, Ҷумъа
41
0
24-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар татбиқи ҳадафҳо ва нақшаҳои муайянкардаашон ҷиҳати рушду пешрафти Ӯзбекистони бародар комёбиҳои нав орзу намуданд.
Ҷонибҳо суръати баланди рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории созандаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро таъкид доштанд.
Дар зимн, натиҷаҳои босамари сафари давлатии ба наздикӣ анҷомёфтаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон таъкид гардид. Дар баробари ин, муҳимияти татбиқи амалии маҷмуи мувофиқаҳои дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ дар Душанбе бадастомада ҳамчун омили пешбурди пайгиронаи ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди таъкид қарор гирифт. Зимнан, ҷонибҳо аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ба хусус дар бахши тухмипарвариро, таъкид намуданд.
Дар идомаи суҳбат мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.
 
24-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва вазири корҳои дохилӣ суҳбати телефонӣ анҷом дода, доир ба як қатор масоили муҳимтарини рӯз ҳисоботи онҳоро шуниданд ва барои сари вақту босифат анҷом додани тадбирҳои зарурӣ ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти ҷамъоварии ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, суръат бахшидан ба кишти такрорӣ, афзудани иқтидори содиротии кишвар, ба хусус содироти маҳсулоти кишоварзӣ, босифат ва сари вақт анҷом додани омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, хусусан таъмиру тармими ҳамаҷониба ва босифати иншооти соҳаи маориф дар тамоми қаламрави кишвар то деҳоти дурдаст, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, пеш аз ҳама, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ зоҳир гардида, доир ба ин мавзуъҳои муҳим ва дар маҷмуъ, барои иҷрои дақиқи нақшаю барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба болоравии шадиди ҳарорати ҳаво дар кишвар, хусусан дар вилояти Хатлон, ки аз имрӯз сар шуда, то чанд рӯзи дигар идома хоҳад дошт, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд ва ба масъулин доир ба пешгирӣ аз сӯхтору дигар ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи биною иншоот, бозорҳо ва киштзор, ба хусус заминҳои ғалла аз он ва зери назорат гирифтани ҷойҳои оббозии кӯдакону наврасон дастуру супоришҳо доданд ва таъкид карданд, ки барои ҳифзи саломатӣ аз гармои шадид мардум бояд об зиёд нӯшанд.
 
Санаи нашр: 26.07.2024 №: 140
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив