ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА БАХТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК...

БА БАХТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК...

29 июл 2024, Душанбе
37
0
 
Таърих китоби нодирест, ки ҳар лаҳзаву соати замон ва ҳаводиси воқеии онро бо гузашти рӯзҳо дар ҳофизаи худ сабт ва ҳифз менамояд. Ин аст, ки ҳаргиз корнамоиҳои қаҳрамонҳо аз лавҳи хотирот зудуда намегарданд. Дар тамоми давру замон шахсиятҳое ҳастанд, ки сарзамини аҷдодии хешро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дода, мардумро ба рӯзгори осоишта бармегардонанд. 
Ба бахти миллати тоҷик модари хушбахт бибии Марям Эмомалӣ Раҳмонро ба дунё оварданд, ки мардуми сайёра ин марди бузургро чун роҳбари сулҳхоҳу сулҳҷӯ мешиносанд. Тули фаъолияти сиёсии худ Пешвои муаззами миллат дар талоши сулҳу суботи кишвараш камари ҳиммат баста, пешрафти давлатро дар маҳаки сиёсати давлатӣ қарор додаанд. Мунтазам шоҳидем, ки ин абармарди миллат на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки тамоми оламро ба ҳамдиливу бародарӣ даъват мекунанд. Борҳо дидаву шоҳид гаштаем, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ сухан мекунанду тамоми мардум даъватҳояшонро сармашқи  кори  хеш қарор медиҳанд. Магар аз ин дида барои як миллат бахти баландтаре  вуҷуд  дошта  метавонад? 
Воқеан, ба бахти баланди мо – тоҷикон аст, ки бо доштани чунин фарзонафарзанд имрӯз дар саросари олам тоҷиконро ҳамчун миллати мутамаддин эътироф кардаанд. Айни ҳол, бештари давлатҳои мутараққӣ кӯшиш менамоянд, ки  ба хотири  тақвияти муносибатҳои дӯстона ҳамкориро бо ин кишвар мустаҳкам намоянд. Чанде қабл сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва суханони пурмеҳри меҳмони олиқадр кошонаи ҳар тоҷикро пурнур намуд. Бори дигар собит шуд, ки дӯстиву бародарӣ бо тоҷиконро имрӯз бештари кишварҳои олам орзу доранд. Тавре зимни суханрониаш муҳтарам Си Ҷинпин иброз намуд: «Барои он ки, пеши назар паҳнои беохир намудор гардад, мо бояд аз ҷой баландтар шавем. Бо таваҷҷуҳ ба оянда, мо омодаем, ки бо дӯстони тоҷик нақшаи муҳташами табодули дӯстонаро тартиб диҳем ва ба хотири ояндаи дурахшони Чин ва Тоҷикистон дар таърихи ҳамкории дуҷонибаи судманд саҳифаҳои нав боз намоем».
Боиси сарфарозист, ки дар сафари навбатии худ Си Ҷинпин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ордени Дӯстӣ, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ мукофоти олӣ ба ҳисоб меравад, қадр намуданд. Бори дигар собит гардид, ки ин абармарди  миллат на танҳо дар сарзамини аҷдодӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ низ шуҳрати хос доранд. 
Возеҳ аст, ки имрӯз  Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон шинохта шуда, муносибатҳои тиҷоративу сиёсии ин кишвар бо садҳо давлатҳои олам густариш меёбанд. Дар ин миён,  муносибати дӯстиву бародаронаи мо низ,  ҳамчун шарикони стратегӣ, беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбанд. Тавре дар идомаи суҳбати хеш Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин иброз дошт: «Мо шарикони содиқ будему ҳастем, якдигарро эҳтиром мекунем ва ба якдигар эътимод дорем. Ду кишвар дар масъалаҳое, ки манфиатҳои куллии онҳоро фаро мегиранд, дар навбати аввал соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва тамомияти арзиро ҷонибдорӣ карда, роҳи интихобкардаи рушдро мутобиқи воқеияти миллӣ эҳтиром менамоянд ва ба ҳар кӯшиши аз берун бо ягон баҳона дахолат намудан ба корҳои дохилӣ, қатъиян зид мебароянд. Мо ҳамеша оид ба масоиле, ки боиси ташвиш ҳастанд, якдигарро мефаҳмем ва дастгирӣ менамоем, аз рушди мунтазами ду кишвар дар кори пешрафт ва эҳёи миллӣ шод мешавем». 
 
Гулнисои САЪДОНШО,
«Ҷумҳурият» 
Санаи нашр: 29.07.2024 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив