ПАХТА. МУАММОИ СЕЛЕКСИЯ ЧАРО ҲАЛ НАМЕШАВАД?
Далелҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар сурати аз як гектар пахтазор 30 сентнер рӯёндани ҳосил, метавон то 12 ҳазор метри мураббаъ газвор, 277 кг равған, 726 кг кунҷора, 47 кг собун, 108 кг тибит ва дигар маҳсулоти заруриро ба даст овард. Коршиносон бар он назаранд, ки даромади як гектар ҳосили пахта 12 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бинобар ин, лозим донистем масъаларо мавриди таҳлил қарор диҳем. Зеро новобаста аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, то ҳол ин соҳа натиҷаи дилхоҳ надода истодааст.
АЗ ИФТИХОР БА ИБТИКОР ГУЗАРЕМ
Муҳаққиқони тоҷик имрӯз боифтихор мегӯянд, ки давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ олимони Институти зироаткорӣ 66 навъи пахта офариданд. Дар баробари ин, олимони филиали Институти зироаткорӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон навъҳои нави пахтаи маҳиннах: 9326 – В, 750 – В, 748 – В, 9325 – В, 9365 – В, 2462 – В, 2918 – В ва пахтаи миёнанах ВД – 11, Б – 70, ВД – 75, Хатлон – 2011, Нодир, Авесто, Назирӣ, Хуҷанд, Хуҷанд – 01М ва ғайраро ихтироъ карданд. Ҳамзамон, олимони кафедраи пахтапарварӣ, гинетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон навъҳои «Зарафшон», «Ҳулбук», «Суғдиён», «Ҳисор» ва «ДАТ»-ро офарида, алҳол барои минтақабоб намудани навъи «Баракат» кӯшиш намуда истодаанд. Умуман, дар сисолаи охир олимони тоҷик 90 навъи пахта ихтироъ карданд, яъне навъҳои маҳаллӣ фаровон шуданд. Аммо саволе ба миён меояд, ки чаро замоне навъҳои маҳаллӣ надоштему ҷумҳурӣ қариб як миллион тонна пахта истеҳсол менамуд, имрӯз бо ин қадар дастовард наметавонем 350 – 400 ҳазор тонна пахтаро саривақт ҷамъоварӣ намоем?
Зимни сафар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз деҳқонон борҳо пурсон шудаам, ки чаро навъҳои зиёди маҳаллӣ дорему таваҷҷуҳи онҳоро то ҳол навъҳои хориҷӣ ба худ ҷалб менамоянд? Мухтасар ҷавоб доданд, ки ҳосилнокии навъҳои хориҷӣ нисбат ба маҳаллӣ зиёд аст. Ҳатто, ин гуфтаи ман, ки ҳосилнокии навъҳои «Зарнигор», «Дӯстӣ – ИЗ», «Ҳисор», «Сорбон», «ВД-1» ва «Меҳнат» аз як гектар 65 – 70 сентнерро ташкил медиҳад, таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб накард. Сипас, аз бархе олимон пурсидам, ки навъҳои офаридаашон то куҷо рушди босуботи пахтакориро дар кишварамон таъмин карда метавонад? Дар кишвар фазои илмии кадом самти селексияи пахта ташаккул ёфтааст ва онро чӣ тавр метавон бо истеҳсолот пайваст? Афсӯс, ки ба ҷойи додани посухи дақиқ, баҳсро ба дигар тараф кашиданд. Вале таҳлилҳо нишон доданд, ки баъзе навъҳо на бо усули селексионӣ, балки интихоби фардӣ ба даст омадаанд. Интихоби инфиродӣ, яъне индивидуалӣ бошад, дар асоси баҳодиҳии ирсии рустаниҳои элитавӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ин рӯ, шояд вақти он расидааст, ки навъҳои офаридаи олимони мо аз лиҳози селексионӣ ва интихоби инфродӣ аз нав гурӯҳбандӣ шаванд. Чунин амал аз як тараф ба мо имкон медиҳад, ки ба аксар муаммою мушкилоти соҳаи селексияи пахтаи кишварамон ҷавоб диҳем, аз дигар тараф самтҳои ҳамгироиии илмро бо истеҳсолот қавитар намоем.
ЧАРО ТЕХНОЛОГҲО НАВЪҲОРО НАМЕСАНҶАНД?
Чуноне аз суҳбат бо олимон маълум гашт, навъҳои маҳаллии пахтаи мо берун аз ҷумҳурӣ кишт намешаванд. Саволе ба миён меояд, ки агар навъҳои маҳаллии мо берун аз Тоҷикистон мавриди истифода қарор нагиранд, пас чаро мо ҳамасола аз дигар кишварҳо шаҷара (линия)-и пахтаи онҳоро барои омӯзиш қабул мекунем? Ин паҳлуи масъала минбаъд бояд мавриди назари селексионерони тоҷик қарор гирад.
Имрӯз бо ифтихор ҳарф мезанем, ки пахтаи тоҷик аз қадим бо нишондиҳандаҳои сифатии худ шуҳрат дорад, аммо иқрор намешавем, ки чаро алҳол ин шуҳратро аз даст додааст? Чун ба воқеият назар намоем, маълум мегардад, ки айни замон дар назди Агентии «Тоҷикстандарт» шуъбаи бозрасии пахта ва пилла фаъолият менамояд, ки ҳадафи он на баҳогузориии нахҳо, балки додани сертификатсия аст. Бо назардошти ин, мебояд сари масъалаи ҷалби мутахассисон аз хориҷи кишвар андеша кард. Зеро танҳо муҳандисони баландихтисос метавонанд ба навъҳои офаридаи олимон баҳои воқеӣ дода, нақши навъҳоро дар рушди соҳаи нассоҷӣ муайян намоянд.
ХУСУСИЯТҲОИ ГЕНЕТИКИИ НАВЪҲО БОЯД ТАҲҚИҚ ШАВАНД
Паҳлуи дигари масъала. Як олими соҳа 16 навъи пахта офарида, ба гуфтаи худаш, ҳамаи онҳо давраи селексиониро гузаштаанд. Агар чунин аст, чаро то ҳол дар кишвар шаҳодатномаи генетикии ҳар як навъ вуҷуд надорад? Дар ҳоле, ки бояд як навъ аз дигараш бо хусусиятҳои хоси генетикиаш фарқ кунад. Алҳол муаллифон умумият ва фарқияти ҳар як навъро бо хусусиятҳои морфологӣ, ҳосилнокӣ, доштнокӣ ва баромади нах, вазни ғӯза ва ғайра баён менамоянду халос. Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоям, ки ё дар дохили ҷумҳурӣ ва ё берун аз он бояд хусусиятҳои хоси ҳар як навъи офаридаи олимон аз лиҳози генетикӣ мавриди таҳқиқ қарор гирад.
Ҳадаф аз овардани чунин далелу андешаҳо он аст, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ кафедраи «Технология ва таҷҳизоти саноати нассоҷӣ» ва дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кафедраи «Коркарди технологияи маҳсулоти нассоҷӣ» амал менамоянд. Устодони ин кафедараҳо холисона иқрор шуданд, ки доир ба навъҳои нави пахта ва сифати нахҳои онҳо маълумоти қофӣ надоранд. Аз ин рӯ, наметавонанд сари вақт ба донишҷӯён маълумоти заруриро оид ба муаммо ва мушкилоти соҳаи нассоҷӣ пешниҳод намоянд. Ба андешаи мо, хуб мешуд минбаъд дар ҳамоишҳои илмии селексияи пахта олимону муҳандисони соҳаи нассоҷӣ низ ҷалб карда шаванд, то ҳамкории онҳо ба ҳалли ин мушкилот мусоидат намояд.
Ҳасан АСОЕВ, коршиноси масоили экологӣ
Санаи нашр: 29.07.2024 №: 141
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)