ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ҶУМҲУРИЯТ” МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАРБИЯИ КАДРҲОСТ

“ҶУМҲУРИЯТ” МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАРБИЯИ КАДРҲОСТ

29 июл 2024, Душанбе
18
0


Ба  муносибати 100-солагии рӯзномаи  “Ҷумҳурият” – Нашрияи  расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  собиқадори матбуот, рӯзноманигори  шинохта Шозодамуҳаммад Мамадшерзодшоев (Ш. Шерзодшоев), ки солиёни зиёд дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» фаъолияти пурсамари журналистӣ дошт, хотираҳояшро ба хабарнигори имрӯзаи нашрия чунин иброз дошт: 
– Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1959 ба шуъбаи арабии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 1964 бо муваффақият хатм намудам. Солҳои 1964 - 1966 ходими илмии шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон  будам,  зеро  ба фалсафа шавқи зиёд  доштам, вале бистарӣ будани модар ва сабук кардани заҳматҳои падар, ки деҳқон буд, маро водор сохтанд, ки ба зодгоҳ, ба шаҳри Хоруғ баргардам. 
Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ бо рӯзномаҳо ҳамкорӣ мекардам. Аз ҷумла, як мақолаам бо ҳаммуаллифии арабшиноси шинохта Демидчик Владимир Павлович дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” интишор гардида буд. Аз ин рӯ, барои дарёфти кор ба рӯзномаи «Бадахшони советӣ» муроҷиат намудам ва пас аз санҷиш ба сифати хабарнигор ба кор гирифтанд. Сипас, солиёни зиёд дар вазифаи мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқи рӯзнома кор кардам. 
Охирҳои соли 1974, баъди муҳаррири рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” таъин гаштани хабарнигори махсуси рӯзномаи “Правда” дар Тоҷикистон Ғоибназар Қаландаров, дар рӯзнома тағйироти кадрӣ ба амал омад. Аз ҷумла, вазифаи хабарнигори махсуси “Тоҷикистони советӣ” дар Бадахшон низ озод шуд. Вале бисёр журналистони хуби он давра ба далели ин ки дар “Тоҷикистони советӣ” талабот зиёд аст ва хабарнигорон зуд-зуд иваз мешуданд, ба кор дар ин нашрия ҷуръат намекарданд. Маро ҳам ба мақомоти вилоятӣ даъват намуданд, мазмун, интихоб сари ман афтод, лекин ман ҳам ҷавоби рад додам. Баъди чанд муддат аз ин ҳодиса котиби масъули рӯзнома Мазҳабшо Муҳаббатшоев ба сафари хидматӣ ба вилоят омада, ҳангоми боздид аз ноҳияҳо маро бо худ гирифт. Дар ҳамин сафар М. Муҳаббатшоев диламро ба кор дар “Тоҷикистони советӣ” гарм карду маро барои гузаштан аз санҷиши эҷодӣ ба идораи рӯзнома хонд. Вақте ба Душанбе расидам, рӯзи истироҳат буд, аммо котиби масъулро дар ҷойи кораш ёфтам. Ҳамроҳ ба дафтари кории муҳаррир даромадем, як соат Ғ. Қаландаров суол медоду ман посух мегуфтам. Боз як моҳи дигар барои таъин ба вазифаи хабарнигори рӯзнома дар ВМКБ интизори машварати бюрои КМ ҲК Тоҷикистон шудам. Дар ин давра маро ба шуъбаҳои рӯзнома вобаста карданд ва ба сифати таҷрибаомӯз мақола менавиштам. Рӯзноманигори босалиқа Мирзо Шукур мақолаҳоямро зери қалами таҳрир мекашид. Дасти мадади Мамадалишо Ҳайдаршо ҳам ба ман расид, то охири моҳ 5-6 мақолаам чоп шуд. Мутаассифона, номзадии маро дар бюрои навбатӣ баррасӣ накарданд. Ғ. Қаландаров қарор дод, ки ба Бадахшон баргашта, интизори занги телефони онҳо шавам. Баъди ҳафтае Нусратулло Дорғабеков, муҳаррири рӯзномаи “Бадахшони советӣ” хабар дод, ки Ғоибназар Қаландаров телефон карда, гуфтааст, ки дар бюрои Кумитаи Марказӣ дар асоси натиҷаи таҷрибаомӯзӣ маро хабарнигори махсуси “Тоҷикистони советӣ” дар ВМКБ таъин намуд. Ҳамин тариқ ман дар рӯзномаи рақами яки ҷумҳурӣ 18 сол кор кардам. Фаъолият дар “Ҷумҳурият” беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти ман буданд. Ин нашрия, воқеан, як мактаби бузурги эҷодӣ буд ва тавре мушоҳида мекунам, ҳоло ҳам ин пешоҳангиро дар кишвар нигоҳ медорад. Дар ин ҷо рӯзноманигорон ва адибони барҷаста, ба мисли Ғоибназар Қаландаров, Нур Табаров, Ибод  Файзулло, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Раҷаб Мардон, Турдиалӣ  Бойбобоев,  Мамадвафо Мамадризоев, Мирзо Шукур, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Мутеулло Наҷмиддинов, Шафқат  Саидов, Мусалламхон Баҳриддинов, Салимшо Ҳалимшо, Султон Шоҳзода, Амонбек Шоҳзоданасимов фаъолият доштанд ва муҳити созандаи эҷодие, ки онҳо ба вуҷуд оварда буданд, ба рушду парвариши кадрҳо мусоидат мекард. Айни ҳол, баъзан масъулини васоити ахбори омма аз нарасидани кадрҳои ҷавони соҳибистеъдод шикоят мекунанд, ки аз рӯйи адолат нест. Истеъдодҳоро бояд ҷуст, парвард ва дастгирӣ кард. Кадрҳо танҳо дар муҳити эҷодӣ месабзанд ва маҳз ҳаминро ман имрӯз дар “Ҷумҳурият” мебинам.
Зимистони соли 1975 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 50-солагии “Тоҷикистони советӣ” чорабинии бошукӯҳ ва хотирмоне доир гардид. Аз номи Ҳукумати Тоҷикистон И. Қаландаров, мудири шуъбаи пропаганда ва агитатсияи КМ ҲК Тоҷикистон дар он иштирок ва суханронӣ кард, ки ин ҳам аз нуфузи рӯзнома дар назди давлат ва ҷомеаи он давр шаҳодат медод. Вале барои ман ин чорабинӣ аз он ҷиҳат хотирмону нотакрор буд, ки дар он чунин шахсиятҳои бузург, мисли адибон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Меҳрубон Назаров, роҳбарони идораву муассисаҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва боз даҳҳо номбардорони миллат, ки аксарашон пеш дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” фаъолият бурдаву қаламашонро дар ҳамин ҷо рост карда будаанд, ширкат меварзиданд. Мо, кормандони нисбатан ҷавонтари рӯзнома, аз он ифтихор доштем, ки дар сафи ин нобиғаҳо нишастаем. Аз суҳбатҳои ширинашон хеле баҳра бурдем. Суханони меҳромези Мирзо Турсунзода ҳоло ҳам дар гӯшам садо медиҳанд: “Рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” аз аввали таъсисёбиаш дар ташаккули зиёиёни ҷумҳурӣ саҳми босазо гузоштааст”. 
Матбуотро барҳақ оинаи зиндагӣ меноманд. Дар он бояд тамоми паҳлуҳои ҳаёти мардум инъикос ёбанд. Имрӯз ин рисолатро аҳли эҷоди “Ҷумҳурият” сарбаландонаву содиқона ба ҷой оварда истодаанд. Онҳо, тавре мушоҳида мекунам, ҷавон бошанд ҳам, чун рӯзноманигор хеле камол ёфтаанд. Боиси хурсандист, ки рӯзноманигорони ин ҷаридаи бонуфуз бо сухани нишонрас ба дилу афкори хонанда таъсиргузор ва дар ташаккули мавқеи иҷтимоӣ ва мафкуравии ҳар фарди ҷомеа нақши фаъол гузошта метавонанд. Бозтоби воқеии ҳаёти ҳаррӯзаамонро дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармало мушоҳида мекунам. Бо камоли майл аҳли эҷоди рӯзномаро ба ифтихори ин санаи муҳим таҳният мегӯям ва дар бароварда сохтани ҳадафҳои вазифавӣ барояшон комёбиҳо таманно дорам.              
    
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.07.2024 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив