ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАРОҒИ ДУО

ЧАРОҒИ ДУО

29 июл 2024, Душанбе
8
0
Як  дуои модар эмин дорад аз садҳо хатар,
Бигзаронад аз миёни сад балоят безарар.
Як дуои модар аз сад ганҷи Қорун беҳтар аст,
Ҳар дуои ӯ чу туморе бувад, к-орад зафар.
 
Муттакои рӯзгори ман дуои модар аст,
Сирри бахти ман, барори ман дуои модар аст.
Ҳамду бисмиллоҳи ман, мушкилкушои роҳи ман,
Зӯри дил, файзи канори ман дуои модар аст.
 
Бигзаронад зинда аз сад маргу туфони бало,
Берун орад аз дили чоҳу зи коми аждаҳо,
Он қадар нолад, ки то даргоҳи Ҳақ раҳ во кунад,
То бирезад бар сари ту лутфу эҳсони Худо.
 
Модари ман - Меҳани ман, қалъаи виҷдони ман,
Аз ҳама он дури дуриҳо балогардони ман. 
Бо дуои ту дар ин дунё саодат ёфтам,
Ҳам дар он дунё дуоят бод пуштибони ман
 
ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ ДАР РӮИ ЗАН АСТ
Файзи дунё дар фаросӯи зан аст,
Ҳусни Истиқлол дар рӯи зан аст.
 
Аз ҳама волотарин тахти ҷаҳон
Дар бари модар, ба паҳлуи зан аст.
 
Зиндагӣ имрӯз агар шодоб шуд,
Аз насими поки сарҷӯи зан аст.
 
Осмони беғубори зиндагӣ
Аз сафои поки менӯи зан аст.
 
Мо – ҳама  мадюни заҳматҳои ӯ,
Зиндагӣ подор бо бӯи зан аст.
 
Қалъаи амнияти подори мо,
Ман аминам, дар сари кӯйи зан аст.
 
Зан сари болову пирӯзии мост,
Рӯйи ҳастӣ, рӯйи хушрӯи зан аст.
Камол НАСРУЛЛО, 
Шоири халқии Тоҷикистон 
Санаи нашр: 29.07.2024 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив