ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОРДЕНИ ДӮСТӢ.  АЗ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ ТО ЭЪТИРОФИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН

ОРДЕНИ ДӮСТӢ.  АЗ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ ТО ЭЪТИРОФИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН

30 июл 2024, Сешанбе
23
0
Толори бошукӯҳи Қасри миллат. Сарвари давлат бо салобати ба худ хос дар пештоқи он истода. Бо мушояати афсарони қаровули фахрӣ ордени Дӯстӣ – мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба саҳна оварда мешавад. Садои кафкӯбии мутантани аҳли толор мусиқиро пахш намуда, ба дару девору сақфи қаср мепечад. Пушти оинаи нилгун як Тоҷикистон ифтихор мекунад. Ифтихор аз чунин фарзанде, ки фахри дунё шуда; ифтихор аз чунин фарзанде, ки ба баҳои ҷон ин Ватан – хонаи умеди худу тамоми тоҷикони дунёро бунёд кард; ифтихор аз чунин фарзанде, ки ба эҳтиромаш бори аввал яке аз волотарин ҷоизаҳои як давлати абарқудрат берун аз марзаш тақдим шуд…
Он рӯз чеҳраи хурду бузург гул карда буд, халқ беихтиёр хурсандӣ менамуд. Шодмониашро касе сари роҳ ба дигаре баён мекарду нафаре дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳарфи меҳр мекошт, рӯзгордидагон дар ҳаққи фарзанди маҳбубашон дасти дуо мебардоштанд. Дар кӯтоҳтарин фурсат ин навид дар сархати расонаҳои машҳури дунё: сар карда аз Чин то Россияву Туркия қарор гирифт. 
Ин ҷоиза, бемуҳобот, самари сулҳдӯстиву ваҳдатофаринии Пешвои миллат аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тавонистанд бо кишварҳои дунё равобити хуби дӯстонаро ба  роҳ монанд, инчунин, посдори риштаҳои дӯстии бисёрсола бо аҳли олам бошанд. Аз ҷумла, ҳамчун меросбари ниёгони бошараф, нигоҳ доштани равобити дӯстонаро бо Чин қарзи фарзандии худ мешуморанд, ки дар мусоҳиба бо агентии «Синхуа»-и Чин арз доштанд: «Мардумони мо давоми асрҳои зиёд ҳамсояи вафодор будани худро борҳо исбот кардаанд. Аз ин рӯ, мо, ворисони ин дӯстии бузургро зарур аст, ки ин анъанаи некро идома дода, онро ба наслҳои оянда боқӣ гузорем». 
Си Ҷинпин низ бо арзи эҳтиром ба имрӯзиёну гузаштагони миллати тоҷик, зимни суханронӣ байти машҳури устод Рӯдакиро иқтибос меорад, ки нишони оламгирии адабу фарҳанги волои мост:
«Дар ин рӯзҳои фараҳбахши тобистон ман бо даъвати Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари давлатӣ омадам. Ин сафари сеюми ман ба Тоҷикистони афсонавӣ аст. Бори охир ман панҷ сол пеш ба Тоҷикистон сафар карда будам. Чунончи, шоири маъруфи тоҷик Рӯдакӣ фармудааст: 
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон. 
 
Ҳамин гуна дидорбинӣ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон мехоҳам доир намоям, то ки уфуқҳои нави муносибатҳои Чину Тоҷикистон боз гардад».
Ниёгони мо ҳанӯз ҳазорсолаҳо пеш тарғибгари ғояҳои дӯстӣ буданду ҳамеша мардуми оламро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ мехонданд. Имрӯз бошад, дар симои Ҷаноби Олӣ мешавад чунин нафарро дид, ки сулҳофариашон намуна барои аҳли башар гаштааст. Ҳар касе бо роҳи тайкардаи беш аз сисолаи Тоҷикистон ошност, ба кордониву таҳаммулпазирӣ ва давлатсозии Роҳбари мамлакат сано мехонад. Ин ҳама аз назари Раиси муҳтарами ҳамсоякишвар низ пинҳон намонда, ки афзуда: «Таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард». 
Дар ҳақиқат, роҳе, ки Тоҷикистон бо Сарвари хеш пеш гирифт, роҳи дуруст буд, зеро дар ин роҳ дӯстӣ ва ваҳдати халқҳо афзал аст. Ин роҳ моро то муътабартарин созмонҳову бузургтарин кишварҳо бурд, ки то ба шарики стратегӣ расидан бо қудратманде чун Чин ва дар зарфи солҳои сарварӣ се маротиба ба Тоҷикистон омадани Роҳбари он, намунаи возеҳи ин гуфтаҳост. 
Пӯшида нест, ки мақому манзалати Сарвари давлат дар арсаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз боло меравад ва сиёсатмадорони шинохтаи олам ба шахсияташон арҷ мегузоранд.  Зеро бо кору амали хеш собит карданд, ки бо вуҷуди доштани ҷуғрофиёи на он қадар бузург, метавон дар ҳалли масоили калидии сайёра пешсаф буду ба насли минбаъдаи башар як гӯшаи орому ободро ба мерос гузошт. Аз ин рӯ, тақдими ордени Дӯстӣ ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, болотар аз лутфи дипломатӣ, эътирофи шахсият аст, шахсияте, ки номаш ҳамрадиф бо номи Тоҷикистон садо медиҳад. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.07.2024 №: 142-143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив