ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАРҲАНГ.  РИОЯИ РУКНҲОИ МИЛЛӢ ВАЗИФАИ ҶОНИИ МОСТ

ФАРҲАНГ.  РИОЯИ РУКНҲОИ МИЛЛӢ ВАЗИФАИ ҶОНИИ МОСТ

30 июл 2024, Сешанбе
27
0
Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалишавии дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ки  зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (9-уми марти соли 2024) зикр гардид, нақшаи чорабиниҳои муштараки раёсатро бо сохторҳои дахлдор таҳия ва дар амал татбиқ намуда истодааст. Бахусус, риояи фарҳанги тоҷиконаи либоспӯшӣ, пешгирӣ аз пӯшидани либоси фарҳанги бегона, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ миёни занон аз самтҳои асосии фаъолияти кормандон маҳсуб меёбад.  
Бино ба иттилои Дилрабо Маҳмашарифзода, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсат оид ба масъалаҳои таъмини маданияти шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, идомаи таҳсил ва касбомӯзӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани руҳияи ватанпарастию хештаншиносии ҷавонон, иштирок ва саҳмгузорӣ дар раванди корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили бегонапарастӣ, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, миёни донишҷӯдухтарони хобгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, миёна ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳои осебпазири ноҳияҳои пойтахт пайваста вохӯриҳои судманд доир намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. 
Мавриди зикр аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардида, чунин иқдомҳо барои муаррифии либоси маҳалливу миллӣ, эҳёи суннатҳои неки ниёгон шароит ва имконияти васеъ фароҳам меоранд. Бо назардошти ин, бо мақсади муаррифӣ намудани либоси миллӣ, ки яке аз рукнҳои фарҳанги миллӣ ба шумор меравад, аз 1-уми марти соли ҷорӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии “Аҳмади Дониш”, “Абулқосим Фирдавсӣ”, “Ҷавонон”, “Умари Хайём”, “Куруши Кабир”, Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”, “Боғи ба номи устод Рӯдакӣ”, “Кӯли ҷавонон”, Муассисаи давлатии “Майдони Истиқлол” бо иштироки зиёда аз 3000 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, донишҷӯдухтарони донишгоҳҳои пойтахт аксияи “Тоҷикона мепӯшем” ташкил ва баргузор гардид, ки ба шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт либосҳои миллии тоҷиконаро тарғиб ва муаррифӣ намуданд. Ташкили чунин аксияҳо минбаъд низ дар назар аст. 
– Дар ин замина, масъулини раёсат ва шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, дар ҳамбастагӣ бо сарраёсати маориф, раёсати тандурустӣ, шурои шаҳраку маҳаллаҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода,  ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт миёни занону духтарон доир мекунанд. Аз ҷумла, дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт, Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, марказҳои савдои “Саодат”, “Садбарг”, бозорҳои “Кӯшониён”, “Меҳргон”, “Фаровон”, “Зарафшон”, марказҳои саломатии шаҳрӣ, дорухонаҳо, ошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии пӯшидани либосҳои бегона доир гашта, корбарӣ дар ин самт идома дорад, – гуфт Дилрабо Маҳмашарифзода.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.07.2024 №: 142-143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив