ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ МАСЪУДИ ПИЗИШКИЁН

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ МАСЪУДИ ПИЗИШКИЁН

01 август 2024, Панҷшанбе
9
0
 
30-юми июл дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён иштирок намуданд.
Барои иштирок дар ин маросим намояндагони воломақоми наздики 80 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла як қатор сарварони давлатҳо, роҳбарони парлумонҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои гуногун, ҳамчунин, намояндагони созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба Теҳрон ташриф оварданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, пас аз ду даври интихоботӣ Масъуди Пизишкиён ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузида шуд.
30-юми июл Масъуди Пизишкиён зимни маросими савгандёдкунӣ расман ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба фаъолият шуруъ намуд.
 
Санаи нашр: 31.07.2024 №: 144
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив