ГУСТАРИШИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ БАРРАСӢ ГАРДИД
Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ доир ба ҷанбаҳои мухталифи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари бародар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Зикр гардид, ки арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунии кишварҳои ҳамзабон заминаи устувори муносиботи дуҷонибаро ташкил медиҳанд.
Зимнан, аз раванди таҳкиму густариши робитаҳои парлумонӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ шуд.
Таъкид гардид, ки робитаҳои мақомоти қонунгузор дар фароҳам овардани заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, нақши муҳим доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи муколамаи созандаи байнипарлумониро ба суди кор арзёбӣ намуда, аз Муҳаммад Боқири Қолибоф даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб ташриф биёранд.
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)