ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧӢ ХИЗМАТ БИКУНАМ?

ЧӢ ХИЗМАТ БИКУНАМ?

02 август 2024, Ҷумъа
14
0
Медонам, ҳар кадоми шумо агар на 100 бор, ақаллан 20 бор ин пурсишро аз одамони наздикатон ҳатман шунидаед.
Медонам, бо хоксориву фурӯтание, ки доред, посух гуфтаед: -Ҳеҷ.
Саволдиҳанда чун ин посухро бо шодмонӣ мешунавад, бо ифодае, “шерак” шуда, боз маҷбуратон мекунад: -Не, гап зан. Амр кун. Мо барои ҳамин рӯз барои ҳамдигар пур даркорем ва бояд даст бигирем.
Боз бо содагиву дилсофие, ки доред, мегӯед: -Не, ба ҳеҷ чиз ниёз надорам, ташвиш накашед!
Миннатдор шудед? Аслан, бовар кардед? 
Шумо бо мушкилот рӯ ба рӯ шудаед. Роҳи ҳал меҷӯед. Ба ёрӣ дар ин маврид бисёр ниёз доред. Шояд эҳтиёҷ ба маблағ дасткӯтоҳатон кардааст. Не?! Чаро ҳақиқатро иброз намедоред? “Не” гуфтан осон аст, чунки пас аз он аҷаб нест, ки ба ҳама пурсишҳо нуқта бигузоранд ва аз ин ранҷ раҳоӣ ёбед.
Муҳтарам мушкилнописанд, балки бемори бистарӣ! Чанд суолат медиҳам. Муҳим нест, ки посух бигӯед. Охир ман ранҷҳои бемориро хуб медонам. Не,-аз азоби дардҳо, бехобиҳо, нолишҳо, руҳафтодагиҳо намегӯям.
Хуб, шуруъ мекунем. Пулатон барои харидани доруҳои гаронарзиш, плазма, ҷарроҳӣ, сӯзандоруҳо мерасад? Пули 10 рӯзи дар беморхона хобиданатонро бояд бидиҳед? Пули табобатро ҳам. Ба шумо амр нашудааст, ки доруҳоро аз кадом дорухона бихаред? Ташхисҳо ҳам маблағро хостор нест? Воҳимаҳо шубҳаҳоро барои зинда монданатон тавлид накардааст? Қарздор нашудаед? Ин қарзҳоро оё аз одамоне, ки боре нагуфтаанду намегӯянд “Чӣ хизмат бикунем?” нагирифтаед?
Биёед як бор аз барои Худо, аз барои дарёфти ҳақиқат ба он афрод, ки гӯё “хизмат карданианд” бепарда бигӯед. Бигӯед, ки хизмат ҳаст. Нусхаи дорухатро ба онҳо пешниҳод бикунед, аммо нахуст онро нусхабардорӣ намоед. Мепурсед, ки чаро? Охир на он нусха бармегардад ва на доруҳоятонро меоранд. Аз гурӯҳе хоҳиш бикунед, ки ба пул ниёз доред. Ақаллан қарзатон диҳанд. Сад қасамро мехӯранд, ки ҳамин ҳоло пул надоранд ва ҳам худашон дар баҳри қарз ғарқанд.
Мабодо ба одамони “наздикатон” дар Вотсап бинависед, ки ман бемораму дар беморхона бистарӣ. Пас аз чанд дақиқа хоҳед дид, ки навиштаатон нопадид мешавад ва онҳо гӯё аз бемориятон хабар надоранд.
Мепурсед, ки чӣ бояд кард? Дар посух ба саволи “Чӣ хизмат бикунам?” бигӯед: “Як хизмат бикунед. Хизмат ҳамин аст, ки нагӯед: “Чӣ хизмат бикунам?!. Метавонед? Не?!
Бояд бидонед, одамоне, ки дар ҳақиқат хизмат карданианд, ҳаргиз бо чунин пурсиш ба шумо муроҷиат наменамоянд. 
 
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.08.2024 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив