ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ

05 август 2024, Душанбе
11
0
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷоизадорони бозиҳои олимпиро
қадр мекунад
Бо пуштибонӣ аз сиёсати созанда ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириву ҳидоятҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ тасмим гирифтааст, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро бо мукофотпулӣ қадр намояд. Ҳамин тариқ, барандагони медали тилло 20000 доллари ИМА, медали нуқра – 15000 ва медали биринҷӣ 10000 доллари ИМА дарёфт мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж -2024 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мешавад: ҷойи якум – 300000 сомонӣ, ҷойи дуюм – 250000 ва ҷойи сеюм 200000 сомонӣ. Илова бар ин, ба медалдорон аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе хонаҳои истиқоматии 3, 2 ва 1-ҳуҷрагӣ дода мешавад.
 
 
 
ФУТБОЛ
Ҷоми Тоҷикистон-2024: иштирокчиёни чорякфинал муайян шуданд
3-4-уми август бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2024 баргузор шуда, иштирокчиёни даври чорякфинал муайян гаштанд.
Бозӣ миёни дастаҳои “Вахш” – “Кӯктош” мусовӣ (1:1) шуд. Дар бозии аввал бохтариҳо бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буданд. “Истаравшан”, ки дар бозии аввал “Душанбе”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода буд, ин бор бо ҳисоби 4:1 пирӯз гашт. “Регар-ТадАЗ” бошад, “Барқчӣ”-ро мағлуб намуд (2:0, бозии аввал – 3:2). “Шодмон” бар “Сардор” (4:0, бозии аввал – 1:1), “Хуҷанд” бар “Файзканд” (10:0, бозии аввал – 3:1), “Равшан” бар “Панҷшер” (2:0, бозии аввал – 6:0), КМВА бар “Ҳосилот” (2:0, бозии аввал – 1:0) ва “Истиқлол” бар “Эсхата” (8:2, бозии аввал  6:1) ғолиб омаданд.
Ҳамин тариқ, тимҳои “Вахш”, “Истаравшан”, “Регар-ТадАЗ”, “Шодмон”, “Хуҷанд”, “Равшан”, КМВА ва “Истиқлол” ба даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Бозиҳои аввали ин давр 23-25-уми август ва бозиҳои ҷавобӣ 30-31-уми август ба нақша гирифта шудаанд. 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.08.2024 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив