ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАНҶАКЕНТ. МУШКИЛИ БЕОБӢ КАЙ ҲАЛ МЕШАВАД? 

ПАНҶАКЕНТ. МУШКИЛИ БЕОБӢ КАЙ ҲАЛ МЕШАВАД? 

06 август 2024, Сешанбе
38
0
 
Баъзе мушкилиҳо дар як мижа задан ҳал мешаванду баъзеи дигар солҳо тул мекашанд. Мушкилоти бо оби полизӣ таъмин кардани деҳаи Ғӯсари деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент аз қабили проблемаҳои дерҳалшавест, ки ба гумони ғолиб боз то як чорсолаи дигар низ ҳамчун муаммои сарбаста боқӣ мемонад. Расо чор сол пеш «Ҷумҳурият» ба ин мавзуъ дахл кард, аммо ҳанӯз мушкил ҳамон аст, ки буд… 
Гап сари ин, ки мардум ҳар баҳор бо умеди сабзондани мазрае ҷониби саҳро мераванду сарсониву саргардониашон оғоз мешавад: об, об, об… Ҳатто, деҳқонон дар аввали мавсим ба фикр фурӯ мераванд, ки чӣ коранд, то обро зиёд талаб накунад. 
Аксари деҳқонон шиква аз он доранд, ки бо даву този зиёд як каф обро то полизашон ба зӯр меоранд, аммо замин онро “ночашида”, хушк мешавад. Баъзан об додани ним ё як гектар замин ҳафтаҳо тул мекашад. 
«Ҳамин сол 40 садяк боғамро як бор об додам, ҳол он ки ҳафт маротиба зарур буд. Юнучқаро бошад, ҳамагӣ ду бор. Маблағро пурра пардохт мекунему обро қариб ки намебинем. Акнун қазоват кунед, бо ин ҳол чӣ гуна картошка парваранд деҳқонони мо?», – мегӯяд кишоварзи таҷрибадор Исрофил Қодиров. 
Воқеан, дар ҳоле ки рӯёндани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин ба амри зарурӣ табдил ёфтааст ва ҳамасола даҳҳо гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешаванд, чӣ монеаест, ки заминҳои обӣ аксар вақт ташналаб мемонанд? 
Масъалаи асосӣ зиёд шудани шумораи хоҷагиҳою нокифоягии оби каналҳост. Яъне, афзудани талабот, камчинии обро ба вуҷуд овардааст. 
– Канали Марғедар  фарсуда шудааст ва имкони бо об пурра таъмин кардани хоҷагиҳоро надорад. Он бояд пурра навсозӣ ва васеъ шавад, то мардум аз мушкилоти беобӣ бираҳад. Дар ин сурат, заминҳои дигарро, махсусан дар деҳаи Дашти Малла, ба гардиши кишоварзӣ даровардан мумкин аст, – ҳалли проблема меҷӯяд И. Қодиров. 
Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода, ки аз мушкили мардум огоҳ аст, бобати ба роҳҳали он чунин ибрози назар кард: 
– Чанде пеш бо роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода якҷоя ба  ҳолати каналҳои Марғедар, Халифа Ҳасан ва заминҳои дар натиҷаи сел вайроншуда бори дигар шинос шудем. Дар ҳақиқат, канали Марғедар куҳна шудааст ва онро барои ғунҷондани бештари об васеъ кардан лозим. Корро аз сарбанд оғоз намудан даркор, ки айни ҳол дар ин самт корбарӣ рафта истодааст. Харҷномаро  омода карда, барои ҷалби сармоя ба Ҳукумат пешниҳод менамоем. Дар сурати дарёфти маблағ, корҳо шуруъ хоҳанд шуд. 
Албатта, роҳбари масъул дар бораи мушкили мавриди назар сухани тозае нагуфт. Аз ин рӯ, яқин аст, ки то мавсими оянда анҷом ёфтани корҳои сохтмонии канал амрест маҳол. Яъне, ин соли охири камобӣ нахоҳад буд. Пас, деҳқонон чӣ кунанд? 
Канали Марғедар бар замми фарсудагӣ, айни замон селроҳа низ ҳаст. Ба таъкиди деҳқонон, ин мавсим каналро ду маротиба сел заду бо сабаби сари вақт тоза нашудан, заминҳо беоб монданд. Аз тарафи дигар, истифодаи нодурусти об аз ҷониби кишоварзон проблемаи ҳалталаб аст. Заминҳое, ки дар болообанд, ба таври фаровон шодоб мешаванд, аммо поёноббудаҳо дар ҳоли зоранд. Баробарии тақсимоти оби каналеро, ки бе ин ҳам барои пурра обёрӣ намудани заминҳо нокифоя аст, кӣ бояд танзим кунад? То навсозии канал, ягона роҳи ҳалли мушкил, ҷорӣ кардани интизоми дурусти обёрист. Ин масъулиятро сохторе пурра ба зимма мегирад ё ҳамоно мушкилро идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба сари ҳамдигар бор мекунанд? 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.08.2024 №: 148-149
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив