ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

06 август 2024, Сешанбе
14
0

 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Гурҷистон муҳтарам Саломе Зурабишвили омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ, Президенти муҳтарами Гурҷистон!
Лутфан табрикоти самимии инҷонибро ба муносибати санаи муҳим дар таърихи муосири робитаҳои кишварҳои мо – 30-солагии барпо кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон қабул фармоед.
Мардумони моро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ  ба ҳам мепайванданд.
Тули се даҳсолаи сипаришуда ба кишварҳои мо муяссар гардид, ки ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ густариш дода, таҳким бахшанд.
Мо дорои таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ дар заминаи сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба мебошем. Дар чорчӯби СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамдигарро пайваста дастгирӣ менамоем.
Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Гурҷистон минбаъд ҳам рушд ёфта, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар мазмуну муҳтавои нави амалиро касб хоҳанд кард. 
Ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, саломатии бардавом ва дар фаъолияти касбиатон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Гурҷистон сулҳу субот, некуаҳволӣ ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».
 
 
Дар барқияи табрикии Президенти Гурҷистон муҳтарам Саломе Зурабишвили ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Шуморо аз номи мардуми гурҷӣ ва шахсан аз номи худам ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Гурҷистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Аз соли 1994 то ба имрӯз равобити Гурҷистону Тоҷикистон босамар густариш меёбанд. Итминон дорам, ки мо барои рушду таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии Гурҷистону Тоҷикистон ба хотири шукуфоии мардумонамон дар оянда низ қадамҳои муҳим хоҳем гузошт. 
Ҷаноби Олӣ, бо арзи эҳтироми амиқ, ба Шумо дар фаъолияти пурмасъулатон дар ҷодаи хидмат ба мардуми кишваратон муваффақиятҳо ва ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу шукуфоӣ орзу дорам».
Санаи нашр: 06.08.2024 №: 148-149
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив