ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАР ФАЗОИ РУҲБАХШИ ИСТИҚЛОЛ

ДАР ФАЗОИ РУҲБАХШИ ИСТИҚЛОЛ

06 август 2024, Сешанбе
23
0
 
Истиқлоли комил дар ҳама давру замонҳо нишондиҳандаи пойдории халқияту миллат буд ва нигоҳ доштану ҳифзи бегазанди ҳамешагии  ин рисолати ифтихорбахш, аз муҳимтарин шарафи инсонӣ ҳисоб меёбад. 
Тоҷикон чун сокинони азалии Осиёи Марказӣ, дар саргаҳи тамаддуни ин сарзамини доманфарох қарор дошта, дар тули ҳазорсолаҳои таърихи худ борҳо шаҳди соҳибдавлатӣ ва заҳри бедавлатиро чашидаанд. 
Пӯшида нест, ки анъанаҳои давлатофарии  тоҷикон аз қаъри асрҳои қадим ибтидо гирифтааст. Бозёфтҳои ҳафриёти Саразм аз таърихи панҷунимҳазорсолаи оғози ин раванд дарак медиҳанд. Дар ин  сарзамин асрҳои VIII-VI то милод  хоразмиён, суғдҳо, бохтарҳо, парфиягиҳо... дар зинаҳои аввали давлатдории аҷдодӣ қарор доштанд. Аз ин рӯ, сарманшаи давлатдории тоҷикон ва сохтори онро аз ҳамон давра бояд ҳисоб кард.
Чунин фаҳмиш мақому манзалати Давлати Сомониёнро маҳдуд накарда, баръакс ба падидаи таърихии давлатдории тоҷикон тобиши тоза мебахшад. Чунки, Давлати Сомониён на танҳо камолоту мутамарказии қавии давлатдорӣ, инчунин, намунаи олии давлатдории классикӣ ва ташаккули пурраи халқияти тоҷик ҳисоб меёбад. 
Баъди бо тақозои тақдир соли 999 пош хӯрдани Давлати абарқудрати Сомониён, таърих боз чанд кӯшиши бобарори давлатдории тоҷиконро бо унвони давлати Ғуриён (1149-1215), Сарбадорон (1335-1383) медонад, ки чун дурахши ситораи пурҷилое пайдо шудаву ба таври фоҷиавӣ аз байн рафтаанд. Ин давлатҳо, табиист, ки ба ҳадди меросбару  идомабахши Давлати Сомониён нарасида бошанд ҳам, чун намунаи талошмандии қавии тоҷикон барои ҳокимияти сиёсӣ ва давлатдории мутамарказ шинохта мешаванд.
Воқеияти таърихии охири асри XIX – ибтидои асри  XX, хосатан ғалабаи Инқилоби Октябр дар тақдири халқҳои мазлуми империяи Русия барои эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ  заминаи мусоид фароҳам овард. Дар воқеъ, натиҷаи назаррастарини инқилоб барои тоҷикон асоси қавӣ гузоштан ба оғози эҳёи давлатдории ин халқи азалии Осиёи Марказӣ ҳисоб меёбад. 
Бо эҳсоси ҳамин воқеият, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Инқилоби Октябр ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн рафтани  сулолаи Сомониён боз соҳибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард”. 
Аз ин рӯ, Инқилоби Октябр ва дигаргунсозиҳою дастовардҳои бесобиқаи ба туфайли он рӯйи кор омадаро эътироф накардан, маънии аз ҳақиқати таърих қасдан фосила  ҷустан ё нишондиҳандаи батамом таърихноогаҳист. Дар воқеъ, ба дасти  шуроҳо гузаштани низоми давлатдорӣ барои бедор намудан ва ба маҷрои зарурӣ сафарбар намудани неруи созандаи тоҷикон шароити мусоид муҳайё намуд. 
Ба нақши Инқилоби Октябр ва дастовардҳои Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шуравӣ Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” баҳои ниҳоят воқеъбинона дода, аз ҷумла таъкид менамоянд:  “Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби ҳудуд кард ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд. Барои мардум танг ҳам бошад, майдони кор ва эҷоду фаъолият муҳайё сохт. Оҳиста-оҳиста дар водиҳои нообод ва кӯҳистонҳои дурдаст деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳои обод бунёд гаштанд. Мактабу маориф ва илму фарҳанг босуръат инкишоф ёфт. Фарзандони халқи тоҷик бо мададу дастгирии бародаронаи олимони русу украин ва дигар халқҳо дар кашфи нодиртарин соҳаҳои илм ангуштнамо шуданд...  Эҳсоси ифтихор ва худшиносии миллати тоҷик қувват гирифт. Дар радифи дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо рӯ ба тараққӣ овард ва ба як мамлакати ободу зебо табдил ёфт”. 
Давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ, ки бо тақозои таърих, ба талаби воқеияти замон сарфаҳм нарафтани роҳбарияти он,  раванди суръатафзои пешини худро таъмин карда натавонист ва дар нимаи дуюми солҳои  80-уми асри ХХ ҳар чи бештар ба гирдоби буҳрони шадиди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеаро фарогир кашида шуд.   
Дар баробари торафт авҷ гирифтани талаби ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ, мисли дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ   кишвари мо низ ба  мавҷи ҳаракати ҷудоихоҳӣ кашида шуд. Ташаббускори он ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятие шуданд, ки дар аввал бо иқдоми гӯё барои ҷомеа фоидабахш амал менамуданд. Вале  баъди каме қувват гирифтан, барои ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекардагӣ шуданд. 
Солҳои 1989-1990 гурӯҳу маҳфилҳои сиёсӣ, аз қабили созмони ҷавонони «Рӯ ба рӯ», ки дар Душанбе таъсис ёфта буд, дар вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳфилҳои  «Ошкоро», “Эҳёи Хуҷанд”, «Дирафши Ковиён»  ва «Таҷдид» ба вуҷуд омаданд. Ҳамчунин, дар маҳалу минтақаҳои гуногун ҷунбишу созмонҳои «Бохтар», «Самарқанд», «Куруши Кабир», «Суғдиён», «Ваҳдат», «Пайванд» ва баъди чанде созмони мардумии «Растохез» оғози фаъолият намуданд. Дар ин солҳо созмонҳои «Лаъли Бадахшон», «Ҳисори Шодмон», «Меҳри Хатлон», «Зарафшон», «Истаравшан», «Ватан», «Хуҷандиён», «Ҳамдилон», «Носири Хусрав» ва ғайра фаъолият доштанд, ки ҳар кадоме дар доираи биниши танги маҳали худ амал мекард. Дар маҷмуъ, талоши онҳо аз курситалабӣ, ҷудоиандозии миллӣ беш набуд.
Воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 муттаҳид шудани қувваҳои сиёсии зиддиҳукуматӣ дар ҷумҳурӣ аз  заиф гардидани системаи идораи шуравӣ дарак медоданд. 
Падидаи назаррастарини ин давраи  шадиди муқовимати сиёсӣ, дар он зоҳир гардид, ки  Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), 24-уми августи соли 1990 Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард. Ин аввалин санаде буд, ки аз наздик шудани Тоҷикистон ба истиқлоли воқеӣ башорат медод. Хусусияти ба тақозои замон созгори Эъломияи  истиқлолияти Тоҷикистон дар он зоҳир мегашт, ки он дар доираи назардошти мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ қабул гардида буд.  
Баъди воқеаҳои моҳи августи соли 1991 (кӯшиши бебарори аз ҳокимият дур кардани Михаил Горбачёв), саъю талоши ба даст даровардани истиқлолияти комил аз тарафи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ боз фаъолтар гардид.   
Натиҷаи ин амали истиқлолиятхоҳии  ҷумҳуриҳо барои Тоҷикистон бетаъсир буда наметавонист. 9-уми сентябри соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, ҳуҷҷати муҳими таърихӣ «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки дар асоси он ҷумҳурӣ расман соҳибихтиёр эълон шуд. Ин аз диди таърих натиҷаи ниҳоии зинаҳои тақдирсози эҳёи давлатдории тоҷикон ҳисоб меёбад.
Соли 1991 шиддат гирифтани моҷароҳои сиёсӣ ва майдоннишиниҳои бардавом ба эътирофи расмии ҳизбҳои навтаъсиси сиёсӣ оварда расонд. Ҳизби демократии Тоҷикистон 21-уми июн ва Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон 4-уми декабри соли 1991 расман ба қайд гирифта шуданд. 
Ҳанӯз муждаи мустақилияти Тоҷикистон аз гӯшҳо нарафта, бо кӯшиши душманони миллат, курсихоҳони маҳалбоз, муллотарошони дунёбехабар, думравони ғаразманди хориҷӣ аз ноуҳдабароии роҳбарони сиёсии онвақта истифода бурда, онро ба гирдоби даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Аз маъракаи интихоботии президентӣ (ноябри соли 1991) то Иҷлосияи ХVI таърихии Шурои Олӣ (ноябри соли 1992), яксолаи хавфноктарину мудҳиштарини таърихи ҷадиди тоҷикон ҳисоб меёбад.
Президенти тозаинтихоб Раҳмон Набиев, ки чанд сол аз вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ дур шуда буд, дар чунин вазъият раванди воқеаҳоро ҷилавгирӣ карда натавонист.  Ӯро иҷборан аз вазифа ронданд. Буҳрони сиёсӣ шиддат мегирифт. 
Буданд қувваҳое, ки аз пора гаштани Тоҷикистон, манфиат меҷустанд. Дар ин амали зишту фоҷиабори онҳо, албатта, дасти муқтадири душманони хориҷӣ эҳсос мешуд. Ноустувории сиёсӣ торафт авҷ мегирифт. Ҳароси фоҷиаи мудҳиш боҷуръаттарин солимфикрони ҷомеаро низ фаро гирифта буд. 
Оғози гирдиҳамоии бардавоми моҳи сентябри соли 1991, аз тарафи қувваҳои мухолифини давлатӣ ғасб кардани Телевизиони марказӣ, муқобили ҳамдигар қарор гирифтани гирдиҳамомадагони майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ» (апрел-майи соли 1992), таъсиси Ҳукумати муросои миллии бесалоҳият (май-ноябри соли 1992), дар фурудгоҳи Душанбе бо зӯри силоҳ  ба истеъфо маҷбур кардани  Президент Раҳмон Набиев, нишонаҳое буданд, ки ба гирдоби фоҷиаи мудҳиш кашидани Тоҷикистон дарак медоданд.
Ниҳоят, 5-уми майи соли 1992 дар бинои Шурои Олӣ ваҳшиёна паррондани сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», вакили Шурои Олӣ  Муродулло Шералиев, дар деҳаи Оли Совети ноҳияи Ленин тирборон кардани мардуми бесилоҳ, террори Прокурори генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, ба қатл расондани муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони халқи вилояти Кӯлоб, ҳуҷум ба Кумитаи амнияти давлатӣ, силсилаи воқеаҳое буданд, ки аз оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дарак медоданд.  Ҷанг муддате нагузашта вилояти Қӯрғонтеппаро фаро гирифт. Хавфи ба дигар ноҳияҳо доман паҳн кардани он меафзуд.
 Ба бахти тоҷикон ва тамоми тоҷикистониён, бо мушкиливу ташвишҳои зиёде бошад ҳам, ҷаласаи тақдирсози ХVI Шурои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд кори худро оғоз намуд. 
Иҷлосия дар сурате оғоз ёфт, ки тамоман фалаҷ гаштани ҳокимият, ба касе пинҳон намонда буд. Аз рафти иҷлосия мушоҳида мешуд, ки Ҳукумати расмӣ ҷилави давлатдориро аз даст додааст. 
Дар ҷаласаи машваратии 17-уми ноябр баргузоргардида, раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, аз вазъи ниҳоят ногувори озуқавории вилояти Кӯлоб изҳори нигаронӣ  намуд. Ӯ доир ба масъалаи ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ чунин изҳор дошт: «Ҷанги шаҳрвандӣ хисороти азимеро ба бор оварда, сабабгори ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон гардид. Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд. Давом додани хунрезӣ беақлист ва ба он мекӯшем, ки дар ҳар як хонавода сулҳ, оромӣ ҳукмфармо бошад. Маҳз бо ҳамин мақсади олӣ мо ба иҷлосия омадем». Суханронии ӯ кӯтоҳ ҳам бошад, бо масъалагузориҳои мушаххас фарқ мекарду таваҷҷуҳи вакилонро ба худ ҷалб менамуд.
18-уми ноябри соли 1992 ҳамчун рӯзи якуми кории пурмаҳсули Иҷлосия дар саҳифаи таърих ворид шуд. Ба баррасии вакилон лоиҳаи рӯзномаи Иҷлосия пешниҳод  гардид. Дар он масъалаҳои Муроҷиати Шурои Олӣ ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба Тоҷикистон ворид кардани қувваҳои посдори сулҳ, оид ба аризаи Президент Раҳмон Набиев, доир ба боздошти идораи президентӣ, дар бораи Раис ва аъзои раёсати Шурои Олӣ ва Ҳукумат, дар бораи қатъ кардани ваколати баъзе вакилон, дар бораи аз вазифа озод намудани муовини Раиси Шурои Олӣ В.И.Приписнов, дар бораи Раиси Девони Вазирон, дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар бораи Додситони кулли ҶТ, дар бораи Парчам ва Нишони ҶТ, дар бораи авфи умумӣ, дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва дигар масъалаҳои ҷорӣ муҳокима ва тасдиқ гардиданд. 
19-уми ноябри соли 1992 Иҷлосия масъалаи интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Ба ин вазифа аз тарафи намояндаи халқ А. Мирзоев  (ноҳияи Ҳисор) номзадии вакили халқ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гашт. Натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ чунин шуд: аз 197 вакил, ки дар Иҷлосияи XVI иштирок дошт, 186 нафар ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз дод. Тибқи Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 109 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Дар Иҷлосия раисони кумитаю комиссияҳои Шурои Олӣ интихоб шуданд. Раиси Шурои Вазирон ва дигар аъзои Ҳукумат низ интихоб гардиданд. 
Ҳамин тариқ, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои вазифаҳои таърихии худ баромад, барои таҳкими Ҳокимияти давлатӣ, нигаҳдошту ҳифзи истиқлоли кишвар, муайян намудани самтҳои асосии инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёдии ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи ҳалкунанда ба вуҷуд овард. Ҳамаи қарору қонунҳои дар Иҷлосия қабулгардида, барои пойдории мамлакат, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини истиқлоли воқеӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ таҳкурсии муътамад гузоштанд. Бояд таъкид кард, ки дар ин Иҷлосия 74 номгӯйи санадҳои ҳуқуқӣ қабул шуданд.
Маҳз бо туфайли амалӣ гардидани ҳамон қарору қонунҳои Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ҳарчанд ки дар ин ҷода мушкилоти сангинеро  бо сабаби идома ёфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ паси сар кардан лозим омад,  мамлакат тавонист, ки то  ба маҷрои осоиштагӣ ва музаффариятҳои бунёдкорӣ ворид гардад.
Дастовардҳои  бузургу  ҳамаҷониба  фарогири  давраи  истиқлолияти  комили  ҷумҳурӣ,  ки амалан  дар  асоси  қарорҳои  Иҷлосияи XVI,   хоссатан таҳти  роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омаданд, дастоварди бузургу бесобиқаи таърихи муосири миллат ҳисоб меёбанд.      
 
Ҳайдаршо ПИРУМШО, узви вобастаи АМИТ, профессор
Санаи нашр: 06.08.2024 №: 148-149
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив