ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДДК. АЗ ИҶРОИ РИСОЛАТ ТО ДУРНАМОИ НЕК

ДДК. АЗ ИҶРОИ РИСОЛАТ ТО ДУРНАМОИ НЕК

08 август 2024, Панҷшанбе
53
0

 
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки яке аз куҳантарин муассисаҳои таълимии кишвар ҷиҳати омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ба ҳисоб меравад, хосса дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушду пешрафти бесобиқа касб намуда, бо татбиқи иқдомҳои судманди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои рисолати муқаддасу пуршараф гомҳои устувор бармедорад. Аз ҷумла, тайи чанд соли охир, новобаста ба шароити мутаҳаввили ҷаҳони муосир, таъсири чолишҳои асри иттилоот ба низоми илму маориф, ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мавқеи сазовори хешро нигоҳ медорад. Суҳбати хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо Раҳмон Дилшод Сафарбек, ректори ин Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар бораи фаъолияти илмиву таълимӣ ва дастоварду дурнамои ин боргоҳи илму маърифат мебошад.
– Муҳтарам Дилшод Сафарбек, воқеан, тайи чанд соли охир Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар табдил ёфтааст. Мехоҳам, суҳбатро аз фаъолияти раёсат ва омӯзгорону донишҷӯёни ин таълимгоҳ оғоз бубахшед. Яъне, кору омӯзиш дар ин боргоҳ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
– Бо ибрози шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватани азизу маҳбуб, неъмати ҳувиятбахше чун истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъии халқи кишвар ва сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин фурсат зарур мешуморем, ки атрофи дастовардҳои Донишгоҳ дар шаш моҳи соли ҷорӣ сухан дар миён бигзорем. 
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, аз ҷумла бо назардошти таҳлилу масъалагузориҳояшон дар мулоқотҳои таърихӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (09.03.2024), бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024), ҷиҳати тақвияти ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии аҳолӣ бобати риояи меъёрҳои қонунгузории миллӣ, посдории  арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорон, тақвияти заминаҳои моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии муассиса, ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ, кашф ва парвариши насли ихтироъкор, таъмини ҳамгироии илм бо истеҳсолот, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, тадбирҳои омодасозии шогирдон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ иқдомҳои судманду бороварро роҳандозӣ намудааст.
– Татбиқи Стратегияи рушди Донишгоҳ алҳол дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Бо назардошти талаботи бозори меҳнат, беҳтарсозии вазъи таълиму тарбия, ҷалби бештари довталабон ба Донишгоҳ,  ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон, тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии таълимгоҳ, бунёди биноҳои нави таълимӣ, хобгоҳҳо барои донишҷӯёну омӯзгорон, такмили озмоишгоҳҳои мавҷуда ва ташкили озмоишгоҳҳои наву замонавӣ, рушди хоҷагии минтақа ва ҷумҳурӣ як қатор корҳо ба сомон расидаанд. Аз ҷумла, боиси нишоти афзуни коллективи Донишгоҳ аст, ки дар доираи тадбирҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншоотии ҳукуматӣ корҳои марбут ба бунёди бинои 8-ошёнаи наву замонавии таълимӣ ба ҷойи бинои 2-ошёнаи факултети омӯзгорӣ ва фаҳанг оғоз гардида, айни замон бартарафсозии бинои куҳна ҷараён дорад. Илова бар ин, тадбирҳои ҳамоҳангсозӣ ва расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ роҷеъ ба бунёди бинои 10-ошёнаи хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён бо тарҳи муосиру шароити муносиб ба анҷом расида, оғози корҳои сохтмонӣ дар назар аст.
– Саҳми устодону донишҷӯёни таълимгоҳ дар озмунҳои гуногуни таъсисдода чӣ гуна аст?
– Дар партави иқдомҳо ва тадбирҷӯиҳои пайваста, заҳмати аҳлонаву пурсамари коллективи муътабари Донишгоҳ, натиҷаҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии ҳайати профессорону омӯзгорон, фаъолияти муассиса дар самти робитаҳои байналмилалӣ ва корҳои ободониву хоҷагидорӣ, дастовардҳои донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 қобили таваҷҷуҳ мебошанд.
Аз ҷумла, хурсандибахш аст, ки Шарофат Худойдодова, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ, устоди тахассуси рӯзноманигорӣ дар озмуни вилоятии “Неруи сухан” барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон аз рӯйи номинатсияи “Рӯзноманигори соҳибмактаб” ғолиб омада, барандаи ҷоизаи озмун ва дипломи дараҷаи 1 гардид. 
Сомонаи расмии муассиса дар номинатсияи “Беҳтарин сомонаи интернетӣ”-и озмуни мазкур ғолиби ҷойи аввал, барандаи ҷоизаи озмун, дипломи дараҷаи 1 дониста шуд.
Дотсентон Н. Комилов ва М. Мирсаидов дар озмуни байналмилалии “Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ-24” бо пешниҳоди тадқиқоти илмӣ дар бахши иқтисодиёт ғолиб ва медалу дипломи дараҷаи 1-ро соҳиб шуданд.
Қобили тазаккур аст, ки дастаи олимпии Донишгоҳ бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ ва 2 “Ифтихорнома” барои иштироки фаъолона дар Олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар бахши фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ҷойи дуюмро касб намуд.
Дар давраи шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” донишҷӯён фаъолона ширкат варзида, 21 нафар аз онҳо барои иштирок дар даври вилоятии ин Озмун роҳ ёфтанд. Дар давраи шаҳрии Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” низ донишҷӯён фаъол буданд ва 25 нафари онҳо барои ширкат дар даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” 11 нафар корманду донишҷӯ иштирок намуда, 5 нафари онҳо ҳуқуқи ширкат дар даври ҷумҳуриявиро пайдо карданд.
– Ба варзиш чӣ гуна таваҷҷуҳ зоҳир мегардад ва ҳам ба чӣ дастовардҳое дар ин соҳа ноил шудаед?
– Қобили зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ факултети алоҳидае бо номи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ амал намуда, раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва василаи солимиву сарафрозии миллат дар арсаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки дар ин муддат, яъне шаш моҳи соли ҷорӣ донишҷӯёни мо дар як қатор чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳриву донишгоҳӣ ширкат варзида, ба гирифтани 53 медал, аз ҷумла 8 медали тилло, 25 нуқра, 20 биринҷӣ мушарраф шудаанд.
– Фаъолияти Донишгоҳро дар самти муносибатҳои байналмилалӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Дар шароити кунунии таҳаввули рӯзафзуни сохтори иҷтимоии кишварҳо бар асари тараққиёти илму техника ва технологияи рақамӣ, тақозои такмили пайвастаи низому барномаҳои таълимӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра Донишгоҳ бо зиёда аз 106 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ҳамкории судмандро идома додааст, ки ба самтҳои табодули таҷриба, табодули дастовардҳои соҳаи таълим, табодули таҷриба дар соҳаи илм ва иштирок дар чорабиниҳои илмии якдигар ва ғайра равона шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ Донишгоҳ бо 6 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Тошканд, Донишгоҳи давлатии техникии Ӯзбекистон ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ва Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.С. Пушкин шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст.
– Имкон дорад, ки аз дурнамои фаъолият бигӯед? Яъне, чӣ тадбирҳо дар ин маврид андешида шудаанду иҷро мешаванд? 
– Тадбирҳои зерин бахше аз дурнамои фаъолияти Донишгоҳро ташкил медиҳанд: таҳияи нақшаи фаъолият барои соли таҳсили 2024-2025 бо назардошти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 28.12.2023) ва Стратегияи рушди Донишгоҳ, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузарондани баъзе ихтисосҳо, такмили мубодилаи академии донишҷӯён ва ихтисоси омӯзгорон дар донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои кишвар ва хориҷ аз он, таъсиси ихтисосҳои нав вобаста ба талаботи бозори меҳнат, мусоидат ба афзоиши шумораи ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ, нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, тақвият бахшидани дастаҳои олимпӣ ҷиҳати афзудани натиҷаҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, омодагӣ ба таҷлили шоистаи 80-солагии Донишгоҳ.
Албатта, амалӣ намудани ин дурнамо ба сифати таълиму тарбияи донишҷӯён, пешрафти дигар соҳаҳо ва такмили донишу таҷрибаи омӯзгорон таъсири неки худро мегузорад.

Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.08.2024 №: 151
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив