ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ СИНО. МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД ОЯНДАСОЗ ХОҲАД БУД!

НОҲИЯИ СИНО. МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД ОЯНДАСОЗ ХОҲАД БУД!

09 август 2024, Ҷумъа
59
0

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо мақсади иҷрои саривақтии амру фармон, қарорҳо ва нишондодҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фаъолиятро ҷоннок намуда, дар шаш моҳи аввали соли равон ба як қатор комёбиҳо ноил гашт. Корҳои муҳиму назаррас ба сомон расиданд. Ҳамин аст, ки нишондиҳандаҳо назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда афзуданд.

ДАРОМАДИ БУҶЕТИ НОҲИЯ АФЗУД
Тоҷиддин Саидзода Ниёз, раиси ноҳия, суҳбатро бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият” аз иҷрои нақшаи андозҳо ва буҷети маҳаллӣ оғоз карда, гуфт, ки моҳҳои январ-июни соли равон қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи контингенти умумӣ бештар аз 547 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд, вале дар ин муддат ба буҷет 619 миллион сомонӣ ворид гардид.  Ҳамчунин, буҷети маҳаллии ноҳия  ба ҷойи 228,4 миллион сомонии пешбинишуда, 237 миллион сомонӣ ворид гардид. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 219,4 миллион сомонӣ иҷро шуд, ки барои сари вақт маблағгузории муассисаҳои буҷетӣ, чорабиниҳои ҳаётан муҳими ноҳиявӣ, пардохти маблағи ҳисоббаробаркуниҳо ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона шудаанд.
Чуноне иттилоъ гирифтем, дар ноҳия 30751 нафақагир буда, талаботи моҳона барои пардохти нафақа 15 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки пурра сари вақт пардохт шуда, дар ин самт қарздорӣ ҷой надорад. 
Гузариш ба низоми ғайринақдӣ дар муассисаҳои буҷетӣ марҳала ба марҳала идома ёфта, барои анҷоми ҳисоббаробаркунӣ ба таври ғайринақдӣ 40 ҳазор корти “Фарогир”, 123 пос-терминал, 69 QR рамз таъмин аст. Ҷиҳати пурра ба низоми ғайринақдӣ гузарондани марказҳои савдо ва хизматрасонӣ мунтазам корбарӣ рафта истодааст. 

ПАЙРАВӢ АЗ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 
Ёрӣ ба ниёзмандон ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар бомуваффақият амалӣ мегардад. Дар пайравӣ ба ин иқдомҳои хайрхоҳона ва инсонпарварона дар арафаи иду ҷашнҳо 6322 оилаи ниёзманд, ятимон ва маъюбон ба маблағи ду миллион сомонӣ ёрии моддию молиявӣ гирифт, – иброз дошт раиси ноҳия.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Сино минбаъд ҳам бо ҷонибдорӣ аз сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат, сарфи назар аз иду ҷашнҳои миллӣ, ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз хоҳад кард.

КОМЁБИҲО ДАР СОҲАИ САНОАТ
Дар ноҳия 321 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки 72 намуди маҳсулоти ниёзи мардум истеҳсол мекунанд. Корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 907,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли рафта 123,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба хориҷи кишвар  ба маблағи 2,7 миллион доллари ИМА молу маҳсулот содирот шуд. Ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳри Душанбе 42 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда ҳар сол меафзояд.
Саноат яке аз соҳаҳои асосии истеҳсолӣ буда, ба рушди устувори иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим мебозад. Бинобар ин ва дар доираи Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026, дар ноҳия 24 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 1299 ҷойи нави корӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин раванд солҳои 2022 ва 2023 чордаҳ корхона бо 606 ҷойи кор ба истифода дода шуд, ки аз нақша зиёд мебошад. 
Соли равон дар ноҳия бунёди чор корхонаи саноатӣ бо 336 ҷойи кор дар нақша аст. Боиси ифтихор аст, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳия корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик” мавриди истифода қарор гирифт. 
Ба гуфтаи Тоҷиддин Саидзода Ниёз, соли равон шаш корхонаи дигар илова ба нақша бо 180 ҷойи кории нав сохта, ба истифода дода шуд. Қарор аст, то охири сол боз нуҳ корхонаи нави саноатӣ бо 545 ҷойи нави корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

КОРҲОИ СОХТМОНӢ ВА КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР АВҶАНД    
Таҳлили соҳаи сохтмон нишон медиҳад, ки ташкилотҳои ин соҳа аз ҳисоби маблағгузорӣ бо сармояи асосӣ ба маблағи 738 миллион сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонданд. Аз ҳисоби маблағҳои фондҳои асосӣ дар майдони 58 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ноҳия аз 15 километр роҳҳои сохташаванда, нуҳ километраш ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, дар ин давра бо ташаббуси сокинон ва соҳибкорон ҳафт километр роҳҳои дохилии минтақаву маҳаллаҳо мумфарш гаштанд. Дар ноҳия таъмири ҷории роҳҳо дар масоҳати 42 ҳазор метри мураббаъ ба нақша гирифта шуда, то ҳол нуздаҳ ҳазор метри мураббаъ аз таъмири ҷорӣ баромад, ки чилу панҷ дарсади иҷрои нақша аст.  
Барои вусъат бахшидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ ниҳолу дарахтони сояафкан 33 ҳазор бех, ороишӣ 38 ҳазор, мевадиҳанда 72 ҳазор ва бутта 240 бех шинонда шуд, ки се баробари нақшаи пешбинигардида мебошад. Инчунин, бо ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар талу теппаҳои мавзеи оромгоҳи Лучоб 10577 бех ниҳол шинонда шуд. Соли равон 1,8 миллион дона гул шинонда шуда, майдони 17 ҳазор метри мураббаъ майсазор гардид.       
Кӯчаи И. Сомонии ноҳия дар озмуни “Сайри гули лола” дар сатҳи шаҳр сазовори ҷойи аввал гардид. Соли ҷорӣ бунёди ду гулгашти замонавӣ дар кӯчаҳои Б. Ҳамдам ва Шамсӣ дар майдони 4200 метри мураббаъ оғоз гардида, то Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.

ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ  ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ  
Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда баҳри пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. 
– Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия нақша-чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ иборат аз 1217 чорабинӣ тасдиқ шуда, 571-тои он иҷро гардид. То имрӯз 138 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуд. Аз тарафи роҳбарони гурӯҳи корӣ дар кӯчаю маҳаллаҳо мунтазам бо мардум вохӯрӣ доир мегардад. Бовар аст, ки Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар ноҳия бо шаҳомати хоса таҷлил менамоем, – гуфт Тоҷиддин Саидзода. 

ХОНАНДАГОН ДАР ОЛИМПИАДАҲО 434 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД
Табиист, ки муваффақияти тамоми соҳаҳо аз пешрафти соҳаи маориф вобастагӣ дорад. Соҳаи маориф сол ба сол рушд карда, донишомӯзии мактаббачагон беш аз пеш боло меравад ва онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд. Боиси ифтихор аст, ки дар шаш моҳи аввали соли равон хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ бо гирифтани 37 медали тилло, 115 нуқра ва 282 медали биринҷӣ дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал шуданд. Таълимгирандагон аз озмунҳои байналмилалӣ 131 медал ва ноҳиявию шаҳрӣ 2134 ҷойи ифтихориро ба даст оварданд. Хонандагон дар озмуни довталабони аттестати аъло, медали тилло ва нуқра иштироки фаъолона дошта, соҳиби 19 медали тилло ва 266 хонанда гирандаи стипендияи президентӣ, раиси шаҳр ва ноҳия шуданд. 
Бо мақсади беҳтар намудани шароити таълим ва бартараф кардани  мушкили норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таҳсилотӣ, сохтмону барқарорсозии синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои нави таълимиро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор додаем. Дар ноҳия сохтмони шаш муассисаи миёнаи таълимӣ ва чордаҳ муассисаи томактабӣ бомаром идома дорад. То оғози соли хониш  чор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 4740 ҷойи нишаст дар як баст ва ду муассисаи томактабӣ бо 500 ҷойи нишаст бунёд меёбад.
  
ТО ЗАН БОСАВОД НАБОШАД...
Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масоили занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷиҳати татбиқи стратегияи давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор корҳо ба анҷом расиданд. 
Мувофиқи маълумот, дар ноҳия теъдоди занон чилу нуҳ дарсад, яъне зиёда аз 244 ҳазор нафар мебошад. Айни замон, 310 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда аст. Аз ҷумла, аз 25 минтақа ва 64 маҳаллаи ноҳия дар 25-тои онҳо занону бонувони муваффақ роҳбаранд ва аз чил вакили ноҳиявӣ сездаҳ нафараш  бонувон мебошанд. Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз 57 хизматчии давлатӣ сездаҳ нафараш зан буда, аз ин шумора панҷ нафар роҳбар аст.

ҲАРФИ БОВАРӢ
Тоҷиддин Саидзода, раиси ноҳияи Сино, пас аз зикри музаффариятҳои меҳнатии сокинони ноҳия гуфт: 
– Бовар дорам, ки сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Сино дар пайравӣ аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми босазои худро бештар аз ҳарвақта хоҳанд гузошт.
Дар ҳақиқат, тавре мушоҳида мешавад, имрӯз мардум сарҷамъ, бо дили гарм пайи ободии диёр камари ҳиммат бастаанд ва умед аст, ноҳияи Сино, ки яке аз ноҳияҳои калони шаҳри Душанбе мебошад, дар кӯтоҳтарин муддат боз ҳам ободтару зеботар мегардад.

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.08.2024 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив