ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОХТАР.  ШАҲРЕ, КИ РӮ БА РУШД ДОРАД

БОХТАР.  ШАҲРЕ, КИ РӮ БА РУШД ДОРАД

12 август 2024, Душанбе
13
0
Шаҳри Бохтар дар партави сиёсати созанда ва дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат тараққӣ карда, барои кору зиндагии сокинон боз ҳам шароити мусоид фароҳам меорад, – иброз дошт раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид Мубин.
 
Зимнан афзуд:
– Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ таъмин шуд. Аз ҷумла, рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, алоқа, сохтмон  ва савдо мутаносибан ба андозаи аз  105,7 то 138 дарсад  таъмин гардид. Имкониятҳои мавҷуда хеле зиёданд. 
Нақшаи қисми даромади  буҷет аз рӯи контингенти умумӣ 105 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 142,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки  нисбат ба нақша 5,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати якуми июни соли равон 12,9 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали соли равон 868,8 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Дар ин давра 23 корхонаи нав таъсис ёфт. 
Маҷмуи  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 154 миллион сомониро ташкил намуда, афзоиш ба 105,7 дарсад баробар гардид. 
Инчунин, аз 59 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ 45-тоаш нисбатан фаъолияти хуб намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта то панҷ баробар зиёд намудаанд.
Баҳри ноил гардидан ба ҳадафи чоруми олии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳр бунёди 17 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони сетои онҳо дар соли равон  пешбинӣ  гардида, то имрӯз ду корхона – ҶДММ “Коргоҳи дӯзандагии “Малика”   ва ҶДММ “Мустафо Бохтар” оид ба истеҳсоли хишти сементӣ ташкил шуд, ки аз ин ҳисоб 33 ҷойи нави корӣ фароҳам омад. 
Вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ  69,8 миллион сомониро ташкил дода, афзоиш 107 дарсад таъмин гардид.
Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иборат аз 300 банд тасдиқ шуда, бунёди 63 иншоот дар соли ҷорӣ пешбинӣ гардид, ки то имрӯз 21 иншоот ба истифода дода шуд.
Мавриди зикр  аст, ки тавассути дастгирии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид айни замон дар ҳудуди шаҳр аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ бунёди 28 майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз се майдончаи варзишӣ ва кӯдакона расман мавриди истифодабарии сокинон қарор гирифт.
Баҳри вусъат бахшидани корҳо дар самти таъмини тозагию ободонии шаҳр дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ 12 техника ва механизмҳои махсуси коммуналӣ, ҳамчунин, 200 маҷмуи қуттиҳои партовпартоӣ дастрас гардид. Бо мақсади танзими тартиби партовпартоӣ аз ҷониби шаҳрвандон айни замон корҳо оид ба васл намудани камераҳои мушоҳидавӣ дар нуқтаҳои партовпартоӣ ҷараён доранд.
Дар мавсими корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва дар доираи Озмуни  ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” дар кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳои шаҳр зиёда аз 27237 бех дарахтони ороишию ҳамешасабз ва беш аз 229,6 ҳазор гулу буттаҳо парвариш шуда истодаанд.  
Хонандагони шаҳр дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 271 медал гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 медал зиёд мебошад. Баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонони шаҳр ба 52 донишҷӯ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ стипендияи президентӣ ва ба 70 нафар стипендияи раиси шаҳр таъин карда шуд. 
Барои рушди варзиш дар шаҳр тамоми шароитҳо мавҷуданд. Дар ин давра варзишгарони шаҳр дар ҳайати 229 нафар ба  мусобиқаҳои байналмилалӣ ва  ҷумҳуриявӣ сафарбар гардида, 116 медал ба даст оварданд.  
Мавриди зикр аст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр толори варзишие, ки солҳои зиёд аз истифода берунмонда, ба таъмири асосӣ ниёз дошт азнавсозӣ шуда, тасмим аст, ки дар арафаи таҷлили Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад.   
Дар маҷмуъ, 432 маърака баргузор гардид, ки дар натиҷа 5 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд. То имрӯз дар асоси ҳалномаҳои суд се нафар қонунвайронкунанда ба маблағи 21820 сомонӣ ҷарима гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманд аз ҷониби шахсони саховатманд, ватандӯсту хештаншинос, инчунин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар арафаи иду санаҳои ҷашнӣ ба ашхоси ниёзманди аҳолӣ ёриҳои моддию молиявӣ ба маблағи зиёда аз 2,2 миллион сомонӣ расонда шуд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 12.08.2024 №: 153
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив