ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАНҶ ДАР МАСИРИ РУШД

ВАНҶ ДАР МАСИРИ РУШД

13 август 2024, Сешанбе
8
0
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ва сокинони шарафманди он ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас  пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва боз ҳам ободу зеботар гардондани диёри маҳбубашон пайваста дар талошанд. Натиҷаи ҳамин саъю кӯшишҳост, ки дар ноҳия ҳамаи соҳаҳо рӯ ба рушд ниҳодаанд, – иброз дошт Одинашо Мардзода, раиси ноҳияи Ванҷ.
Ӯ афзуд, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати малакат ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи чорабиниҳо иборат аз 122 банд бо маблағи 1 миллиарду 146 миллиону 722 ҳазору 260 сомонӣ таҳия ва тасдиқ гардид. Тибқи нақшаи чорабиниҳо, то таҷлили ин Ҷашни фархунда дар ноҳия таъмиру бунёди 122 иншоот дар назар аст. Айни замон 63 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ  116 лоиҳаро ба маблағи умумии 174 миллиону 485 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад.
Дар ноҳия, инчунин, ҳафт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 37 миллиону 644 ҳазору 680 доллари ИМА амалӣ мешавад. 
Мавриди зикр аст, ки соҳаи саноат дар ноҳия яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки солҳои охир соҳаи саноат дар ноҳия рушд карда, ба натиҷаҳои хуб ноил мегардад. Айни замон дар ноҳия нуҳ корхонаи саноатӣ ва зиёда аз 32 коргоҳи хурди истеҳсолӣ амал мекунанд. Дар нимсолаи якуми соли равон ду корхонаи хурд ба кор даромад. 
Дар мақомоти андози ноҳия 231 соҳибкори инфиродии бо шаҳодатнома ва патент фаъолияткунанда сабти ном шудааст. Аз ҳисоби онҳо  ба буҷети маҳаллӣ ва фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  218 ҳазору 276 сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  зиёд мебошад.
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ 254,1 километр роҳ, 30 пул ва 452 лӯлаи обгузарро таъмир ва нигоҳдорӣ менамояд. Ба муассисаи мазкур, тибқи нақша, дар нимсолаи якуми соли равон барои таъмир ва нигаҳдории роҳҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 157 ҳазору 238 сомонӣ ҷудо гардид. 
Хушбахтона, барои ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардондани роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Кулма таҷдиди ду қисми душвортарини он, яъне Шкев – Қалъаихумб ба масофаи 26 километр ба анҷом расида, таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ сарҳади ноҳияи Рӯшон ба масофаи 109 километр бо арзиши умумии беш аз ду миллиард сомонӣ оғоз ёфта, кор бо суръати баланд идома дорад. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ ва иҷрои қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзиро барои соли ҷорӣ, бо дарназардошти шароиту имконятҳои хоси ноҳия таҳия намуда, ҷиҳати таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои корами обӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ин аст, ки кишоварзони ноҳия дар майдони 1458 га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронданд. Ба ҳолати якуми июли соли равон кишти такрорӣ 3,5 гектарро ташкил медиҳад. Имсол сӣ гектар замин ҳамчун боғ ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид ва зиёда аз 65700 дарахт шинонда шуд, ки ин нишондиҳанда 110 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Омодагӣ  оид ба сари вақт тайёр намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Дар нақша аст, ки миқдори муайяни ангишт, ҳезум ва  сӯзишвории дизелӣ захира гардад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.08.2024 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив