ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТЗАЛ

ФУТЗАЛ

14 август 2024, Чоршанбе
6
0
Тими Тоҷикистон бо Қазоқистон бозиҳои рафиқона доир мекунад
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 барои гузарондани ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба шаҳри Остонаи Қазоқистон рафт.
Сармураббии тими миллии футзали кишвар Пайрав Воҳидов ба ин ҷамъомад 16 нафар – 3 дарвозабон ва 13 бозигарро даъват намудааст. Дарвозабон Фирӯз Бекмуродов бо сабаби беморӣ дар тамрини тими миллӣ иштирок намекунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Остона бо барандаи медали биринҷии Чемпионати Аврупо-2016 – тими миллии Қазоқистон, ки дар Чемпионати ҷаҳон-2024 низ ширкат хоҳад кард, рӯзҳои 22-юм ва 24-уми август дар маҷмааи варзишии «Сайран Арена» ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. 
 
 
 
МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА
Дурахши варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон
6-10-уми август дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб – шаҳри Абу-Дабӣ Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта (IMMAF) байни наврасони 12-17-сола баргузор гардид. 
Дар мусобиқа беш аз 900 варзишгари 45 давлат ширкат дошт. Дастаи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон (TAJMMAF) дар ин мусобиқа 23 медал: 6 тилло, 6 нуқра ва 11 биринҷӣ ба даст оварда, дар ҳисоби даставӣ дар ҷаҳон мақоми 2-юмро касб кард.
Медалҳои тиллоро Ҳалимҷон Давлатов (-31 кг), Муҳаммадалӣ Саъдуллоев (52 кг) миёни варзишгарони 12-13-сола, Абубакр Рустамов (40 кг), Абубакр Сатторов (57 кг), Усмон Назаров (77,1 кг) миёни варзишгарони 14-15-сола ва Муҳаммад Абдуллозода (77,1 кг) миёни варзишгарони 16-17-сола медали тилло ба даст оварданд.
Медалҳои нуқраро Нуршед Коватов (34 кг) миёни варзишгарони 12-13-сола, Ҳайдарҷон Қарабеков (44 кг) миёни варзишгарони 14-15-сола, Фарҳоди Давлаталӣ (52,2 кг), Муҳаммад Саидзода (56,7 кг) ва Сино Абуалӣ (83,9 кг) миёни варзишгарони 16-17-сола мушарраф гаштанд.
Умарҷон Файзалиев (34 кг), Акмал Собирзода (37 кг), Амир Собирзода (48 кг), Илҳом Ҳамидов (57 кг) миёни варзишгарони 12-13-сола, Ҳусейнҷон Баротов (40 кг), Умар Шарифов (48 кг), Ёсин Нурмаҳматов (52 кг) миёни варзишгарони 14-15-сола, Исмоил Зайниддинов (52,2 кг), Амруллои Амриддин (56,7 кг), Муҳаммадҷон Пиров (65,8 кг), Абдулло Шоев (90 кг) миёни варзишгарони 16-17-сола соҳиби медали биринҷӣ шуданд.
 
 
 
БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Панҷ намуди нави варзиш дар Лос-Анҷелес-2028
Бозиҳои навбатии олимпӣ, ки соли 2028 дар Лос-Анҷелеси ИМА баргузор мешаванд, панҷ намуди нави варзишро дар бар мегирад.
Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах изҳор дошт, ки чунин интихоб ба фарҳанги варзишии Амрико мувофиқ аст, варзиши барҷастаи Амрикоро дар ҷаҳон намоиш медиҳад ва, ҳамзамон, варзишҳои байналмилалиро ба Иёлоти Муттаҳида меорад.
“Ҳарчанд Олимпиада дар замони муосир як анъана аст, ин маънои онро надорад, ки рӯйхати намудҳои варзиш дар барномаи он ҳамеша як хел бошад. Дар Париж-2024 мо намудҳои навро дидем, ба монанди брейкданс, кросс дар қайиқронӣ ва баскетбол 3х3, мавҷбозӣ, скейтбозӣ, шӯхпаймоии варзишӣ пас аз Токио-2020 такрор шуданд ва дар Лос-Анҷелес-2028 низ хоҳанд буд. Бокс бояд як ҷузъи ҷудонашавандаи Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес ба ҳисоб мерафт, аммо ҳоло ояндаи он номаълум боқӣ мемонад, зеро баҳс миёни КБО бо Ассотсиатсияи байналмилалии бокс идома дорад. 
Бейсбол/софтбол дар Токио-2020 буд, аммо дар Париж-2024 такрор нашуд. Соли 2028 тамошогарон дар саросари ҷаҳон метавонанд, бозгашти се намуди таърихии варзишро бубинанд: бейсбол, крикет ва лакросс. Ду риштаи дигар бори аввал шомили барномаи олимпӣ гашт: флаг-футбол (як шакли футболи амрикоӣ) ва скваш.
Крикет аз соли 1900 ва лакросс аз соли 1908 дар барномаи олимпӣ набуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.08.2024 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив