ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Дар банди 26) қисми 1, банди 3) қисми 2 моддаи 189 ва зербанди х) банди 1) қисми 2 моддаи 204 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №12, қ.1. мод. 681; c. 2022, №1-3, мод. 18; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022, №1934) калимаҳои «Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба калимаҳои «Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур 3 моҳ пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 1956
Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 18 январи соли 2023, № 968
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 365