ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

19 август 2024, Душанбе
7
0
16-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК  “Барқи Тоҷик” тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Ҷамшед ва Абдуллозода Саидасрор ба вазифаҳои масъули ҳайати фармондеҳии Вазорати мудофиа ва Асозода Нуралӣ муовини якуми вазири кишоварзӣ таъин шуданд.
Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Маҳмуд мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Салимзода Салим сардори раёсати кишоварзии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Зулфия сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирзода Маҳмуд сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодирзода Сайазам сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арабзода Хуршед сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Таъмиру сохтмонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Тоҷиддин муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Собирзода Фарҳод директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Мувофиқи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби расидан ба синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ Вализода Одинашоҳ аз вазифаи  сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуфатоҳзода Гулҷаҳон аз вазифаи сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гаштанд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Варзобу Тоҷикобод, муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Кӯшониён ва Леваканти вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳринав ва ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен ва Ашти вилояти Суғд ва директори гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти неру”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва дорои таҷрибаи роҳбарӣ таъин шуданд.
Зимни суҳбат бо кадрҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона, дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои давлату мардуми Тоҷикистон, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ, таъмини волоияти қонун, тарбияи кадрҳои ҷавон, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва баланд бардоштани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳидоят намуданд.
 
Санаи нашр: 19.08.2024 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив