ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НУРОБОД. ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ  СОҲИБИ ХОНАҲОИ НАВ МЕШАВАНД

НУРОБОД. ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ  СОҲИБИ ХОНАҲОИ НАВ МЕШАВАНД

19 август 2024, Душанбе
18
0
Вусъати корҳои сохтмонӣ, бунёди иншооти муосир, муваффақиятҳои кишоварзон ва дигар самтҳои пешбарандаи хоҷагии халқ бори дигар собит месозанд, ки айни ҳол дурдасттарин ноҳияҳо ҳамқадами замонанд.  Маркази маъмурии ноҳияи Нуробод – шаҳраки Дарбанд низ дар як муддати кӯтоҳ хеле дилрабо шуда, рӯ ба рушд овардааст. Ба хотири бештар огоҳ шудан ба омодагии нурободиҳо ба Ҷашни Рӯзи Истиқлоли давлатӣ суҳбате доштем бо Додарҷон Ҷобирзода, раиси ноҳияи Нуробод, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда мегардонем.
– Боиси  зикр аст, ки сохтмони шаҳраки Дарбанд, мувофиқи нақшаи тарҳрезишудаи Ҳукумати кишвар, ҳамчун шаҳраки замонавӣ солҳои 80-уми асри XX оғоз ёфта буд. Мутаассифона, бо сар задани носозгориҳои давр дар солҳо 90-ум як муддат бунёдаш мавқуф гузошта шуд. Хушбахтона, бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои Роҳбари кишвар корҳои созандагӣ дубора оғоз ёфта, марҳала ба марҳала биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва баландошёна қомат афрохтанд. Айни замон бунёдкориҳо ба шарафи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон босуръат идома дошта,  аз 233 иншооти ҷашнӣ то имрӯз 108-тоаш мавриди истифода қарор гирифта, дар 121 иншоот корҳои сохтмонӣ   идома доранд.  Мутаассифона, дар 4 иншоот кор то ҳол оғоз нагардидааст. 
Боронҳои шадиду пайдарҳами соли ҷорӣ ба мардуми минтақаи Рашт зарари ҷиддӣ расонд. Бар асари он як муддат рафтуомад дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Лахш қатъ гардид. Мардуми ноҳияи Нуробод низ зарари ҷиддӣ бардошт. Дар натиҷаи ин офати табиӣ дар деҳаи Яхаки Ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов 22 хона ба пуррагӣ аз байн рафт. Боиси зикр аст, ки дар он лаҳзаҳои душвор Сарвари давлат чун ҳамеша мардумро танҳо нагузошта, супориш доданд, то  зарардидагонро ба минтақаи бехавф кӯчонанд. Айни ҳол аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 22 хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Гардангаи деҳоти Хумдон идома дорад. Дар назар аст, ки хонаҳои истиқоматӣ  бо тамоми асбобу анҷоми рӯзгор дар рӯзҳои наздик ба зарардидагон супурда мешаванд. 
Зарари сел ба заминҳои корам низ расид, вале кишоварзон кӯшиш намуданд, ки ба хотири беҳ гардондани сатҳи зиндагӣ ҳосили хуб ба даст оранд. Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, тибқи ҳисоботи фаврӣ, дар майдони 3859,3 гектар кишти зироатҳо анҷом дода шуд.           
Яқин аст, ки рушди тамоми соҳаҳои пешбарандаи ҷомеа аз фаъолияти соҳаи маориф бастагӣ дорад. Соҳаи мазкур зери таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор гирифтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат иброз намудаанд: “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам”. Мардуми Нуробод низ сиёсати пешгирифтаи Роҳбари маорифпарварро пайравӣ намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониш чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар ноҳия ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас муассисаҳои таълимӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти умумии асосӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, ки дар маҷмуъ, 84 ададро ташкил медиҳад, фаъолияти хуб доранд. Ҳамчунин,  дар ноҳия Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, Коллеҷи муҳандисии техникӣ ва ду муассисаи томактабӣ ҷиҳати соҳибдониш намудани кӯдакону наврасон фаъолият мекунанд. Боиси хушнудист, ки давоми нимсолаи рафта ду муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ дар деҳоти Муҷихарф ва Ҳакимӣ бунёд гардид. Бо назардошти ин ҳама муваффақиятҳо, дар ин соҳа ҳоло ҳам камбудиҳои ҷиддӣ мавҷуданд. Тибқи маълумоти шуъбаи маорифи ноҳия, Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №73-и деҳаи Ғуломони деҳоти Сафедчашма дар се баст фаъолият дорад, ки барои таълимгирандагон мушкилӣ эҷод мекунад. Мутаассифона, имрӯз муассисаҳои таълимии ноҳия аз норасоии омӯзгорони  фанҳои забони англисӣ, русӣ, физика, химия, математика  танқисӣ мекашанд. Барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта аз ҳисоби ҷавонон, бахусус духтарон, дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари кишвар таваҷҷуҳи махсус равона гардидааст. Бовар дорем, ки бо кӯшишу дастгириҳои мардуми сарбаланд камбудиҳои дар ҳамаи соҳаҳо ҷойдошта марҳала ба марҳала ҳалли худро меёбанд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.08.2024 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив