ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

21 август 2024, Чоршанбе
4
0
«ҲОЛИ ТАБОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ. АЗ БЕБАРҚӢ ТО МУШКИЛОТИ ДИГАР» 
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мақолаи "Ҳоли табоҳи муассисаи таълимӣ. Аз бебарқӣ то мушкилоти дигар", ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 24-уми апрели соли 2023, №84, нашр шудааст, мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки айни ҳол дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 399 хонанда, ки аз ин шумора 200 нафарашон дар синфҳои 5 - 11 фанни технологияи иттилоотӣ меомӯзанд, таҳсил мекунад. Аз панҷ компютери корношоям, ки дар мақола ёдовар шудааст, сетоаш таъмир шуда, дутои дигараш то соли нави таҳсил таъмир мешавад. Инчунин, соли ҷорӣ дастрасии ду компютер аз ҳисоби маблағҳои буҷети Муассиса дар назар аст.
Дар МТМУ №31 мушкилоти норасоии ҷойи нишаст вуҷуд дошт. Бо мақсади ҳалли ин мушкилот, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва дастгирии ашхоси саховатманд дар назди Муассиса ду синфхонаи нав ба истифода дода шуд. Муассисаи таълимӣ аз ҳисоби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон таъмири саросарӣ шуда истодааст. 
Барои рафъи вазъи ногувори ин таълимгоҳ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои хариди 22-то миз ва 59 курсӣ ба маблағи 16 300 (шонздаҳ ҳазору сесад) сомонӣ сарф шуд. Айни замон дар Муассиса норасоии ҷойи нишаст дида намешавад.  
Хатти барқи таълимгоҳ ба трансформаторе, ки барои таъминоти аҳолӣ таъин гардидааст, пайваст буда, барқи озод надорад. Масъулони шабакаҳои барқи ноҳия сабаби хомӯш кардани барқро дар ҷорӣ намудани маҳдудияти барқ арзёбӣ намуданд.          
Масъалаҳои мазкур таҳти назорати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ва муҳайё намудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
 
Раиси ноҳия Н. МИРЗОЗОДА
Санаи нашр: 20.08.2024 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив