ДУШАНБЕ ОЛИМОНИ СОҲАИ ЧОРВОДОРИРО БА ҲАМ ОВАРД
Дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи чорводории Тоҷикистон, Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар шарикони хориҷӣ Конференсия – Фестивал-намоиши байналмилалии илмию амалии «Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди ҳисорӣ» баргузор гардид.
Дар ин бора, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Лоиқ Тӯйчизода, сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ иттилоъ дод.
Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиш рушди минбаъдаи соҳа ва тақвияти фаъолият дар парвариш ва селексияи зоти гӯсфанди ҳисорӣ, таҳлил ва инъикоси мавод оид ба ҳолати имрӯзаи зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷи дуру наздик, дастоварду натиҷаҳои илмию амалӣ ва таҷрибаҳои пешқадам дар самти беҳтар намудани минтақаи парвариши ин зоти гӯсфанд ва рушди устувори соҳа мебошад.
Тавре вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, дар ҷумҳурӣ, асосан, селексияи мардумӣ шуҳрат дошта, шахсоне, ки ба ин кор машғул буданд, давоми солҳои зиёд зотҳои беҳтарини чорворо ба вуҷуд оварданд. Зоти гӯсфанди ҳисорӣ, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, маҳсули селексияи мардумӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки то якуми августи соли равон дар кишвар чорвои майда зиёда аз 7 миллион сарро ташкил медиҳад, ки аз ин қариб 3 миллионашро навъи гӯсфанди ҳисорӣ ташкил медиҳад. Нақши гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар такмилдиҳии маҳсулнокии гӯсфандони зоти думбадор ва офаридани зотҳои нав дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон хеле калон буда, бо истифодаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар Тоҷикистон зоти гӯсфандони тоҷикии сергӯшту равған ва серпашм офарида шуданд.
Ҳамчунин, дар самти такмил додани хусусияти ирсию маҳсулнокии зоти гӯсфанди ҳисорӣ, олимони шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварии Институти илмию таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон корҳои илмию селексиониро оғоз намудаанд, ки то ҳол идома меёбанд.
Идомаи Конференсия – Фестивал-намоиши байналмилалии илмию амалии “Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди ҳисорӣ” 17-уми августи соли равон дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)