ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОҒУН. ШАҲРЕ ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

РОҒУН. ШАҲРЕ ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

21 август 2024, Чоршанбе
15
0
Бо мақсади ноил гардидан ба дастовардҳои арзанда, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025 таҳия ва бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун тасдиқ гардид, ки аз  88 лоиҳаи рушди хоҷагии халқ ба маблағи 204,8 миллион сомонӣ иборат мебошад. Давоми солҳои 2021-2024-ум 38 лоиҳа татбиқ гардида,  42,9 миллион сомонӣ аз худ карда шуд, ки 34,4 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша мебошад. 
Ин нуктаро Сунъатулло Саидзода, раиси шаҳри Роғун, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иброз дошта, таъкид сохт, ки дар нимсолаи якум аз ҳисоби маблағҳои нақшавии буҷети давлатӣ ва иловагӣ корҳои таъмирӣ, барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва тармими як қатор иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи умуми онҳо 4,4 миллион сомониро (тибқи нақшаи солона) ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти раиси шаҳр, дар ин давра аз тарафи соҳибкорон ва саҳми маҳал 9 иншоот, тӯйхона ва чойхона дар деҳаи Ҷавонӣ, нуқтаи таъмири нақлиёт ва мағозаи хӯрокворӣ дар деҳаи Қади Об, ду гӯшаи деҳқон дар кӯчаҳои Норакиён ва Сохтмончиёни шаҳри Роғун, чойхона ва тӯйхона дар деҳаи Шайдон, нуқтаи таъмир ва фурӯши нақлиёт дар маркази шаҳр аз ҷониби ҶДММ “Тоҷмоторс”, корхонаи истеҳсоли иҳотадеворҳои замонавӣ дар деҳаи Қалъаи Нав, кашидани хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Ҷавонӣ ба масофаи 6 км барои 130 хоҷагӣ ва мағозаи хӯрокворӣ дар деҳаи Сайдон ба маблағи 3 миллиону 228 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. 
Аз ҳисоби сармояи хориҷӣ се иншоот – кашидани хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Ҷавонӣ барои 110 хоҷагӣ аз ҷониби Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, чоҳи амудӣ дар деҳаи Қади Об ба маблағи 476,8 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Фонди Оғохон ва ҳоҷатхонаи замонавӣ дар деҳаи Майдони Нав ба истифода дода шуд. Инчунин, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ду иншоот – бинои маъмурии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт дар кӯчаи Ҷавонон ва бинои раёсати корҳои сементатсиёнии ҶСК «НБО Роғун» ба маблағи 6 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ, 14 иншооти таъиноташон гуногун ба маблағи 9 миллиону 904 ҳазору 887 сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 9 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун амалӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, лоиҳаҳои «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ», «Муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон», «Ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 (роҳи мошингарди Оби Гарм – Нуробод), қитъаи 1», «Кумаки техникӣ оид ба таҳияи сохтори маблағгузории лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ», «Интиқоли неруи барқ тавассути CASA-1000», «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ», «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» ва лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ», ки маблағи умумии азхудшуда 77,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо  20,4 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 108,  шир 100,7, тухми мурғ 101,1 фоиз таъмин гардид.
То имрӯз дар майдони 979,5 гектар, аз ҷумла 497,5 га ғалладонагӣ, 32 га зироатҳои техникӣ, 31,2 га сабзавот, 106,8 га картошка, 1 га полизӣ, 311 га алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорво кишт карда шуд, ки ин нишондод 100,3 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи якуми  соли  ҷорӣ  аз тарафи истифодабарандагони замин 18,5 га боғи нав бунёд ва 7 га боғи куҳна барқарор  шуд.
Саршумори чорвои калон 18728, моли майда 67577, паранда 30216, асп 439 сарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Инчунин, дар ҳудуди шаҳр 4185 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст, ки  нисбат ба соли рафта 166 оила зиёд аст.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф дар шаҳри Роғун 25 маротиба вохӯриҳо бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва волидайни онҳо оид ба интихоби касб ва имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷиҳати идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ташкил карда шуд. Дар натиҷа, дар нуқтаҳои сайёри бақайдгирии Маркази миллии тестӣ 345 нафар ба муассисаҳои таълимӣ барои идомаи таҳсил ҳуҷҷат супурд.
Барои иҷрои Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 дар муассисаҳои таълимии №9 ва №22 марказҳои инкишофи кӯдак, кабинети биология дар МТМУ №29 ва  кабинети инноватсионӣ дар маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Ҳамзамон, 3420 нусха китоби бадеии кӯдакона аз тарафи лоиҳаи USAID ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардид.
Дар асоси амру фармону супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ, тибқи қарори раиси шаҳри Роғун, таъсис дода шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун саъй дорад, ки нақшаву супоришҳои бауҳдагирифтаи хешро дар самти ободонию созандагӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани санаҳои таърихиву идҳои миллӣ сари вақт ба иҷро расонад ва дар баланд бурдани сатҳи зиндагиву рифоҳи мардум саҳми бориз гузорад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият» 
Санаи нашр: 21.08.2024 №: 160
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив