"САДОИ ҶАҲОНИ ҶАНУБ". МАРҲАЛАИ НАВ ДАР РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Ҳафтаи гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб”, ки ба таври маҷозӣ таҳти раисии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Тавре Хадамоти матбуоти Президенти кишвар иттилоъ медиҳад, дар Ҳамоиш, ки дар мавзуи “Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор” доир шуд, роҳбарон ва намояндагони зиёда аз сад кишвари дунё иштирок доштанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ин Ҳамоишро заминаи мусоид барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои гуногуни раванди рушди устувор ва дигар масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир дониста, кишварҳои Ҷанубро ҷиҳати муқовимат ба хавфу таҳдидҳои номбурда, мутобиқшавӣ ба онҳо ва мудирияти устувори захираҳои табиӣ ба амалҳои муштараки фаврӣ ва тадбирҳои дигари зарурӣ даъват намуданд.
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Проблемаи асосии кишварҳои ҷаҳони Ҷануб
Сарвари давлат дар баромадашон дар баробари вазъи ноустувори ҷаҳон, норасоии ғизо, афзоиши аҳолӣ ва қарзҳои молиявӣ, инчунин, ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Дарвоқеъ, тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ ва офатҳои табиат, буҳрони озуқаворӣ яке аз проблемаҳои асосии кишварҳои ҷаҳони Ҷануб гардидааст. Аз ин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тайи панҷ соли охир, мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар сайёра гашта истодаем. Тибқи гузориши коршиносон, июли соли 2024 ҳамчун моҳи гармтарин сабт гардид.
Ҷанг дар Ғазза ва вазъи ноустувори ҷаҳон
Субраҳманям Ҷайшанкар, вазири хориҷии Ҳиндустон иброз намуд, ки ширкаткунандагони ҳамоиш бештар ба вазъи ногувори Ғазза таваҷҷуҳ карда, аз кушта шудани аҳолии осоишта нигаронӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки вазъи фоҷиабори Фаластин имрӯз боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, Сарвари кишвар ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва музокироти мусолиматомез даъват намуданд. "Тоҷикистон бар он назар аст, ки татбиқи қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба таъсиси Давлати мустақили Фаластин ягона роҳи муассири ҳалли ин қазия мебошад", – иброз доштанд Пешвои миллат.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои СММ, теъдоди кушташудагон дар Ғазза аз оғози даргириҳо ба 40 ҳазор нафар расидааст. Волкер Тюрк, Комиссари олии СММ оид ба корҳои ҳуқуқи башар таъкид мекунад, ки аксари кушташудагон занон ва кӯдаконанд. Дар аксар маврид, ин вазъияти ғайричашмдошт аз беэътиноӣ ва риоя нагардидани қоидаҳои ҷанг аз тарафи артиши Исроил ба вуҷуд омадааст. Бар асоси маълумот дар 10 моҳи охир ҳар рӯз ба ҳисоби миёна тақрибан 130 нафар дар Ғазза мефавтад.
Ғайр аз ин, айни замон эҳтимоли паҳн шудани алангаи ин низоъ ба кишварҳои дигари минтақаи Ховари Миёна ҷой дорад. Дар робита ба ин Субраҳманям Ҷайшанкар дар иҷлосияи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои “Садои ҷаҳони Ҷануб” гуфт, ки кишварҳои ҷаҳони Ҷануб аз низоъҳо ва ташаннуҷҳои сершумори ҷаҳон бештар осеб дидаанд. Вай таъкид кард, ки тартиботи ҷаҳонӣ бо мушкилоти ҷиддие рӯ ба рӯ шудааст, аммо созмонҳои байналмилалӣ натавонистаанд роҳҳои ҳалли муносибе пайдо кунанд.
“Садои ҷаҳони Ҷануб” чӣ гуна платформа аст?
Аз оғози таъсиси худ ҳадафи асосии ин ҳамоиш ба ҳам овардани кишварҳои ҷаҳони Ҷануб (ба он кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар Африқо, Осиё, Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи баҳри Кариб шомиланд) барои мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои гуногуни ҷаҳонӣ мебошад. Инчунин, ҳадафи баргузории чунин ҳамоишҳо ин эҷоди овози ягона аст, ки метавонад ба равандҳои қабули қарорҳои ҷаҳонӣ таъсир расонад ва кафолат диҳад, ки масъалаҳои глобалии кишварҳои Ҷануб дар форумҳои байналмилалӣ ба мисли G20 ба таври дуруст ба назар гирифта шаванд.
Ҳамоиши якуми “Садои ҷаҳони Ҷануб” моҳи январи соли 2023 баргузор гардид, ки намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳони Ҷанубро ба ҳам овард. Ин нишаст як марҳалаи муҳим дар дипломатияи байналмилалӣ гардид. Ҳамзамон, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои изҳори назар ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Баргузории Ҳамоиши сеюми "Садои ҷаҳони Ҷануб", ки дар мавзуи “Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор” доир шуд, давоми мантиқии саммитҳои қаблӣ буда, ба ҳалли масоили мубрами кишварҳо равона гардидааст.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба як қатор масъалаҳо, аз ҷумла муноқишаҳо, буҳрони амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва тағйирёбии иқлим, ки ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ бевосита таъсир мерасонанд, зоҳир гардид. Бояд гуфт, ки ин мушкилиҳоро рӯйдодҳои ахири ҷаҳон, аз ҷумла муноқишаҳои давомдор ва оқибатҳои дарозмуддати пандемияи COVID-19 шадидтар карданд.
Кишварҳо бештар ба он таваҷҷуҳ карданд, ки ҷаҳони Ҷануб бояд дар ҳалли ин мушкилот нақши марказӣ дошта бошанд. Саммит барои роҳбарон барои табодули таҷриба, муайян кардани авлавиятҳои умумӣ ва пешниҳоди стратегияҳои рушди устувор платформа фароҳам меорад.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.08.2024 №: 161
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)