ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛӢ

БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛӢ

26 август 2024, Душанбе
3
0
23-юми август Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд. 
Бояд таъкид кард, ки намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ дар доираи сафа¬ри давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полизиҳо, меваҷот ва сабзавоти тару тоза, ба маъраз гузошта шуд. Илова бар ин, дар намоишгоҳ маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла нону кулчаҳои гуногуни кадбонуҳои ҳунармандро пешкаши меҳмонон наму¬данд. 
Дар маркази хизматрасонии “Дунёи ош” сарваро¬ни давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо таомҳои миллӣ, ба мисли намудҳои гуногуни ош, ки аз ҷониби ошпазҳо бо санъ¬ати баланд омода гашта буд, шинос шуданд. 
Баргузории чунин чорабиниҳо, аз қабили намоишгоҳҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва дигар тадбирҳои муҳим, агар аз як ҷониб шиносоии фарҳанги пурғановати бостонии тоҷикон ва муарри¬фии дастовардҳои ин миллати тамаддунофар дар солҳои соҳибистиқлолӣ бошад, аз дигар тараф, оми¬ли муҳими таҳкими дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон аст, ки бо ирода ва дастги¬рии сарварони ду давлат амалӣ мешавад.
 
 
Санаи нашр: 26.08.2024 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив