ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАШТ.  Марҳалаи нави рушд оғоз ёфт

РАШТ.  Марҳалаи нави рушд оғоз ёфт

26 август 2024, Душанбе
8
0
Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли равон гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар ҳаёт татбиқ намуда, ҷиҳати ноил шудан ба нишондиҳандаҳои назаррас саъю кӯшиш менамоянд. 
Дар ин давра аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо ба буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 113,8 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷои 19 миллиону 182 ҳазор сомонӣ, 21 миллиону 938 ҳазор сомонӣ ворид гарди¬дааст. Зикр бояд кард, ки уҳдадориҳои андозӣ дар ноҳия (нақшаи қисми даромадҳои худӣ бо андози иҷтимоии ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ) ба ҷои 23 миллиону 458 ҳазор сомонии нақша, 26 миллиону 410 ҳазор сомонӣ иҷро шудааст. 
– Дар ин муддат ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 352 миллиону 615,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 миллиону 220,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, – иброз дошт Заррина Идизода, раиси ноҳияи Рашт. Ӯ афзуд, ки бо мақсади фароҳам овардани замина барои рушди усту¬вори иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия корҳои му¬айян ба анҷом расида, ҷиҳати иҷрои нақшаву дурнамоҳои тасдиқгардида, инчунин, баҳри бартараф намудани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025 тасдиқ гардида, тибқи қарорҳои маҷлиси вакило¬ни халқи ноҳия, ба он тағйиру иловаҳо во¬рид шуданд. Барномаи мазкур 256 лоиҳаро бо маблағи умумии 393 миллиону 260 ҳазор сомонӣ ташкил медиҳад. Аз соли 2021 то нимсолаи аввали соли равон дар 202 иншоот корҳои сохтмону барқарорсозӣ идома ёфта, дар ҳаҷми 268 миллиону 291 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расиданд. Аз ин шумора 112 ин¬шоот мавриди истифода қарор гирифт. 
Нишондиҳандаҳои ноҳия оид ба ҷалби сар¬моя аз шарикони рушд дар сатҳи хуб қарор до¬ранд. Натиҷа ин аст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи “Чорводорӣ ва чарогоҳ” амалисозии лоиҳаи сармоягу¬зории “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар за¬минаи ҷомеа” ба 65 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ноҳия ба маблағи 3 миллиону 461 ҳазор доллари ИМА 389 техника ва мошино¬лоти кишоварзӣ, 1440 оилаи занбӯри асал, 640 сар мурғи марҷон, 47 сар чорвои калон ва 42 сар чорвои хурди зотӣ таъмин карда шуда, сохтмони 20 хатти оби нӯшоӣ ва полизӣ анҷом ёфт. 
Дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти хайриявии “Тоҷикистон” аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷӣ сохтмони биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №22-и деҳаи Ҳоит ва №39-и деҳаи Воринг, таваллудхона дар назди бе¬морхонаи минтақавии Ҳоит ва биноҳои нави дуошёна дар назди беморхонаҳои минтақавии шаҳраки Навобод ва деҳаи Нимич ба анҷом расида, бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин гардида, мавриди истифода қарор гирфтанд ва сохтмони бинои нави таълимӣ дар назди МТМУ №98-и деҳаи Мусофирон идома дорад. 
Инчунин, дар ҳамкорӣ бо Вазора¬ти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби маблағгузории Бонки осиёии рушд сохтмони бинои маркази хизматрасонии маҷмуӣ барои модару кӯдак ва таъмири асосии биноҳои беморхонаи марказӣ ва муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санита¬рии ноҳия бомаром идома доранд. 
Дар ноҳия ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. 
Ин аст, ки кишоварзони ноҳия барои ҳосили соли 2024 дар майдони 772 га кишти ғалладонаи тирамоҳӣ гузаронданд, ки дар қиёс ба соли гузашта 3 га зиёд аст. Нақшаи кишти ғалладонаи баҳорӣ низ барзиёд иҷро гарди¬дааст. Дурнамои кишти картошка дар сохто¬ри кишоварзии ноҳия 1600 гектарро ташкил медиҳад ва ба ҳолати имрӯза дар майдон 1655 га кишти картошка гузаронда шудааст. Майдо¬ни боғот дар ноҳия 4775 гектар мебошад ва аз ин 1606 гектар ба хоҷагиҳои кишоварзӣ рост меояд. Масъалаи ҳалталаб ин дар ҳолати ғайрикорӣ будани пойгоҳҳои обкашӣ ва ба таъ¬мир ниёз доштани каналу заҳбурҳост. Вобаста ба ин мушкилот, ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ мактуби расмӣ ирсол шуда, лоиҳаҳо таҳия ва пешниҳод гардидаанд. 
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт, шир, тухми мурғ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. 
Дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 21 миллиону 197,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 326,3 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Бо мақсади амалӣ намудани фармо¬ни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2022 “Дар бораи Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026” нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст, ки тибқи он, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарико¬ни рушд дар солҳои 2022-2026, бо назардош¬ти мавҷудияти ашёи хом, бунёди 21 коргоҳу корхона, аз ҷумла дар соли равон таъсиси 6 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ дар назар аст. 
Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба амалигардонии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2022-2026 ва барои са¬зовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳия ва бо қарори раиси ноҳия аз 3-юми марти соли 2022, №123 тасдиқ гардид, ки тибқи он, бо ҷалби бештари мардум ва соҳибкорону сармоягузорон сохта ва ба ис¬тифода супурдани 307 иншооти таъиноти гуно¬гун ба нақша гирифта шудааст. 
Бояд тазаккур дод, ки сохтмони бино¬ву иншоот дар маркази ноҳия, тибқи нақшаи генералӣ, бо назардошти биноҳои истиқоматии баландошёна ва бо ба инобат гирифтани тала¬бот дар маҳалҳо, сохтмони муассисаи таълимӣ, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоиву коммуникат- сионӣ роҳандозӣ мегар¬данд. Айни замон дар мар¬кази ноҳия сохтмони шаш бинои 5-ошёна идома до¬рад. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.08.2024 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив