ВМКБ. РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ШАРОИТИ ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНАИ МАКТАББАЧАГОН ЭРОД ГИРИФТ
Дар машварати назоратии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сардори раёсати маориф Аминҷон Мирзоқанд зимни гу¬зориш зикр кард, ки имсол ба ин масъала сари вақт омодагиҳо роҳандозӣ гардиданд. Тибқи қарори раиси вилоят рӯйхати кӯдакони ятим, кӯдакони бе падар ё бе модар, маъюб ва ё аз оилаҳои ниёзманд ва хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, тартиб дода шуда, ҷиҳати ҷалби ройгони онҳо ба лагерҳои истироҳатӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Ҳамин тавр, дар мавсими таътили тобистонаи имсола 439 на¬фар хонанда ба лагерҳои истироҳатӣ фаро гирифта шуд, ки 17 нафараш ятим, 303 нафараш кӯдакони бе падар ё бе мо¬дар, 49 нафараш маъюбон буда, 70 нафари дигарро ғолибони олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ ташкил медиҳанд.
Бо вуҷуди ин, бинобар гузориши раёсати Агентии назо¬рат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар ташкили истироҳати тобистонаи мак¬таббачагон роҳбарони кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳавии вилоят ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд. Онҳо дар рӯйхати истироҳаткунандагон, ки ба унвони муовини раиси вилоят пешниҳод кардаанд, аксарияти хонандагонро болаёқат, ятим, камбизоат нишон додаанд. Ҳол он ки зимни санҷиш маълум гардид, ки ҳолати воқеӣ дигар аст. Аз ҷумла, ошкор гардид, ки хонандаи яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе дар рӯйхати куми¬таи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи кишоварзии вилоят чун сокини ноҳияи Шуғнон ба истироҳат ҷалб гардидааст. Дар маҷмуъ, аз 26 хонанда, ки тибқи рӯйхати Кумитаи иттифоқи ка¬сабаи коркунони соҳаи кишоварзӣ ба истироҳат фаро гирифта шуд, танҳо панҷ нафар аз оилаҳои камбизоат буда, 21 нафари дигарашон фарзандони кормандони идораву муассисаҳои соҳа мебошанд. Аз ин теъдод 16 нафар аз шаҳри Хоруғ, 5 нафар аз ноҳияи Шуғнон, 2 нафар аз ноҳияи Роштқалъа ва як нафар аз шаҳри Душанбе мебошанд. Ба замми ин, ду нафар хонандаи номнависшуда (аз шаҳри Хоруғ) аз истироҳати ройгон худдорӣ кардаанд. Агар Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплек¬си агросаноатии вилоят, ақаллан, роҳхати ин ду нафарро ба шаҳри Хоруғ не, балки ба ноҳияи Дарвоз ё Ванҷ медод, чӣ кори хайре мешуд?!
Рӯйхати пешниҳоднамудаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии ВМКБ низ аз камбудиҳо холӣ нест. Ин Кумита барои фароғат дар истироҳатгоҳи “Саодат” рӯйхати 33 хонандаро пешниҳод кар¬да, онҳоро қобилиятноку ятим ва аз оилаи камбизоат қайд кар¬дааст. Аммо тавре санҷиши раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ муайян намуд, вазъи иҷтимоии бештари хонандагон та¬моман дигар мебошад.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер зимни баррасӣ ба ин масъала эроди ҷиддӣ гирифта, зикр сохт, ки масъулони чунин маъракаи муҳим дар фарогирии хонандагони МТМУ географи¬яи маҳалро дуруст риоя накардаанд. Чунончӣ, дар басти якуми истироҳати тобистона аз шаҳри Хоруғ 105 нафар хонанда, аз ноҳияи Шуғнон 49 нафар, вале аз ноҳияҳои Ванҷ 10, Ишкошим 6, Рӯшон 13 нафар хонанда ба лагерҳои асосии вилоят ҷалб шуда, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Дарвоз аз ин ғамхорӣ бенасиб мондаанд.
Мутаассифона, дар басти дуюм низ вазъият беҳтар на¬гардид. Масъулон сарфи назар аз таъкидҳои роҳбарияти вилоят, аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ ягон нафар хонандаро ба лагерҳои “Шабдез”-у “Саодат” ҷалб накарданд. Баръакс, шумораи истироҳаткунандагони лагерҳо аз мактабҳои шаҳри Хоруғ аз 105 нафари басти аввал ба 134 нафар расид.
Бо супориши раиси вилоят ҷиҳати саҳлангорӣ, хунукназарӣ ва бепарвоии кормандони кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои ка¬сабаи вилоят дар ташкили истироҳати тобистонаи мактабба¬чагон ба унвони кумитаҳои соҳавии иттифоқи касабаи кишвар ҷиҳати чораҷӯйӣ мактуби расмӣ ирсол гардид.
– Чунин беадолатиҳо аз як тараф дар ҷомеа нофаҳмиҳо ба миён меоваранд, аз ҷониби дигар ҳавасмандии хонандагонро ба донишомӯзӣ коста мегардонанд. Бинобар ин, пеши ин беадолатиро ҳарчи барвақттар гирифтан ва нисбати гунаҳкорон чораҷӯӣ кардан зарур аст, то дар оянда чунин камбудиҳо роҳ наёбанд,– ҷамъбаст кард раиси вилоят.
Раҳмон ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.08.2024 №: 163
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)