ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. БАРДОШТ АЗ МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОН

ВМКБ. БАРДОШТ АЗ МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОН

27 август 2024, Сешанбе
20
0
Дар шаҳри Хоруғ зери раёсати муовини раиси вилоят Нилуфар Асламшоева ва бо ҳузури вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода машварати августии омӯзгорон доир шуд.
 
Муовини раиси вилоят ва сардори раёсати маориф Мирзоқанд Аминҷон дар бораи вазъи соҳаи маориф, мушкилот ва масъалаҳои мубрам  маълумот  дода, ба  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан  Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои дастгириҳои ҳамешагӣ ҷиҳати пешрафти соҳа дар вилоят изҳори миннатдорӣ намуданд.
Раҳим Саидзода аз авлавиятнок будани соҳаи илму маориф дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар ва хизматҳои бесобиқаи анҷомдодаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин росто таъкид намуд. 
Дар баробари ин, вазир аз ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар сифати таълиму тарбия, таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъмини саривақтии мактаббачагон бо либоси мактабии тавсиявӣ, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ ва дигар масоили ҳалталаби соҳа дар вилоят изҳори нигаронӣ кард. Зикр гардид, ки дар вилоят беш аз 17 ҳазор кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ бояд фаро гирифта шаванд, вале  ин нишондиҳанда ҳамагӣ 24,7 фоиз таъмин мебошад. Фарогирӣ ба муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Хоруғ нисбатан беҳтар буда, шумораи тарбиягирандагон дар онҳо  58 дарсадро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои пасттарин дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ба мушоҳида мерасанд: ҷалби кӯдакон ба кӯдакистону марказҳои инкишофи барвақтӣ  мутаносибан 13-14 фоиз мебошад. Мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо супориш гирифтанд, ки ҷиҳати  бартараф намудани камбудии ҷойдошта аз тамоми имкониятҳо истифода баранд. 
Ёдрас гардид, ки дар вилоят 313 мактаби таҳсилоти умумӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст ва дар онҳо 37 ҳазору 400 хонанда таҳсил дорад, ки ба онҳо 5 ҳазор омӯзгор дарс медиҳад. 
Раҳим Саидзода ба масъалаи сатҳи некуаҳволии муаллимон дахл намуда, иброз дошт, ки дар се соли охир маоши омӯзгорон 80 дарсад афзуд. Аз ин рӯ, дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои  Ҳукумат омӯзгорон бояд сифати таълиму тарбияро беш аз пеш беҳтар созанд. Вазир хотиррасон шуд, ки вилоят чанд сол пеш дар самти таълиму тарбия нишондиҳандаҳои хуб дошт, вале ҳоло ин пешравиҳоро  аз даст дода истодааст. 
Масъалаи риояи забони давлатӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр шуд, ки эҳтиром гузоштан ба он вазифаи муҳими ҳамаи кормандони соҳаи маориф ба шумор меравад. Дар иртибот ба ин, таъкид гашт, ки муоширату гуфтугӯ дар муассисаҳои таълимӣ тибқи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи забони давлатӣ” бояд танҳо бо забони давлатӣ сурат гирад. 
Раҳим Саидзода аз муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо даъват ба амал овард, ки ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии омӯзгорон, бахусус мутахассисони ҷавон, мусоидат кунанд. 
 
Раҳмон  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 27.08.2024 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив