ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚОДИРИ ҚОСИМ: “ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ”

ҚОДИРИ ҚОСИМ: “ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ”

29 август 2024, Панҷшанбе
37
0


 
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим маҷмуаи мақолаҳо ва хотираҳояшро бо номи “Пешвои сангаршикани миллатсоз” омодаи нашр намудааст. 
Муҳтавои  мақолаҳои   публитсистии   ӯ   посухи  арзанда  ба  навиштаҳои  заифонаи  душманону хоинони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Фаъолияти давлатсозӣ, сулҳоварӣ, инсонпарварӣ, ташаббусҳои таърихии байналмилалӣ, фаъолияти қонунгузории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи устувор гардондани таҳкурсии истиқлоли давлатӣ, бешубҳа, хеле бузург аст. Аз ин рӯ, Қодири Қосим нигоштааст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳам тавъаманд ва зикр менамояд, ки ҳар гоҳ аз истиқлолият ҳарф занем, корномаҳои Сарвари давлат дар роҳи ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, барқарории сулҳу ваҳдат пеши назар меоянд. Ҳамчунин, таъкид месозад, ки барои равшан гардидани моҳияти ба ҳам пайвандии мафҳумҳои Пешво ва Истиқлол мо бояд лаҳзае  “тобистони гарм”-и соли 1992-и кишвар, алалхусус шаҳри Душанберо ба хотир орем. Неруҳои ифротии руҳониёни аз дини мубини Ислом бехабар, демократҳои аз маъниҳои ин вожа ноогоҳ, маҳалгароёни бемаҳали бо шиори “миллати воҳид” мусаллаҳ, мансабхоҳони мутеи як маҳал, исломгароёни мактабҳои ифротии мамлакатҳои хориҷӣ, ҷудоихоҳон, бо пулу моли хоҷагони хориҷӣ тарҳи нобуд сохтани давлати моро кашиданд. Онҳо гумон доштанд, ки тоҷике ба мисли Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсуми нав пайдо намешавад. Бовар доштанд, ки ғайрат, ғурури Спитамен, Деваштич, Темурмалик ва Восеъ комилан гум шудааст. Хушбахтона, ба таври муъҷизавӣ 9 гурди ватансоз, 9 руҳи Шерак, Спитамен, Маздак, Рустам, Деваштич, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода дар симои як ҷавони ҳамон шабу рӯз чорумин даҳсолаи ҳаётро пешвозгиранда, инқилоб кард. Руҳи бузургон паҳлавони арсаи сиёсат Эмомалӣ Раҳмонро ба ин миллати бостонӣ дар Қасри Арбоб ҳадия намуд.
Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тифли яксолаи Истиқлолро аз вартаи марг наҷот дод. Неруҳои бадхоҳ ва исёнгар бори дигар кӯшиш карданд, ки бозиҳои пасипардагии сиёсиро идома диҳанд ва сенарияи нобудсозии Тоҷикистонро аз нав таҳия ва тарҳрезӣ намуданд. Аммо коргардони тақдири халқ ва корсози нави Тоҷикистон, аллакай, аз тамоми асрори табаддулотгароии онҳо огоҳ буданд. Марди сангаршикани ҷонфидо Эмомалӣ Раҳмон зимоми идораи давлатдориро ба таври қавӣ ба даст гирифтанд. Ҳоло барҳақ ин санаи таърихӣ чун таҳкурсии оҳанину устувори истиқлоли давлатӣ маҳсуб мегардад. Агар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намегардиду Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст намегирифтанд, шояд номи Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон зудуда мешуд.
Дар нахустин муроҷиати расмиашон Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор доданд, ки ҳеҷ ягон қувва наметавонад, истиқлол, озодӣ ва шуҳрати таърихии тоҷиконро коста гардонад. 
– Дар бобати ҷараёни сулҳофарии Роҳбари кишвари мо муаррихону публитсистон асарҳо ва таҳқиқоти ҷолибро анҷом додаанд, – менигорад Қодири Қосим. – Воқеан, ба дурустӣ, ки дар мавриди сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳои миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ модели нави муассири сулҳофариро кашф ва пешкаши сулҳхоҳон намуданд. Ин сулҳест, ки маъруфтарин муборизони сатҳи ҷаҳонӣ Патрис Лумумба, Мартин Лютер Кинг, Нелсон Мандела онро орзу доштанд. Агар сулҳи эҷоднамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғалаба намекард, алангаи ҷанг марзҳоро сӯзонда то ба дуриҳо мерафт. 
Дар ҳақиқат, вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии солҳои навадуми асри ХХ мушкил ва хатарнок буд, вале Роҳбари давлат барои наҷоти миллат, алорағми фишорҳо, суиқасдҳо ва монеаҳои зиёд, бо иродаи устувор, ҷасорати беназир ва фазилати ақлонӣ сулҳу оромию рушди бомаромро таъмин намуданд. Дар ҳоле ки як миллион берун аз хоки Ватан буду садҳо нафар дар сангари бемаънии ҷанг қарор дошту 6 миллион муҳтоҷи як бурда нон буд, Парчами истиқлолро Ҷаноби Олӣ то ба қуллаҳои Помир баланд бардоштанд.
Истиқлоли давлатӣ ба мо истиқлоли сиёсӣ дод ва ҳамин истиқлоли сиёсиро аз дасти мо неруҳои сеюм гирифтанӣ буданд. Сулҳи Пешвои миллат истиқлоли давлатӣ, сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишварро нигоҳ дошт. 
Имрӯз даҳҳо созмонҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ, байналмилалӣ, минтақавӣ моро ба расмият мешиносанд, дар 134 давлати дунё ва ташкилотҳои байналмилалӣ Парчам ва Нишони давлатии мо аз истиқлолият ва давлати томи тоҷикон навиди муборак медиҳанд.
Сиёсатмадорон ва ҷомеашиносон вазъи Тоҷикистонро сӣ сол пеш ба давлати Афғонистон шабеҳ дода, қотеона барои барқарор шудани суботи умум  гузашти 20 солро пешгӯӣ мекарданд. Пешвои миллат роҳи бистсоларо дар ду сол тай заданд, соли 1994 халқ Конститутсияи нав ва дар асоси он Президенти Тоҷикистонро интихоб намуданд. 
Парламенти даврони соҳибистиқлолӣ низ бо ҷаҳду талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сохтори нав ба халқ наздиктар шуд. Парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари намояндагию қонунгузорӣ дар ташаккули равобити байнипарлумонию муносибатҳои хориҷӣ, ки ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд имкони васеъ фароҳам меоранд, саҳми арзанда мегузорад. 
Имрӯз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳар бинандаи бо ақлу хирадро ба ҳайрат меорад ва ӯ аз сидқи дил, бо амри виҷдон мегӯяд, ки зиҳӣ тоҷику тоҷикистонӣ, ки ин қадар шаҳру шаҳракҳо, роҳҳои байналмилалӣ, пулҳо, неругоҳҳо, корхонаю коргоҳҳо, варзишгоҳҳо, коху қасрҳо, мактабу донишгоҳҳо, беморхонаҳои беқиёс, гулбоғу хиёбонҳо бунёд намудаед. Бале, ҳамаи созандагиҳои мо бо номи Сарвари давлат вобастаанд ва инро мардуми сипосгузори кишвар ба хубӣ медонанд ва ба хизматҳои ӯ арҷ мегузоранд. Агар ба таърихи ҳамаи давлатҳои пешрафтаи дунё назар афканем, мардумаш ба роҳбарони адолатпарвар номҳои шоиста мегузоранд. Дар Тоҷикистон ҳам, ки як узви вобастаи ҷомеаи ҷаҳонист, ин анъана роиҷ аст. Бори нахуст пирамарди ишкошимӣ моҳи августи соли 2006 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди давлати мардумсолор бо мартабаи Пешвои миллат рӯ оварда буд. Ва ин хитоби таърихии ӯ ба кулли тоҷикони дунё писанд омад ва асос ба қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” гардид. Мартабаи Пешвои миллат ба мисли рамзҳои муқаддаси давлатӣ: Конститутсия, Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ барои ҳар нафари тоҷикистонӣ боиси ифтихор аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи тоҷикону форсизабонони дунё Пешво аст. 
Фирӯзии ҳаёти мо аз соҳибистиқлолист. Ба ҳамин далел дар Ҷашни панҷсолагии Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: ”Таҷлили санаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии одии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад”. Имрӯз ва дар ояндаҳо ҳам мо баҳри иҷрои ин дастури таърихии Сарвари давлат ҷадал хоҳем кард, – нигоштааст дар интиҳои боби якуми китоби “Пешвои сангаршикани миллат” вакили мардумӣ, Қодири Қосим. 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.08.2024 №: 166
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив