ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭҲТИРОМИ ПУЛИ МИЛЛӢ  ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ

ЭҲТИРОМИ ПУЛИ МИЛЛӢ  ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ

29 август 2024, Панҷшанбе
9
0
Чоп кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта) дар қонунгузории кишварҳо ҷинояти вазнин дониста шудааст. Мутаассифона, баъзан ашхос ё гурӯҳе кӯшиш мекунанд, ки бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардуми ноогаҳро ба доми худ андозанд. 
 
Сарфи назар аз он ки, аксаран, банкнотаҳои қалбакӣ сифати паст доранд ва агар аҳамият диҳем, сохта будани онҳо зуд маълум мешавад, бештар одамони калонсол ва сустбин фирефтаи амалҳои қаллобӣ мегарданд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 65 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо меъёрҳои худ арзиши номиналӣ, андоза, вазн, ороиш ва дигар хусусиятҳои пули коғазӣ ва тангаҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи пардохт мебошанд, муқаррар намуда, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои истифодаи пулҳои қалбакӣ ва дигар мавридҳо дар сомонаи бонк расмҳои пули миллӣ – сомониро бо шарҳи унсурҳои ҳимоявии он ҷойгир намудааст. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ низ бо мақсади шинос намудани муштариён бо лавҳаҳо ва намунаи (SPESIMEN) пули миллӣ таъмин гардида, дар сурати пайдо шудани пулҳои шубҳанок дар муомилот огоҳ карда мешаванд.
Як нукта боиси зикр аст, ки вақтҳои охир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба ҷой доштани ҳолатҳои истифодаи пулҳои сувенирӣ ё чиптаҳои шӯхӣ дар муомилот хабарҳо паҳн шудаанд. Дар робита ба ин масъала тазаккур медиҳем, ки бо вуҷуди дар чунин чиптаҳо истифода бурдани навиштаҷоти хусусиятҳои (андоза, ранг, тасвирҳо) пули миллии арзиши 100, 200 ва 500 сомонии барориши солҳои 1999 ва 2010, онҳо дорои ягон унсури ҳимоявӣ, аз ҷумла аломати обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, нахҳои ҳимоявӣ ва ҳимояи инфрасурх намебошанд. Ин гуна чиптаҳо дар принтери ранга нусхабардорӣ шуда, коғази он ба корхонаи чопи пул тааллуқ надорад. Аммо, ҳамзамон, ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки дар натиҷаи беаҳамиятии шаҳрвандон ин чиптаҳо ҳамчун воситаи муомилот истифода мешаванд.
Зикр бояд кард, ки масъулияти нигоҳ доштани сатҳу сифати пули миллӣ, инчунин, мубориза бар зидди сохтакории онро дар баробари низоми бонкӣ ҳар як шаҳрванди ватандӯст низ бояд ба уҳда дошта бошад. Эҳтироми пули миллӣ – эҳтироми давлату миллат аст. 
Бо мақсади сари вақт пешгирӣ намудани пайдоиши эҳтимолии пулҳои қалбакӣ аз ташкилотҳои қарзӣ ва муассисаҳои молиявӣ, корхонаю ташкилотҳо, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ даъват карда мешавад, ки тамоми чораҳои зарурии ташкилӣ, техникӣ ва назоратиро ҷиҳати гирифтани пеши роҳи ин амали зишт роҳандозӣ намоянд ва аз шаҳрвандон талаб карда мешавад, ки ҳангоми анҷом додани муомила ба сифату аслияти пули миллӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардан бо мақсади ба муомилот баровардан ё ба муомилот баровардани билетҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон, танга, ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъори хориҷӣ, ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ  бо асъори хориҷӣ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то понздаҳ сол пешбинӣ гардидааст.
Инчунин, моддаи 540 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои реклама истифода кардани тасвирҳои пулҳои коғазии асъори миллӣ ё ҳама гуна маҳсулоти нимтайёри ин тасвирҳоро, ки аз рӯйи хусусиятҳояшон (ҳаҷм, ранг, тасвир) дар муомилот мумкин аст ба сифати пулҳои коғазии аслии асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шаванд, манъ намуда, барои ашхоси гунаҳкор аз ҳафт то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин намудааст.
Шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки дар сурати ошкор ё мушоҳида шудани пулҳои аслияташон шубҳанок ба сохторҳои қудратӣ хабар диҳанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.08.2024 №: 166
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив