ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ 

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ 

30 август 2024, Ҷумъа
3
0
30-юми август Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
 
Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Беларусро бо рӯйдоди хотирмон – ҷашни 70-солагияшон самимона табрику шодбош гуфта, ба муҳтарам Александр Лукашенко сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин ба нафъи мардуми дӯсти Беларус орзу намуданд.
Зимнан, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созандаи муҳтарам Александр Лукашенкоро дар ҷодаи густаришу таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Беларус махсус таъкид карданд.
Санаи нашр: 30.08.2024 №: 167
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив