ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

30 август 2024, Ҷумъа
42
0
ПАЖӮҲИШИ АҶИБ
Зане писарчаашро ба боғчаи кӯдакон бурд ва то қабули роҳбарият аз он дидан намуд. Пас аз лаҳзае занро даъват карданд, то назди роҳбари муассиса даромада, бо шарту шароити боғча шинос шавад. Даромадан замон, зан гуфт: «Боғчаатон хеле зебо ва замонавӣ будааст. Мехоҳам фарзандам ин ҷо бимонад».
– Хуб, – афзуд мудир, – бо шартномаи мо шинос шавед.
Зан бо дидани сатри поёнии варақ ба тааҷҷуб афтода пурсид.
– Либоси маро чӣ мекунед? Ин чӣ гуна шартнома аст?
– Мудир оромона гуфт. Як пажӯҳиши илмӣ собит сохт, ки кӯдакон набояд якбора аз бӯи модар маҳрум шаванд. Ба ин хотир, вақти хоб рӯяшонро бо куртаҳои модарон мепӯшонем, то гумон кунанд, ки дар оғӯши модаранд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
ТАЪРИХИ ЯК ФОҶИА. ВУЛҚОНЕ, КИ 30 ҲАЗОР НАФАРРО ФУРӮ БУРД
Шаҳри Сен-Пйер, ки дар ҷазираи Мартиникаи соҳили баҳри Кариб ҷойгир буд, яке аз зеботарин мавзеъҳои ин макон ба ҳисоб мерафт. Вале 8-уми майи соли 1902 ҳашт километр дуртар аз ин шаҳр вулқони Монтан-Пеле фаввора зада, онро ба хок яксон кард. Ин офати даҳшатангези табиат тамоми аҳолии шаҳрро, ки зиёда аз 30 ҳазор нафарро ташкил медод, ба коми худ фурӯ бурд. Аз ин миён танҳо ду нафар зинда монду халос.
Зиндони зеризаминие, ки аз як хонаи тангу торик ва ҳавоногузар бо дару деворҳои сангин иборат буд, маҳбуси 25-сола Аугусте Кипариро аз марг наҷот дод. Нафари дуюм мӯзадӯз Леон Комперу Леандру, ки ҷони худро аз байни алангаи оташи даҳшатнок раҳо кардааст, чунин мегӯяд: «Агарчи сахт осеб дида бошам ҳам, хушбахтам, ки наҷот ёфтам. Ҷое, ки паноҳ бурдам, девори сангини хонаам буд. Он пеши роҳи оташро гирифт».
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
ДАФТАРИ ЗИНДАГИРО БОЯД ПОК НИГАҲ ДОШТ
Падар ба фарзандаш, ки вазифаи хонагиро тайёр мекард, гуфт:
– Чаро дафтарҳоят ҳама тозаву оростаанд ва дар онҳо калимаҳои зишту нописанд ва хатҳои зиёдатӣ нанавиштаӣ?
Писар бо тааҷҷуб гуфт:
– Охир, муаллим онҳоро ҳар рӯз мебинад ва баҳо мегузорад.
Падар гуфт:
– Дафтари зиндагиатро низ пок нигаҳ дор. Чун яке ҳаст, ки ҳар лаҳза онро мебинад ва баҳо мегузорад.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
СМС-ПАЁМАК 33-СОЛА МЕШАВАД
3-юми декабри соли 1992 дар ҷаҳон нахустин СМС-паёмак ирсол шуд. Аввалин СМС-ро муҳандис Нейл Папуорт, ки бо коркарди технологияи паёмҳои кӯтоҳи мобилӣ машғул буд, фиристод.
Ӯ барои санҷиш ба дӯсти худ, ки дар зиёфати Vodafon ширкат дошт, паёмаки «Соли нав муборак!»-ро навишт. То фарорасии Соли нав ҳоло қариб як моҳ монда буд, аммо Нейл ҳамон лаҳза надонист, ки чи нависад. Аз он рӯз дар ҷомеа забони нави муошират ба миён омад. Ҳар рӯз дар дунё миллионҳо СМС-паёмак навиштаву ирсол мешавад.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
ДИҚҚАТ, РУБРИКАИ НАВ!
КАЛОНТАРИН БИЁБОНҲОИ ОЛАМ
Тибқи маълумоти энсиклопедияҳо, биёбон минтақаи табиие бо фаунаи махсус аст, дар он ҷо наботот қариб мавҷуд нест. Калимаи «биёбон»-ро шунида, бисёриҳо дарҳол регҳои беохири Саҳрои Кибирро тасаввур мекунанд. Аммо Саҳрои Кибир калонтарин биёбони ҷаҳон нест. Пас биёбонҳои калонтарини олам кадомҳоянд? Ҷавоби ин суолро шумо аз рубрикаи навбатии “Шоми шанбе” пайдо хоҳед кард.
7. КАЛАХАРИ
Масоҳати биёбони Калахари 0,9 миллион километри мураббаъ буда, дар кишварҳои Намибия, Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ доман паҳн карда, то сарҳади кишварҳои Замбия, Ангола ва Зимбабве мерасад. Дар муқоиса бо биёбонҳои дигар, Калахари фаунаи гуногун дорад: шер, гӯрхар, зарофа ва гепард дар байни дигар ҳайвонот зиндагӣ мекунанд. Маънои калимаи Калахари «ҷойи беоб» буда, аз калимаи “kala” (ташнагии бузург) сохта шудааст.
 
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
 
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
КӢ САРВАТМАНДТАР:
Билл Гейтс ё газетфурӯш?
Вақте аз сарватмандтарин шахси дунё мепурсанд, ки: “Аз шумо доротаре ҳаст?” чунин як посухи аҷиб медиҳад:
– Замоне ки бепулу бешуҳрат будам, хостам аз дукон газет харам, вале чун ҷайбамро кофтам, маблағи казоӣ ёфт нашуд. Газетро баргардонда, аз ноилоҷӣ гуфтам, ки пули майда надорам. Фурӯшанда барои шумо бепул медиҳам гуфта, онро ба ман баргардонд. Расо баъди 12 сол ман соҳиби миллиардҳо шуда, пеши худ мақсад гузоштам, ки он нафарро ёфта, хизматашро ҷуброн мекунам. Баъди яку ним моҳи ҷустуҷӯ чун рӯбарӯи ҳам шудем, суол кардам, ки маро мешиносӣ? Гуфт бале, шумо Билл Гейтси машҳур ҳастед. Ва пурсидам, ки ёд доред он замон қиматтарин чиз барои ман – газетро туҳфа карда будед? Гуфт бале. Гуфтам омадаам, ки хизмататро баргардонам, ҳар чи мехоҳед, бифармоед. Ӯ дар посух гуфт: “Некии шумо наметавонад бо он чи ман кардам, баробарарзиш бошад. Зеро замоне ман ба шумо кумак кардам, худам низ камбағал будаму қудрати дасти касеро гирифтан надоштам. Агар имрӯз ёрии шуморо қабул ҳам кунам, аз рӯи адолат ҳисобҳои мо баробар намешаванд...”
Баъди шунидани ҳамин як сухани пандомез дарк кардам, ки газетфурӯш аз ман сарватмандтар аст, зеро ӯ дар қиёс ба ман интизор нашуд, ки кай бой мешавад, то дасти касеро бигирад.
Масал: Боигарии воқеӣ бо миқдори сарват не, балки табиати инсон чен карда мешавад, ки то чи андоза ба дигарон некӣ кардан мехоҳад.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
ШОИСТА БОЯД ЗИСТ, ТО…
Академик Дмитрий Лихачёв, ки як умр хизмати фарҳангу санъат кард, муаллими ахлоқу одоб низ буд. Ӯ ба мо ҳикмати зиндагӣ меомӯзад:
– Шоиста бояд зист, то бо варақ задани саҳифаи гузаштаи рӯзгор, ҳиҷолат накашӣ. Барои ин кифоя аст, ки хубу росткору дилкушод бошиву худхоҳиро аз сар дур кунӣ. Дӯстиро пос дориву аз расондани кумак ба дигарон хушҳол гардӣ.
Бояд бидонем, ки ҳаёт ҳам мисли эҷод аст. Аммо барои зиндагӣ кардан, шарт нест, ки инсон рассом, раққоса ё олим зода шавад.
Тарҷимаи М. ҚОДИРОВА
 
 
 
СОЯ ВА МАРГ
Як рӯзноманигори эронӣ ба шоири овозадор Ибтиҳоҷ Ҳушанги Соя, ки 90 сол дошт, чунин савол дод:
– Дар бораи марг меандешед ва ба он чӣ назар доред?
Посухи Соя басе оқилона буд:
– Чаро андешам аз марге, ки вақте омад, ман нестам ва вақте ман ҳастам, он нест!
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
«МУРДА»
Аз маҷлиси шурои олимон:
– Рафиқон, барои шаффофияти кори мову шумо пешниҳод дорам, ки хатмкунандагонро аз рӯи адолат ба категорияҳои алоҳида тақсим кунем.
– Чӣ хел категория?
– Фарзи мисол, шогирдони масъулиятшиносу бемасъулият ва сахиву «мурда»?
– «Мурда»-аш барои чӣ?
– Бовар намекунед, дирӯз як донишҷӯ барои имтиҳони давлатӣ ба ман ҳамагӣ 15 рубл додааст.
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ОДАТ
Дар утоқи судя:
– Шуморо мешиносам. Беҳамто буданатонро дар тарафҳои мо ҳам ҳама медонанд. Барои ҳамин метарсам, ки агар бандчаи пулро рӯи рост бароварда диҳам, таҳқир мепиндоред?
– Натарсед, мо ба таҳқири мардум одат кардаем.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
ҲАРРИ КЕЙН – БЕҲТАРИН ҲАМЛАГАРИ МУОСИР
Тавре сомонаи www.footboom1.com иттилоъ медиҳад, нашрияи британии Give me Sport рӯйхати понздаҳ ҳамлагари беҳтарини муосирро ба табъ расонд. Тибқи он, футболбози дастаи «Бавария» (Мюнхен) Ҳарри Кейн дар мақоми аввал қарор дорад.
Ҷойҳои дувуму сеюмро мутаносибан Эрлинг Ҳоланд ("Манчестер Сити") ва Килян Мбаппе ("Реал" (Мадрид)) гирифтанд.
Криштиану Роналду, бозигари «Ан-Наср» (барандаи панҷ «Тӯби тиллоӣ»), дар зинаи даҳум буда, дорандаи ҳашт «Тӯби тиллоӣ» Лионел Месси, умуман дар понздаҳгона нест.
Гуфта мешавад, ки коршиносони нашрия ба футболбозон аз рӯи теъдоди голҳо, пасҳои самаровар ва зарбаҳо, аҳамияти бозигар барои даста ва нишондиҳандаҳои инфиродӣ баҳо додаанд.
Фароҳамсоз Ш. ШОКИР
 
 
 
ВАҚТЕ МОДАР ПУШТУ ПАНОҲ АСТ…
Дар стадион 10 ҳазор тамошобин ҷамъ омадааст. Павел Воля, ҳаҷвнигори шинохтаи рус, рӯи саҳна аз телефон ба модараш занг мезанад:
– Модар дар ёд дорӣ, 20 сол пеш ман бо нияти ҳаҷвнигор шудан аз Пенза ба Москва роҳ гирифтам. Бо падару хоҳарам маро то вокзал гусел кардед. Ҳангоми хайрухуш маро дар гӯшае бурдаву оғӯш гирифтӣ ва ба чашмонам нигариста, гуфтӣ: «Аз ҳеҷ чиз натарс, писарам. Бирав. Ман туро дӯст медорам ва ба ту бовар дорам, ту муваффақ мешавӣ». Модарҷон, ман ҳоло ин суханҳоро дар пеши 10 ҳазор нафар ба ту мегӯям ва онҳо ба ту салом мерасонанд. Мебинӣ? Ман тавонистам! Ташаккур, ки ба ман бовар кардӣ, ин кафкӯбиҳо барои туст.
 
Тарҷимаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
ДУГОНИКҲОЕ, КИ
17 СОЛ ЯКДИГАРРО НАМЕШИНОХТАНД
Донишҷӯи гурҷӣ Элен Дейсадзе дар шабакаи TikTok профили духтареро бо номи Анна Панчулидзе мебинад, ки хеле шабеҳи ӯст. Пас аз чанд моҳи муошират, дугонаҳо огоҳ шуданд, ки дар асл онҳо дугониканд ва бо амри тақдир аз ҷониби оилаҳои гуногун ба фарзандӣ гирифта шудаанд. Ташхиси ДНК дугоник будани онҳоро тасдиқ кард. Онҳо 17 сол дар бораи ҳамдигар чизе намедонистанд.
«Мо дӯст будем, вале фикр намекардем, ки аз як оилаем. Ҳарчанд ҳисси муштараке байнамон вуҷуд дошт», – мегӯяд Элен.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
10 НӮШИДАНИЕ, КИ КАСРО ҶАВОН НИГОҲ МЕДОРАД
3. ШАРОБ
Фоидаи машрубот бо вояи кам барои бадани инсон хеле зиёд аст. Ҳанӯз олимон таъсири судманди машруботро ба зеҳни инсон дақиқ шарҳ дода наметавонанд, аммо онҳо ба як чиз итминон доранд – он тағйирот дар майнаи сарро, ки боиси камақлӣ ва парешонхотирӣ мегардад, пешгирӣ мекунад. Бахусус, барои муолиҷаи бемории алтсгеймер аз он зиёд истифода мебаранд.
Ба гуфтаи олимон, як истакон шароб барои занон ва ду истакон барои мардон ба саломатӣ хеле муфид аст. Вале истеъмоли миқдори зиёди машруботи спиртӣ таъсири комилан муқобил дорад: ҳатто, ба ҳуҷайраҳои майнаи сар зарар расонда метавонад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
ОЛМОН. ОЁ МЕДОНЕД?
1. Машҳуртарин намуди варзиш дар Олмон футбол ба ҳисоб меравад.
2. Калимаи дарозтарин дар забони олмонӣ “Donaudampfschifffahrtselektrizitätenhauptbetriebswerkbauunterbeamtengesellschaft” мебошад. Он аз 79 ҳарф иборат аст ва ба забони англисӣ “Danube steamboat shipping electricity main engine facility building sub clerk association” тарҷума мешавад.
3. Дар Олмон занон аз синни 65 ва мардон аз синни 67-солагӣ ба нафақа мебароянд
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
СУХАНҲОИ ПАНДОМӮЗ
Инсон то замоне зебост, ки қалбашро нашикананду фиребаш надиҳанду ҳаққашро поймол накунанд.
* * *
Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки дӯстон ва душманон ҷойи худро иваз карда меистанд.
* * *
Зебо будан хуб аст, аммо хуб будан, зеботар…
 
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
 
 
 
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
Оташи олимпии XXV Бозиҳои олимпӣ (Барселона-1992) тавассути тири камон аз ҷониби варзишгари паралимпӣ Антонио Реболо рӯшан шуда буд.
* * *
Дар XXIX Бозиҳои олимпӣ (Пекин-2008) Натали дю Тойти 20-сола аз Африқои Ҷанубӣ дар таърихи варзиши занон аввалин нафаре шуд, ки дар марафони шиноварӣ ба масофаи 10 километр ҳам дар бозиҳои олимпӣ ва ҳам паралимпӣ иштирок кард (Натали соли 2001 дар натиҷаи садамаи автомобилӣ пояшро аз даст дод).
* * *
Маросими ифтитоҳи XI Бозиҳои олимпӣ (Берлин-1936) бори аввал мустақиман тариқи телевизион намоиш дода шуд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
 
 
 
 
БОЗЁФТИ 8000 ҲАЙКАЛИ АСКАРОН
Соли 1974 дар наздикии кӯҳи Лишани Чин деҳқонон бозёфти аҷиберо дар шакли сари одам пайдо намуданд. Барои ташхис фавран гурӯҳи археологон ҷалб гардид. Дар натиҷаи кофтукоб, аз се аҳроме, ки зери замин пайдо шуд, 8000 ҳайкали аскарони тирандоз, пиёдагардону афсарон, акробатҳо, 520 ҳайкали аспони аробакаш ва 150 ҳайкали аспони тозӣ, ки аз хоки махсуси таркибаш аз оҳан бой (терракота) сохта шуда буданд, пайдо гардиданд. Муқаррар карда шуд, ки ин артиши сунъӣ барои муҳофизати асосгузори сулолаи Син Шихуанди тарҳрезӣ гардидааст. Ақидае мавҷуд аст, ки артиши мазкур тули 30 сол сохта шуда, барои офаридани он чандинҳазор усто заҳмат кашидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
РЕКОРДИ НАВИ РОНАЛДУ
Футболбози маъруфи португалӣ Криштиану Роналду дар шабакаи Youtube саҳифа боз кард ва танҳо дар як шабонарӯз шумораи пайравонаш ба беш аз 29 миллион, пас аз 6 рӯз ба 50 миллион расид.
Роналду нахустин нафарест, ки дар байни 12 соат ҳар се тугмаи шабакаи Youtube-ро сазовор гашт. Ба ӯ барои дар 22 дақиқа ҷалб кардани беш аз 100 ҳазор пайрав тугмаи нуқрагӣ, дар 90 дақиқа барои ҷалби 1 миллион тугмаи тиллоӣ ва дар 12 соат барои ҷалби беш аз 10 миллион нафар тугмаи алмосӣ тақдим шуд.
Наворҳои гузоштаи футболбозро аз 5 то 45 миллион нафар дидаанд, ки бесобиқа аст.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
 
 
РУБРИКАИ НАВ!
КӮЛҲОИ ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон дорои табиати гуногуну нотакрор буда, бо рӯду дарёҳои шодоб, қуллаҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим ва кӯлҳои афсонавӣ миёни сайёҳони хориҷӣ машҳур аст. Аммо боиси таассуф аст, ки на ҳамаи шаҳрвандони мо дар бораи ин зебоиҳо ва муъҷизаҳои табиати кишвар маълумот доранд. Масалан, дар Тоҷикистон чанд кӯл мавҷуд аст? Ҷавоби ин суолро, шояд, аксаран надонанд. Ҳатто, дар бораи ҷойгиршавии онҳо маълумот надоранд. Дар рубрикаи навбатӣ тасмим гирифтем, ки дар бораи кӯлҳои Тоҷикистон маълумот диҳем. Тибқи иттилои “Донишномаи озод” кишвари мо дорои 1800 кӯл аст, ки масоҳати умумии онҳо 1005 километри мураббаъ буда,
як дарсади ҳудуди мамлакатро ташкил медиҳанд.
ҚАРОКӮЛ
Қарокӯл калонтарин кӯли Тоҷикистон буда, дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст. Он дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр доман густурда, 33 километр дарозӣ ва 24 километр паҳноӣ дорад. Масоҳаташ 380 километри мураббаъ. Жарфии Қарокӯл ба 236 метр расида, дорои ҷазираҳои зиёд мебошад, ки калонтарини он (дарозиаш 8 километр ва бараш 4 километр) Шимолӣ ном дорад. Оби кӯл талху шӯр, вале хеле шаффоф аст. То 9 метр жарфиро метавон дид. Аз охирҳои моҳи ноябр то моҳи апрел сатҳи кӯл ях мебандад, ки ғафсии ҳадди ниҳоии он дар моҳи феврал ба як метр мерасад. Дар тобистон бошад, оби он то 12 дараҷа гарм мешавад.
 
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
АҶОИБОТИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
 
* Ягона саге, ки забони гулобиранг надорад, саги навъи “чау-чау” аст.
* Мушҳо назар ба одамон устухони зиёдтар доранд. (ба ин бовар доред?)
* Делфин калимаи юнонӣ буда, маънои «бародар»-ро дорад. Дар уқёнус, баҳру дарё 70 навъи ин ҷонвари қарин бо инсон мавҷуд аст.
* Дар об делфин дар як соат то 50 километр бошаст шино карда, ҳар як-ду дақиқа рӯйи об ҷаҳида, аз ҳаво нафас мегирад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
х х х
* Соли 1859 ба Австралия 24 заргӯш оварда шуд. Баъд аз 6 сол шумораи онҳо ба 2 миллион расид.
* Вобаста ба ҷусса гардани мурғобӣ аз гардани зарофа дарозтар аст.
* Баъзе аз кирмҳои лойхӯрак, дар ҳолати наёфтани ғизо, то 95 дарсади худро мехӯранд.
* Тимсоҳҳо забонашонро бароварда наметавонанд.
* Фил аз муш ва занбӯр метарсад.
* Басенҷи ягона сагест, ки аккос зада наметавонад.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА
Санаи нашр: 30.08.2024 №: 167
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив