ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ НАХУСТИН ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНГИРӢ

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ НАХУСТИН ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНГИРӢ

02 сентябр 2024, Душанбе
22
0
30-юми август Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Нахуст, дар ошёнаи дуюми Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи обӣ»-и пойтахт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз осорхонаи навтаъсис боздид намуданд.
Дар осорхона ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих ва дастовардҳои соҳаи варзиши гӯштигирӣ то замони истиқлол ва баъди истиқлоли давлатӣ муаррифӣ шуд.
Сипас, Президенти кишвар дар толори бошукӯҳи маҷмааи варзишӣ дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ бо паёми шодбошӣ суханронӣ карданд.
Дар толор 3000 нафар иштирокдорони чорабинии бошукӯҳи варзишӣ, меҳмонон ва варзишгарон – намояндагони 63 давлати ҷаҳон, ҳузур доштанд.
Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маросими ифтитоҳи чорабинии варзишӣ, барномаи рангини фарҳангӣ барои меҳмонон ва иштирокдорони нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ дар ҳузури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯштии варзишгарон аз рӯйи чор вазн барои дарёфти пирӯзӣ дар марҳалаи ниҳоӣ сурат гирифт.
Тибқи нақшаи тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, хоса Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдориҳои ҳамешагии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз 28-уми август дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе, нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ оғоз гардид, ки то 31-уми август идома ёфт.
Дар ин чорабинии сатҳи баланд иштироки варзишгарони 63 давлат дар назар дошта шуда, қувваозмоиҳо аз рӯи вазнҳои мардон аз 65 то +95 кг ва миёни бонувон дар вазнҳои аз 52 то +70 кг баргузор гардид.
Макони баргузории Чемпионат Муассисаи давлатии “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муайян гардидааст.
31-уми август маросими ҷоизасупорӣ ва ҷамъбасти нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ доир шуд. Маблағи умумии ҷоизаҳо 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Мавриди зикри хос аст, ки ҷонвари нодири Тоҷикистон– бабри барфӣ (озодапаланг) рамзи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ пазируфта шуд.
Ҳадафи баргузории нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе, ки тавассути дастгириву пуштибонии Ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани таърих, фарҳанг ва маданияти хоси миллати шарафманди тоҷик ва эҳёву рушди гӯштини миллии тоҷикӣ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар доираи баргузории нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ 29-уми август бо иштироки намояндагони 62 кишвари олам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  якдилона Президенти ифтихории Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ интихоб гардиданд.
Санаи нашр: 02.09.2024 №: 168
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив